Ҷиоти Амҷии 28-сола тули 12 сол мешавад, ки унвони зани хурдтарини ҷаҳонро байни занон соҳиб гаштааст. Ба наздикӣ дар аккаунти Китоби рекордҳои Гиннес дар инстаграмм видеое нашр шудааст, ки аз рӯи гуфти он қади бону 61,95 сантиметрро ташкил медиҳад. Қомати пакана хонуми ҳиндустониро машҳури чаҳон гардондааст, айни ҳол ӯ аз шуҳраташ лаззат бурда, орзуҳои худро амалӣ месозад.
Ҷиоти 16 декабри соли 1993 дар шаҳри Нагпури Ҳиндустони Марказӣ ба дунё омадааст. То 5-солагӣ ба қади ӯ аҳамият намедоданд. Бо мурури замон маълум шуд, ки инкишофи духтарак нодуруст сурат мегирад. Пас аз як қатор санҷишҳо табибон ба кӯдак ташхиси ноумедкунанда - ахондроплазия (бемории генетикие, ки сабзиши қад ва шаклгирии устухонҳоро хароб месозад) гузоштанд
Аз 4-солагӣ Ҷиоти бо кӯдакони андозаи муқаррарӣ ба мактаб рафт. Барои омӯхтани дониш дар муассисаи таълимӣ ба ӯ мизу курсӣ, ки ба қадаш мувофиқ буд, ҷудо карданд. Бори аввал ин духтарак соли 2009 бо иштирокаш дар яке аз барномаҳои телевизионӣ диққати аҳли оламро ба худ ҷалб намуд. Духтуроне, ки дар ин намоиш ширкат меварзиданд, қади ӯро чен карданд, ки ҳамагӣ 61,95 см-ро ташкил медод. Ҳамчунин, кормандони тиб исбот намуданд, ки вай хурдтарин наврас дар рӯи олам аст. Он замон Ҷиоти 5,4 кг вазн дошт, ки пас аз таваллуд танҳо чаҳор килограмм зиёд шуда буду халос.
Дар 15-солагӣ ин бонуи шуҳратманд бо некбинии худ нисбат ба муд ва ороиш ҳамаро тасхир намуд. Аз хурдӣ орзуи ҳунарманд шуданро дар дил мепарвариду шуҳраташ барои ба мақсад расидан ёрӣ расонд. Соли 2009 вай таҳти суруди ситораи Ҳиндустон Бхангра Мики Сингх дар филми ҳуҷҷатие нақш бозид. Пас аз ду сол, дар 18-солагӣ намояндагони Китоби рекордҳои Гиннес қади ин бонуи хушчеҳраро чен карда, унвони зани хурдтаринро дар олам тасдиқ намуданд.
Амҷии 28-сола то ҳол рекорди ҷаҳониро нигоҳ медорад. Гузашта аз ин, духтар натиҷаи дуюмро низ ноил гардид. Ҳунарпешаи дорои кӯтоҳтарин қад пас аз нақши пакана Ма Пети дар намоиши «Ҳикояҳои даҳшатангези амрикоӣ» шуҳратманд гашт, ки нахустнамоиши он 8-уми октябри соли 2014 доир шуд.
Ҷиоти зоҳиран аз кӯдаки муқаррарии дусола хурдтар метобад. Соли 2010 Амҷи бо Кхагендро Тапа Магарой аз Непал, ки он замон дар байни мардҳо хурдтарин дар олам ҳисоб меёфт, ошно шуд. Номбурда соли 2020 дар 27-солагӣ аз олам чашм пӯшид.
- Замоне, ки ман одами паканатарини дунёро вохӯрдам, худро хеле хушбахт ҳис кардам, –изҳор намуд Ҷиоти.
Ҳини бо хонавода ба сайругашт рафтан, ё аз хона баромадан, вайро мебардоранд, то ки одаму оламро аз баландӣ бубинад. Дар хона ба модараш дар омода намудани ғизо, нӯшокиҳои гарм ва шустани зарфҳо ёрӣ мерасонад. Дастгирии оила барояш неру бахшида, ба зиндагӣ ӯро дилгарм месозад. Пеш аз оне, ки машҳур набуд, мардум ӯро масхара мекарданд, ки аз ин рафтор хеле афсурдахотир мегашт. Вақте ки дастовардҳояш пазируфта шуду машҳури ҷаҳон гардид, дигар ба ақиб нигоҳ накард.
Амҷи дараҷаи бакалаврӣ дошта, магистр дар адабиёти англисӣ аст. Вай, инчунин, дарсҳои маҳорати ҳунармандӣ ва рақс меомӯзад. Гирифтани маълумоти оянда барояш мушкилоти иловагиро ба вуҷуд овард. Дар ошёнаи боло қарор доштани яке аз синфхонаҳо ва набудани ошёнпаймо барояш монеа эҷод менамуд, аз ин рӯ, ба кумаки хоҳараш ниёз дошт.
Соли 2018 зани хурдтарини ҷаҳон ва марди қоматбаландтарини рӯйи олам деҳқони турк Султон Қесем, ки қадаш ба 251 см мерасад, дар Миср вохӯрданд.