Унсурҳои оини ориёиҳо дар кӯҳистон баъди садсолаҳои куштору сӯхтор ва шикасту рехти ваҳшиёнаи ақвоми турку тозӣ ва муғул ба нобудӣ нарафтанд, балки дар мусоидату мувофиқат бо муҳтавои маросимҳои исломӣ ҳифз ва бозсозӣ шудаанд. Дар рустоҳои Помир ҳанӯз ҳам баъзе куҳансолон мавриди тулӯи офтоб ба он ниёиш мекунанд, ба номаш савганд мехӯранд. Ҳангоми пайдо шудани Камони Рустам дар осмон марду зан дар лаълича хушбӯйиро дуд карда, аз ду ҷониби муқобил ба ҷойи фарозе мебароянд ва рӯ ба ранкинкамон оварда, барои осудагию ободии рӯзгор дуо мекунанд… Дар маросими Иди Қурбон сокинони қисмате аз навоҳии Кӯҳистони Бадахшон ҳайвони қурбониро таҳорату оро дода, дар гӯшаи боми хона забҳ мекунанд ва ҳамзамон чеҳраҳои мазҳабӣ дар поён сари по истода, дуо мехонанд. Чунин тарзи ниёиш ва дуохонӣ дар оини ориёиҳои хуршедпараст низ маъмул будааст: мавриди бузургдошти маросими эътиқодӣ ҳангоми тулӯи Офтоб хурӯси қурбониро дар ҷойи фарозе забҳ мекарданд ва сари по истода, дуо мехонданд.
Оид ба пайдоиши Сада ривояту устураҳои гуногун ҳастанд. Яке онро ба Каюмарс, дигаре салтанати Фаридун, савумӣ ба фаъолияти Ардашери Бобакон нисбат медиҳанд. Дар «Шоҳнома» Ҳаким Фирдавсӣ шоҳ Ҳушангро асосгузори ин ҷашни бостонӣ медонад, ки гӯиё нахустин шуда, оташро кашф кардааст…
Сада ҷанбаи муқтадири ситорашиносӣ дошта, аз дониши ҳайратангези гузаштагонамон гувоҳӣ медиҳад. Илми ситорашиносии муосир низ ба поён расидани ҳукмронии Шаби Қутбро рӯзҳои 30 - 31-уми январ муайян кардааст. Дар қисмати шимолии Россия (Мурманск), ки шабҳои қутб 40 рӯз идома меёбанд, дар рӯзи ба поёнрасии Шаби Қутб – 1-уми феврал иди Офтобро бо номи «Салом, Офтоб!» таҷлил мекунанд.
Сада ё Офтоб дар мард таҷлили пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва равшанӣ бар торикӣ аст. Дар кӯҳистон мавсими сармо ба ҳадде сарду торик ва тулонӣ буда, мардум дар шароити тоқатфарсо бо сабру шикебоӣ рӯзҳои сахту сангинро таҳаммул намуда, поёни чиллаи зимис¬тонро бесаброна интизор мешуданд. Фаро расидани Сада лаҳзаи умеду орзуҳоро ба рӯзҳои хушу неки оянда фурӯзон месозад.
Дар замонҳои пеш дар деҳоти ноҳияи Рӯшон ҷашни Сада бо чунин тарз таҷлил мегардид: Як рӯз қабл аз ид кадбонуи хона баъди тановули ғизои шом аз ганҷур бо косаи чӯбӣ орди табаррукиро мебарорад. Орди табаррукӣ, ки бахше аз орди захирашудаи мавсими тирамоҳ аст, соҳиби хона миқдори муайяни онро, алоҳида, дар табақи чӯбин гузошта, баъди дуохонӣ дар ҷойи махсуси ганҷур мемонад ва то фаро расидани маросимҳои наврӯзӣ, ки дар Рӯшонзамин аз панҷ марҳала иборатанд (Офтоб дар мард, Батайом, Туғмибарорӣ, Боғбаройӣ ва Гъамунд), нигоҳ медорад. Аз ин орд дар рӯзҳои вазнинтарини нодориву гуруснагӣ ҳам истифода ва истеъмол кардан қатъиян манъ аст. Дар рӯзҳои иди наврӯзӣ онро чун таманнои сафедбахтӣ ба китфи рости зану мард ва дар тӯйи издивоҷ, ҳангоми равон шудан ба хонаи арӯс ба китфи рости шаҳмард ва вазири ӯ мепошанд. Ин орди табаррукӣ шогунӣ ном дорад. Шогун маъмултарин вожаи забонҳои помирӣ буда, асосан, ба суннатҳои наврӯзии мардуми ин минтақа марбут аст. Вожаи «шогун» тибқи фарзияҳои муҳаққиқон аз «шугун» гирифта шуда, маънои фоли нек, нишони саъд, хубӣ, хушӣ, фархунда, хуҷаста, муборак, табаррукро дошта, тобиши маъноии он иду ҷашнро низ дар бар мегирад.
