Иқлими сарди кӯҳистони Тоҷикистон сабаб шудаанд, ки дар ноҳияҳои баландкӯҳи ҷумҳурӣ пиряхҳои доимӣ ба вуҷуд оянд. Аҳамияти пиряхҳо ва барфе, ки дар ин сарзамин меборад, барои тараққиёти хоҷагии халқи Осиёи Марказӣ ниҳоят бузург аст. Сол ба сол гармшавии иқлим ва болоравии ҳарорати ҳаво боиси коҳиш ёфтани ҳаҷми пиряхҳо шуда, аллакай пайомади он дар баъзе гӯшаву канори сайёра ва Тоҷикистон низ ба мушоҳида мерасад. Аз маълумоти пажӯҳишгарон бармеояд, ки дар давоми 50–60 соли охир масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон кам шуда, ин раванд имрӯз ҳам идома дорад. Аз рӯйи маълумот масоҳати умумии пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ 17 - 18 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад, ки 60 дарсади он ба Тоҷикистон рост меояд.
Ба шарофати пиряхҳои кишвар ва обҳое, ки тамоми фасли сол аз онҳо ҷорӣ мешаванд, ҳазорҳо гектар дашту саҳро ва биёбонҳои Осиёи Марказиро шодоб мегардонанд. Дар сурати нагирифтани пеши роҳи босуръат обшавии пиряхҳо дар солҳои оянда барои ҷумҳуриҳои поёноб норасоии об ба миён меояд.
Қабул гардидани қатънома дар Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 14-уми декабри соли 2022 оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва сар аз соли 2025 ҳамасола ҷашн гирифтани рӯзи 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо амали шоиста аст. Инчунин, СММ нақша дорад Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимодро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис диҳад.
Ҳамзамон, соли 2025 дар шаҳри Душанбе доир шудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо рӯйдоди муҳим арзёбӣ мешавад. Дар ду даҳсолаи охир бо иқдому ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт» (2005–2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» ва «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» (соли 2025), ки аз ҷониби намояндагони ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ва якдилона пазируфта шуд, қатъномаҳои Соз¬мони Милали Муттаҳид расмияти ҷаҳонӣ пайдо карда, обру ва мавқеи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун сиёсатмадори шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ бамаротиб боло бурд.
Сарвари давлати тоҷикон ҳамвора таъкид менамо¬янд, ки пиряхҳо захираи асосии оби соф мебошанд. Обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад.
Мақсад аз ин иқдом ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон, пуштибонӣ аз манфиатҳои ҷомеаи ҷаҳон дар он аст, ки дар нимаи дуюми асри XX ва оғози асри XXI, бинобар зиёд гардидани шумораи аҳолии сайёра ва тараққиёти бахшҳои гуногуни иқтисодиёту саноат инсоният ба норасоии шадиди оби нӯшоӣ дучор омадааст, ки нодида гирифтани он метавонад сокинони сайёраро ба оқибатҳои ногувор мувоҷеҳ созад.
Сафаралӣ МИРЗОЕВ,
омӯзгор, деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод