Баҳори соли 2020, вақте ба чанд деҳаи ноҳияи Хуросон сел омаду хонаҳои мардумро вайрон кард, дар қатори ташвишҳои зиёди одамон, таваҷҷуҳи журналистонро як бонуи хеле беқарор ба худ ҷалб кард. Ӯро гоҳ дар пеши хонаҳои вайроншуда медидем, ки онҳоро аз назар мегузаронд ва шояд барои ҳисобот дар дафтарчааш чизе менавишт, гоҳи дигар дар пеши одамони осебдида, ки дилбардориашон мекард, гоҳи дигар дар пеши ситоди ёрӣ ба зарардидагон ӯро дидан мумкин буд…
Пас аз таваҷҷуҳи зиёд, яке аз ҳамкасбон гуфт, ки ин бону ҳамон Фарзонаи журналист аст, ки чанд сол пеш дар шабакаҳои телевизионӣ фаъолият дошт. Баъд ба кори дигар гузашт, шояд ӯ зодаи ҳамин ноҳия асту ҳамчун шаҳрванди дилогоҳ ба ёрии ҳамдиёрон омадааст.
Ниҳоят, пас аз камтар шудани ташвишҳояш, Фарзона имкон ёфт барои дидор ба назди мо, журналистон, биёяд. Маълум шуд, ки гап дар дигар ҷост:
Моҳи марти имсол (2020) дар интихоботи вакилони Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон иштирок карда, вакил интихоб шудам. Дар ҷаласаи аввалин вакилон маро муовини раиси Ҷамоат интихоб намуданд, - посух дод Фарзона ва хабарнигоронро дар ҳайрат гузошт.
Саволи асосие, ки дар ин гуна ҳолатҳо пайдо мешавад, маълум аст: «Чӣ зарурат пеш омад, ки шаҳри обод ва кори озодаро гузошта ба деҳа биравад, дар байни хоку лой, ҷӯяҳои пахтаву картошка бигардад ва, инак, саргарми ҳалли оқибатҳои офати табиӣ бишавад?».
Фарзона Сулаймонова зодаи шаҳри Душанбе аст. Таҳсилоти ибтидоиро дар мактаби №6 -и пойтахт гирифтааст. Охири солҳои шуравӣ буд. Дертар падари омӯзгораш Зумратшо Сулаймоновро ба ноҳияи Хуросон фиристоданд, то аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ба шогирдон дарс гӯяд. Модараш ҳам ба сифати китобдор кор мекард. Ҳамин тавр Фарзона дар қатори се апаву ду бародараш таҳсилро дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 -и Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ давом дод. Хубу аъло мехонд. Барандаи қариб ҳамаи чорабиниҳои мактабӣ маҳз ӯ буд. Дар олимпиадаҳои ноҳиявию вилоятӣ, махсусан аз забони русӣ, ширкат варзида дар ноҳия ҷойи якум (се маротиба) ва дар вилоят зинаи дуюмро сазовор шудааст.
- Намедонам, чаро, аммо дар хурдсолӣ нахуст мехостам ҳунарпешаи кино шавам ва дар филмҳои саргузаштиву детективӣ нақш офарам. Дертар, вақте андак калонтар шудам, якбора шавқи журналистӣ дар дилам ҷой гирифт. Мехос¬там маҳз аз нуқтаҳои ба истилоҳ гарми дунё гузориш таҳия созам, зеро шабу рӯзҳои наврасии мо чунин гузоришҳо аз нуқтаҳои гуногуни дунё хеле зиёд буданд, - ба хотир меорад Фарзона.
Ҳамин тавр шавқи журналистӣ аз дилаш берун нашуд. Ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд. Таҷрибаомӯзиашро дар шабакаи телевизионии «Тоҷикистон» оғоз бахшида, пас дар ТВ «Сафина» ровии барномаи «Набз» интихоб гашт, ки ахбори криминалиро мебурд. Андактар ӯро ба маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба кор гирифтанд. Ҳамзамон, дар нашрияи «Инсон ва қонун»-и Вазорат аз рӯи амалиётҳо матлабҳо менавишт. Хулоса, гӯё орзуҳои кӯдакиву наврасиаш дар бораи актёри филмҳои детективӣ ё журналист шудан амалӣ шуданд. Баъдан ба ҳамаи ин хайрухуш кардан пеш омад, зеро ӯ ҷавонмардеро аз ноҳияи дурдасти Ванҷ ба ҳамсарӣ хост.
Падарам бемор шуду ба нигоҳбон ниёз пайдо кард, аз ману шавҳарам дархост намуданд, ки ба деҳаи Уялии ноҳияи Хуросон баргардем. Омадем. Як рӯз раиси вақти Ҷамоат Ҳотам Каримов маро дар роҳ диду гуфт, ки як воҳиди кории холӣ дорад.
«Ман медонам, ки дар мактаб хонандаи фаъол ва ташкилотчӣ будӣ, биё ҳамин ҷо кор кун»,- пешниҳод намуд ӯ.
Озмунро гузаштам ва ҳамчун мутахассиси пешбари бахши маънавиёт ба кор сар кардам. Баъдан, муовини раиси Ҷамоат интихоб намуданд, -
лаҳзаҳои ба ин кор гузаштани худро ба хотир овард Фарзона.
Кор дар Ҷамоат осон нест. Хосса барои як бонуи ҷавон. Ҳар рӯз бо мардуми гуногун сарукор гирифтан рост меояд. Ҷамоат мактаби махсус аст, хеле аз роҳбарон онро гузаштаанд. Вижагии ин масъулият дар он ифода меёбад, ки Ҷамоат аввалин зинаи муроҷиати мардум аст ва аз ҳамин ҷо муроҷиин ё қаноатманд мешаванд, ё баръакс, норозӣ. Барои ҳамин ҳам онҳоро нахуст бояд дуруст фаҳмид ва ёрии воқеӣ расонд. Бавижа аз лиҳози ҳуқуқӣ.
Баробари иҷрои вазифа ба омӯзиши қонун ва кодексҳо пардохтам, зеро бо мардум маҳз бояд аз рӯи қонун ҳарф зад. Беҳуда Пешвои муаззами миллат соли равонро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон накарданд. Меъёр кардани қонунмандӣ, маҳз аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сар мешавад. Ғайр аз ин, бардоштҳои иҷтимоии ман пас аз масъулият дигар шуданд. Пештар, гоҳе аз пеши партови кӯчаҳо беаҳамият мегузаштам, ҳоло наметавонам, чун медонам, ки барои тоза кардани роҳҳо меҳнати чӣ қадар одамон сарф мешавад. Яъне, бояд мафкураҳоро дигар кард. Ин масъалаи одитарин, боз даҳҳо масъалаҳои ҷиддитар ҳастанд, - меафзояд муовини раис.
Муҳимаш, ӯ рисолати худро мефаҳмад. Медонад, ки дар баробари иҷрои корҳои маъмурии маҳаллӣ, ҳамчунин рисолатҳои васеи сиёсӣ ҳам дорад. Яъне, вазифадор аст, ки аз падидаҳое мисли ифротгароӣ ва майли ҷавонон ба ақидаҳои хатарзои хурофотӣ ҷилавгирӣ намояд ва мардумро ба эҳтиром ва риояи қонун даъват созад. Инҳо корҳоеанд, ки Фарзона Сулаймонова ҳамарӯза анҷом медиҳад…
«Бонувони Тоҷикистон»