Дунёи рангини кӯдакон вуҷуди ӯро пур аз самимияту зебоӣ кардаанд. Қомати даврондидааш дар ҳалқаи тифлакони ноздона ҳанӯз болосту дилаш ҳамнаво ба набзи онҳо мавзун тапиш дорад. Мавлонбӣ Раҷабова 40 соли ҳаёти хешро ба насли наврас ва таълиму тарбияи онҳо бахшидааст. Бо самимияти афзун ба пешаи омӯзгорӣ дар даврони камолоти солӣ ҳам хастагиро эҳсос намекунад. Беш аз ҳарвақта бо шавқи афзун мешитобад ҷониби коргоҳи дӯстдоштаи хеш, ки беш аз 20 соли ҳаёташ дар ин даргоҳ сипарӣ шудааст.
- Ҳар бори аз вазъи саломатӣ шикоят бурдан, пайвандонам мегӯянд, ки акнун вақти истироҳат фаро расидааст. Ба андешаи онҳо ман аллакай рисолати касбии худро иҷро кардаам. Онҳо ғалат мекунанд. Ҳарчанд беш аз 40 сол аст, ки омӯзгорам ва шогирдони бешумореро таълим додаам, фикр мекунам он боз ҳам кам аст. Мардум бо умед таълиму тарбияи фарзандонашонро ба ман бовар мекунанд ва ин ба ман неру мебахшад.
Мавлонбӣ ҳар соати дарси хешро бо самим ва донишҳои нав ба нави муосир мегузарад ва дар симои кӯдакони хушбахти даврон бахти хешро мебинад:
- Солҳои бачагии мо, ҳарчанд шароити таҳсил душвор буд, зодмандон барои босавод шудани мо, 12 фарзанд, талоши пайваста кардаанд. Падарам, ки солҳои зиёд раиси деҳоти Шамсиддин Шоҳини ноҳияи Муъминобод буданд, мехостанд, то худашон дар тарбияи фарзандон намуна бошанд. То омадани падар аз кор тамоми дарсҳоямонро тайёр мекардем, ки дар вақти санҷиданашон баҳои аълоро аввал аз он кас гирем.
Сахтгирии волидон дар таълим буд, ки ҳама соҳибмаълумоту соҳибкасб ва дар зиндагӣ шахсони шоистаи ному мақоми ба худ хос гардиданд. Мавлонбӣ низ дар қатори бародарону хоҳарони худ ҳамеша аз падар таҳсину офарин мешунид. Пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба Институти педагогии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ супурд. Донишгоҳро бомуваффақият хатм карду риштаи ҳаёти ӯ бо ҷавони хушодобу доништалаб Ширинов Ҳабибулло пайваст.
Мавлонбӣ муддате дар МТМУ №33-и ноҳияи Восеъ фаъолият намуд ва сарнавишт оилаи ҷавонро ба пойтахт овард. Пешаи хешро бо дилгармӣ дар Душанбе идома дод. Аз соли 2003 то соли 2017 дар МТМУ № 3-и ноҳияи Фирдавсӣ муовини директор оид ба синфҳои ибтидоӣ буд.
- Ҳарчанд ба нафақа расидаам, намехоҳам тарки пеша кунам. Вақте ба кор меоям, аз саломи шогирдонам руҳу илҳоми тоза мегирам. Тули ин солҳо зиёд шогирдонро таълим додааму шукр мегӯям, ки имрӯз онҳо суроғам мекунанд. Фарзандони аксари шогирдонамро дарс додаам ва дар симои кӯдакон волидонеро мебинам, ки пушти партаи мактаб нишаста, суханҳоямро гӯш мекарданд.
Аз муаллим Мавлонбӣ дар бораи фарқи толибилми имрӯзу дирӯз ҷӯё шудем. Ӯ мегӯяд: «Солҳои пеш кӯдакон зеҳни тез доштанду дарсҳоро бо шавқи зиёд аз худ мекарданд. Баъзе аз шогирдон, ҳарчанд шароити хуби хондан надоштанд, китобҳоро аз рафиқони худ гирифта, дарсҳоро такрор мекарданду баҳои хубу аъло мегирифтанд. Кӯдакони имрӯз боҳушанду дар бораи бисёр чизҳо маълумоти фаровон доранд. Дарсро низ зуд аз худ мекунанду фаъоланд. Лекин нигарон аз онам, ки аксари кӯдакон хотираи мустаҳкам надоранд. Дарсҳои омӯхтаашонро зуд фаромӯш мекунанд».
- Ман аз тифлакон не, балки аз зодмандони онҳо каме озурдаам. Баъзе волидон бо асбобу аёнияти хониш ва техникаҳои ҳозиразамон фарзандонро пурра таъмин мекунанду барои бо онҳо якҷо кор кардан вақт намеёбанд. Аз маҷлисҳое, ки барои падару модарон мегузаронем, қариб 30 дарсад иштирок намекунанд ва серкории худро баҳона меоранд. Беаҳамиятии падару модарон дар ташаккули шуурнокии кӯдак зарари манфӣ мерасонад. Дар зинаи аввали таҳсил, ки нозуктарин марҳалаи омӯзиши илм аст, чор-панҷ соат дарси омӯзгор барои пурра аз худ кардани нақшаи таълимӣ барои кӯдак басанда нест. Зодмандон низ бояд ақаллан ду-се соат бо онҳо машғул шаванд, то фарзандонашон саводи кофӣ дошта бошанд, - изҳори нигаронӣ мекунад муаллим.
Бо дилсӯзӣ ба насли наврас дар вақти холӣ ва пас аз дарс бо шогирдоне, ки имконияти маҳдуд доранд ё қобилияти азхудкуниашон нисбат ба дигарон каме суст аст, машғул мешавад ва барои беҳтар омӯхтани дониш ба онҳо мадад мерасонад.
- Дар таҷрибаи кориам ҳастанд кӯдаконе, ки имкониятҳои маҳдуд ё қобилияти камтар доранд. Онҳо, ҳарчанд дар гирифтани дониш аз ҳамсабақонашон каме ақиб мемонанд, дар меҳрубониву изҳори муҳаббати хеш бесобиқаанд. Ҳатто онҳое, ки соҳибкасбу соҳибтахассусанд, бештар аз шогирдони аълохон ба суроғам меоянд ва изҳори сипос мекунанд, ки ин бароям хушбахттарин лаҳзаи умр мешавад, - меафзояд Мавлонбӣ Қурбонова.
Муаллим, ки дар таълиму тарбияи насли наврас мӯй сафед намуд, тавонист 5 фарзанди хешро ба камол расонад. Дар мактаб ба зиёда аз 30 кӯдак хондану навиштан меомӯзонад, муаллими хонагии наберагони дилҷӯ аст. Аҳли хонаводаи фарзандонашро низ барои гирифтани маълумоти олӣ ташвиқу тарғиб намуда, сунҳорҳояшро мисли духтарони дилбанди худ ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб кардааст. Аз он меболад, ки чун шамъи худсӯз роҳи ҳазорон нафарро рӯшан кардааст.
М. НАЗИРОВА