Барои дастгирии фаъолияти бонувони соҳибкор сар аз соли 2006 дар ҳудуди кишвар Гранти президентӣ пешбинӣ шудааст, ки ҳар сол 80 нафар барои пешбурди тиҷорату ҳунар имкони то 40 ҳазор сомонӣ ба даст овардан дорад. Ин ёрмандӣ ба бонувоне нигаронда шудааст, ки қодиранд ҳам ҳаёти худ ва ҳам аз чандин занони бекорро беҳтар намоянд.
Доираи фаъолияти соҳибкории занон, ки Гранти президентӣ мегиранд, хеле васеъ буда, онҳо ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси коргоҳҳои хурди ҳунарҳои дастӣ, қолинбофӣ, парвариши чорвову парандаву моҳӣ, коркарди меваи хушк ва ғайраҳо шуғл меварзанд.
Яке аз муҳимияти ин иқдоми ғамхорона нисбат ба занон он аст, ки ба бонувони ҳунарманди маъюб таваҷҷуҳ зиёдтар мегардад. Нигина Икромова аз зумраи бонувони ҳунармандест, ки аз сесолагӣ аз пойи равон монд, аммо бо қалби саршор аз умед, орзуву ҳадаф, бо дастони пур аз ҳунар ва бо иродаи қавӣ тавонистааст, ки дар баробари худ ба садҳо нафарони маъюб умед бахшад, кумак расонад ва ҳунар омӯзонад.
Омӯхтану омӯзондан
- Қариб сӣ сол мешавад ба ҳунаромӯзию ҳунаромӯзонӣ машғулам, дар коргоҳҳои гуногун фаъолият кардаам, бо шахсони зиёд рӯ ба рӯ шудаам, аз имконоту дастгириҳои Ҳукумати кишвар бонасибам. Чанд сол пеш хабар ёфтам, ки барои дастгирии бонувони соҳибкор Гранти президентӣ пешбинӣ шудааст. Соли 2022 дар озмун иштирок кардам ва, хушбахтона, соҳиби 20 ҳазор сомонӣ гардидам. Бо ин маблағ мошинҳои дарздӯзӣ, тахтаи дарсгузарӣ, дарзмолкунӣ, дарзмол ва ғайра харидам ва шогирдонро ба касбомӯзӣ ҷалб кардам, - мегӯяд Нигина Икромова.
Ӯ тавонист бо маблағи грантӣ панҷ касро ба шогирдӣ қабул кунад, ки аз инҳо се нафар маъюб аст.
- Ба шогирдонам дӯзандагиву тарроҳиро ройгон меомӯзонам. Мекӯшам, ки дар аввал онҳо дӯхтани куртаҳои одиро омӯзанд ва баъд дар сатҳи касбӣ ба корҳои бузургтар ҷалб мешаванд. Беҳтарин коре, ки ба ҳамтақдиронам карда метавонам, ба онҳо ҳунар додан аст. Ҳунарро касе аз дасти онҳо гирифта наметавонад. Ҳунар онҳоро мехӯронаду мепӯшонад. Ҳунар барои идомаи зиндагӣ ба онҳо умед мебахшад, - изҳор намуд ӯ.
Нигина Икромова пеш аз ғолиб омадан дар озмуни грантӣ дар хонааш ба кори тарроҳӣ шуғл дошт. Агарчи бисёр мехост ҳунарашро ба дигарон омӯзонад, имкон надошт. Набудани шароити техникӣ намегузошт, ки ба дигарон ёрӣ расонад, чун дастгирӣ пайдо шуд, дарҳол ҳадафашро амалӣ сохт…
Таҷриба андӯхтан
Нигинабону ҳунари дӯзандагиро аз модараш омӯхтааст. Дар он айём модар дарк сохт, ки барои духтараш аз дӯзандагӣ дида, ҳунари беҳтаре нест ва оҳиста-оҳиста омӯзишро оғоз кард. Бо мурури замон қаҳрамони матлаб касбро аз худ намуда, аз соли 1996 бо риштаву сӯзан, қаламу рангҳо сари кор дорад.
Соли 2001 ба Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон дохил шуда, соҳиби ихтисоси муҳосиб-аудит гардид. Ба Ташкилоти ҷамъиятии «Созмони занони маъюб «Иштирок» ба кор даъват шуда, ҳамчун мутахассиси кор бо ҷомеа фаъолият намуд.
- Кор дар Созмон бисёр хуб буд. Он ҷо ба кори дӯстдоштаам машғул будам. Ба боғчаву мактабҳо рафта, талқин мекардем, ки шахсони маъюбро ҷудо накунанд, якҷо бо онҳо бозӣ ва таҳсил намоянд. Худ медонам, ки дарди танҳоӣ чист ва аз одамон ҷудо мондан чӣ гуна мушкил аст, - ба ёд меорад Нигина.
Сипас, дар Ассотсиатсияи кумак ва дастгирии Ҷопон ҳамчун омӯзгори курси дӯзандагӣ барои маъюбон ва аъзои оилаи онҳо қариб 10 сол фаъолият бурд. Ба садҳо шахси маъюб дӯзандагиро омӯзонда, онҳоро соҳибному соҳибнон кард. Аз ҳама муҳим, ба чунин ашхос умед бахшид, то ки онҳо сарфи назар аз ноҷӯриҳои зиндагӣ, дар заҳмати офарандагӣ бикӯшанд.
Нигинабону ҳамчун тарроҳ аввалин намоиши либосҳояшро дар фестивали ҷаҳонии «Диёри ҳусн» бо номи «Ҳафт рӯзи келин» созмон дод. Барои беҳтар шудани сифати кор аз тарроҳи номвари тоҷик Мукаррама Қаюмова маслиҳат гирифта, либосҳои офаридаашро ҳам шахсони маъюб ва ҳам солим ба бар карданд. То ҳол зиёда аз даҳ намоиши либосҳояшро роҳандозӣ намудааст. Фарқияти намоиши либосҳои Нигина Икромова дар он аст, ки зиёдтар офаридаҳояшро маъюбон ба бар карда, ба намоиш бароянд.
Соли 2021 бо мақсади бештар омӯзондани ашхоси маъюб Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷилои нигин»-ро таъсис дод. Ҳамчунин, Нигина Икромова дар Коллеҷи санъати Тоҷикистон ба номи Аҳмад Бобоқулов дар риштаи коргардони овоз таҳсил дорад. Мегӯяд донистани нозукиҳои ин касб барои намоишҳои мудаш кумак мекунад.
Ҳ. ТОҲИРӢ