Даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон имконияти хуберо барои бонувони тоҷик фароҳам овард, ки онҳо метавонанд дар дилхоҳ соҳа фаъолияти самарабахш намоянд. Занон дар ҷомеаи Тоҷикистон 50 дарсади аҳолиро ташкил карда, онон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ нақши муассир доранд. Бонуи тоҷик, дар баробари модару ҳамсари хуб будан, боз тавониста, ки роҳбар, муҳандис, ронанда, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олиму омӯзгор, ҳунарманду соҳибкор, варзишгару рӯзноманигори хуб бошад. Барои тақвияти ин гуфтаҳо аз дастоварди бонувони ихтироъкоре мегӯем, ки Тоҷикистонро миёни давлатҳои зиёди дунё муаррифӣ менамоянд ва соҳиби медали тилло гардидаанд.
Форуми ихтироъкорони давлати Фаронса бузургтарин намоишгоҳи махсуси ихтироъ ва навоварӣ дар давлатҳои Аврупо буда, муҳимтарин дастовардҳои илмӣ ва инноватсионӣ ҳамасола дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ муаррифӣ карда мешаванд. Форуми мазкур бо сарпарастии Ассотсиатсияи ихтироъкорони Лаҳистон ва Президенти федератсияи ихтироъкорони давлатҳои Аврупо дар байни 40 давлати ҷаҳон баргузор гардид.
Сарпарасти форум Гюстав Эйфел навовару созанда ва шахсияти бузурги давраи саноатикунонӣ дар Аврупо аст, ки манораи бузурги Эйфели дар ҷаҳон машҳур аз ҷониби ин сарпараст тарроҳӣ ва сохта шудааст.
Форуми онлайнӣ бо эълони расмӣ дар таърихи 15–16 -уми ноябри соли 2023 доир шуд. Ихтирооти ба форуми «При Эйфел» пешниҳодшуда, аз ҷониби ҳайати ҳакамон, ки аз намояндагони бузурги илм ва саноат созмон дода буданд, баҳогузорӣ карда шуд.
Аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 3 ихтироъ аз ҷониби устодони факултети химия ба Форуми мазкур пешниҳод гардида буд. Аъзои ҳакамон ихтирооти ду бонуи тоҷик Муқаддас Қурбонова ва Саврибегим Ёрмамадоваро сазовори медали тилло ва ихтирооти Ҷаҳонгул Давлатшоеваро ба медали нуқра қадр карданд.
Муқаддас Қурбонова, номзади илмҳои химия, дотсент, мудири кафедраи усули таълими химия, бо ихтирооти худ дар мавзуи «Истифодаи хӯлаҳои алюминий бо бериллий дар саноати мошинсозӣ» иштирок намуд.
Муқаддас зодаи ноҳияи Ёвон буда, дар оилаи зиёӣ ба камол расидааст. Модар зиёд мехост, ки духтараш табиб бошад, вале ӯ, ки ба фанни кимиё завқи беандоза дошт, факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро интихоб намуд. Пас аз хатм бо хоҳиши устодон дар Донишгоҳ монда, ҳамзамон шуъбаи ғоибонаи аспирантураи Институти химияи ба номи В.И. Никитини АИ ҶТ (1999–2001)-ро хатм кард.
Вай аз зинаи лаборанти калони кафедра ба зинаи ассистент, дотсенти кафедра расид ва аз соли 2016 мудири кафедраи усули таълими химия мебошад. Муаллифи зиёда аз 110 мақолаю фишурдаи мақолаҳо, 2 китоби дарсӣ, 2 монография, 4 ихтироъ ва 6 дастури таълимӣ аст. Натиҷаи корҳои илмиашро дар маҷаллаҳои ватанию хориҷӣ чоп намудааст. Дорандаи Ҷоизаи олими ҷавони АИ ҶТ (2000), Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (2007) мебошад. Барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи забондониаш талош меварзад. Муқаддас Қурбонова оиладор, соҳиби ду фарзанд аст. Ёдовар мешавем, ки ин бонуи ихтироъкор соли 2022 низ дар Форуми байналмилалии занҳои ихтироъкори ҷаҳон дар шаҳри Сеули Корея иштирок намуда, сазовори медали тилло шуда буд.
Саврибегим Ёрмамадова, номзади илмҳои химия, дотсенти кафедраи химияи татбиқии факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Вай дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Муҳаббати фанни кимиёро муаллими деҳа дар дилаш ҷо намуд. Саврибегим хатмкардаи факултети химия ва аспирантураи ДМТ, номзади илмҳои химия, ходими илмии ИИТ ДМТ, дотсенти кафед¬раи химияи татбиқӣ, котиби Шурои олимони факултети химия ва раиси бонувон ва духтарони факултети химия аст. Саврибегим Ёрмамадова аввалин маротиба исбот намудааст, ки ҳангоми таъсири дибазол бо мис ва руҳ маводи доругии дибакупрол ва дибасинкат ҳосил мешаванд, ки ҳамчун маводи зиддимикробӣ истифода карда мешаванд. Дорандаи Шоҳҷоиза ва медали Занони ихтироъкори Ҷумҳурии Корея, медали тиллои ихтироъкорони Фаронса, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат», муаллифи 132 мақолаву фишурдаи маъруза, 7 патенту ихтироъ, монография, китобу дастур ва васоити таълимӣ мебошад. Зери роҳбариаш 4 нафар муҳаққиқ рисолаи номзадӣ омода намуда истодааст. Оиладор, соҳиби ду фарзанд аст.
Ҷаҳонгул Давлатшоева, номзади илми химия, дотсент, мудири кафедраи химияи физикӣ ва коллоидии факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дорандаи медали нуқраи ихтироъкорони Фаронса.
Ҷаҳонгул зодаи Бадахшон буда, дар оилаи омӯзгор тарбия гирифтааст. Соли 1984 ба факултети химияи ДМТ ҳуҷҷат месупорад. Чун донишҷӯи фаъол фориғ аз дарсҳо дар факултет ҳамроҳи устодон кор мекард. Донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуд, таълимдидаи аспирантураи кафедраи химияи ғайриорганикии Донишгоҳи давлатии Қазон мебошад. Рисолаи номзадияшро дар шаҳри Қазон ҳимоя намуда, соли 1994 ба ДМТ баргашт.
Ходими хурди илмии гурӯҳи илмии «Мушкилоти химияи координатсионалӣ ва экологӣ»-и кафедра, мудири озмоишгоҳи марказии Иттиҳодияи истеҳсолии заргарии шаҳри Душанбе, дотсенти кафедраи усули таълими химия, муовини декан оид ба корҳои илмӣ буд. Аз соли 2019 мудири кафедраи химияи физикӣ ва коллоидӣ аст. Корҳои илмии ӯ ба ҷараёни ташкилшавии комлексҳо ва барқароршавии элементҳои даври сеюм марбут мебошанд. Таълифоти илмиаш дар нашрияҳои Тоҷикистон, шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Қазони Россия ва ғайра чоп шудаанд. Муаллифи се китоби дарсӣ, 3 дастури таълимӣ, 134 мақола, 6 патент мебошад. Узви академияи Ню-Йорк аст. Дорандаи медали Хизмати шоиста, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон аст.
Таҳлилҳо нишон додаанд, ки дар Тоҷикистон ҷалби занону духтарон ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои собиқи шуравӣ ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Умуман, барои ояндаи дурахшони оилаву тарбияи насли наврас ва ободии ҷомеа зани тоҷик ҳамеша омода аст.
Фарзона ВОСЕЕВА