Соҳибхоназан бо дуои «Бисмиллоҳи раҳмони раҳим, Шогун баҳор муборак!» - гӯён вориди хона мешавад ва дар пояи ҳар панҷ сутуни хонаи суннатӣ, ки рамзи панҷ фариштаи сафеди ҷовиди ориёиёни меҳрпараст - Амшос¬пандон ҳастанд, андаке орд мепошад. Субҳи барвақт хушбӯйиро дуд мекунад. Барпо кардани хушбӯйӣ, аз тариқи дуд додани бӯйгиёҳ, унсурест, ки ҳар як маросими суннатии фарҳангӣ ва мазҳабӣ бо он оғоз мешавад.
Баъди хушбӯйӣ пухтани чалпак (дар забони рӯшонӣ—рухъуҷбуй ё хамлапа, русӣ-блинчик) шуруъ мегардад. Чалпак аз ғизои маросимии ориёӣ будааст, ки онро ҳамчун рамзи Офтоб (бо шакли мудаввар ва ранги зард доштанаш) ориёиҳо ба истиқболи Офтоб дар маросимҳояшон ба ҳайси ғизои табаррукӣ истифода мекарданд. Имрӯзҳо чалпакро дар деҳоти Рӯшонзамин ҳар субҳи рӯзи ҷумъа низ омода мекунанд. Маъмулан 7 дона мепазанд: чор дона барои аҳли хонавода мемонад ва сетои боқимондаро бахши арвоҳи даргузаштагон гуфта, ба остон мебаранд, ё дар чорраҳа барои раҳгузарон пешкаш мекунанд.
Баъди пухтани чалпак ғизои дигари идона -
кочӣ (ғизое, ки бо шаклу таъми худ ба кисел шабоҳат дорад) омода мекунанд. Қабл аз тановули ғизои идона «Дуои биёмурзиш» мехонанд: «Биёмурзида падар, биёмурзида модар, биёмурзида ҷамъи арвоҳи калонон ва осудагон, биёмурзида бошед. Аз моён ёд ва аз шумоён қуввату мадад».
Субҳи ҳамин рӯз аз тарафи бонувони дафнавоз мақоми махсуси суннатӣ, ки асрҳо боз дар ин диёр ҳамчун пайки шодӣ шинохта шудааст, садо медиҳад. Дар давоми рӯз хабаргирӣ ва муборакбодии хешу табор ва ҳамсояҳо сурат мегирад. Бегоҳӣ маҳфилҳои маърифатӣ - фарҳангӣ баргузор мегарданд.
Сада, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва дигар расму оинҳои бостонии мо, пеш аз ҳама, ҷанбаи ахлоқӣ доранд ва ҳар як унсури онҳо ба такомулу тақвияти маънавиёт ва ҳувият нигаронида шудаанд. Аз ин хотир, арҷгузорӣ, эҳё ва бозсозии ин ганҷинаҳои беназири аҷдодӣ барои ҳар як тоҷики худогоҳ қарз ва фарз аст.
PS. 6-уми декабри соли 2023 дар Иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид. Дар баробари Наврӯз ҷаҳонӣ шудани Сада, далелу мадраки муътамади навбатии таъриху фарҳанги қадимаи миллати мо аст дар муқобили манманиҳо ва даъвоҳои беасосу бебунёди ақвоми чодарнишину биёбонгард, инчунин, таъну маломати асолатбохтагони бегонапараст.
Лутфишо ҚИМАТШО,
ноҳияи Рӯшон