Замони ҳамкориам бо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давраҳои роҳбари ташкилоти партиявии собиқ совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара будан рост меояд. Ӯ ҷавони серғайрату ташаббускор ва ботамкину хушахлоқ буд. Аз он ки хонаводаашон дар ҳамсоягӣ мезистанд, сифати хуби аъзои ин хонадон бароям ошно буд. Модарашон зани порсои хушгуфторе буданд, ки бо маслиҳату машварат ва рафтори ибратомӯз байни занони маҳал обрую мартабаи хосса доштанд.
Падарашон марди хоксору фурӯтан, бо заҳмати ҳалол фарзандонро тарбият намуда, ба воя расонд. Он қадар ҳамсоягӣ доштем, ки фарзандони ин хонадон «дар пеши чашмамон» калон шуданд, - мегӯяд ин бонуи ботадбир.
Холаи Солеҳа дар оғози суҳбат ин нуктаҳоро ёдовар шуда, сулҳу салоҳ, амонии фазои имрӯзаи кишварро маҳз ба заковату хирадмандӣ ва ташаббускории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт донист.
- Инсон тарбияро аз оила мегирад. Таъсири муҳити хонавода барои ба воя расидани чунин шахсияти воломақом хеле назаррас аст, - тазаккур дошт ҳамсуҳбатам.
Холаи Солеҳа таҳсили ибтидоиро дар мактаби миёнаи №1-и ба номи В. И. Ленини ноҳияи Данғара гирифт. Пас аз хатми мактаб талош варзид, то донишҷӯ шаваду соҳибкасб гардад. Зодмандон розӣ нашуданд.
- Агарчи падар зиёӣ буд, ба идомаи таҳсилам розӣ нашуд. Қиблагоҳамро ҳамчун молиячии хоҷагӣ мешинохтанд, мудири ферма ва бригадир ҳам буд. Он давра духтарони маҳал кам барои хонданӣ ба пойтахт меомаданд. Падару модар аз гапу калочаи мардум андеша карда, мехостанд, то аз тасмимам даст кашам. Роҳбари вақти хоҷагӣ раиси номии кишвар Шариф Ширин, дӯсти наздики падар, пуштибонам шуд.
Ҳамин тавр, бо ҳамроҳии дугонаам Гавҳарбӣ Тоҳирова роҳи Душанберо пеш гирифтем. Ман донишҷӯи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон гаштам (ҳозира Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур), Гавҳарбӣ бошад, шомили Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳозира ДМТ) шуд. Ин воқеа соли 1960 ба вуқуъ пайваст, - ёд аз гузашта меорад ҳамсуҳбатам.
Таҳсил дар факултаи агрономӣ барои апаи Солеҳа роҳи васеъро баҳри ободии Ватан кушод. Нозукии ихтисоси агрономӣ, рондани техникаҳои хоҷагии қишлоқ, аз қабили трактору комбайнро омӯхт. Баъди панҷ соли таҳсил ба деҳа баргашт…
- Падар, ки бо авзои гирифта, маро ба хондан ба пойтахт гуселонда буд, пас аз хатми институт байни мардуми маҳал бо ифтихор аз духтари соҳибмаълумоташ ҳарф мезад. Ӯ дар ҷаласаҳои хоҷагӣ тарғибу ташвиқ менамуд, ки волидон духтаронро барои хондан ба донишгоҳу донишкадаҳо фиристанд, - ёд меорад Солеҳабону.
Солеҳа Ёқубова таҷрибаомӯзиашро дар совхози ба номи В. И. Ленин гузаронда буд, пас аз хатми Донишкада барои кор ба ҳамин хоҷагӣ омад. Қариб панҷ сол агрономи хоҷагӣ шуд. Кори ташкилоти партиявии совхозро низ пеш мебурд. Аз соли 1975 то соли 1989 ҳамчун раиси Ҷамоати деҳоти Пушинг (ҳозира Ҷамоати деҳоти Корез) ифои вазифа намуд. Боз ба кори агрономӣ баргашт.
- Вақте кори ташкилоти партиявии хоҷагиро ба уҳда доштам, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви ҳизб шуданд. Аз соли 1987 роҳбари хоҷагии ба номи В. И. Ленин таъин гаштанд ва ҳамин минвол то соли 1992 ҳамкор будем.
Ҳамчун роҳбар ташкилотчии хуб ва сахтгириашон боиси пешрафту равнақи кори хоҷагӣ буд. Ҳамасола ҳосили фаровони ғалладона, аз қабили гандуму ҷав, наску нахӯд мерӯёнад, дар заминҳои обии хоҷагӣ, ки пахта кишт мешуд, сари вақт ва беталаф ҳосил ҷамъоварӣ мегардид. Аз хоҷагиҳои ҳамсоя барои таҷрибаандӯзӣ роҳбарону агро¬номҳо ба хоҷагии мо меомаданд.
Бо маслиҳату пешниҳоди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз миёни 7 нафар агроном 3 нафар кори бригадирро низ пеш мебурдем. Мақсад, бо ин васила, бо коргарон наздик ва аз мушкилашон огаҳ шудан буд.
Заҳмати бонуи агроном аз ҷониби роҳбарони хоҷагӣ бо мукофоту туҳфаҳо қадр мегардид. Солеҳа Ёқубова мегӯяд, ки соли 1990 кори хоҷагӣ пешрав шуду ҳосил аз нақшаи пешбинишуда барзиёд ҷамъоварӣ гардид. Ӯ, ки яке аз саҳмгузори муваффақияти хоҷагӣ буд, барояш мототсикл тақдим намуданд. Туҳфаро рад кард. Гуфт, ки ӯ дар хона мототсикл дорад ва онро ба нафари хоҳишманд биспоранд. Мототсикл ба бонуе, ки бригадири хоҷагии «Коммунизм» буд, насиб гардид.
- Аз он ки дар баробари анҷоми кори хоҷагӣ 8 фарзандро ба воя расонда, тарбият намудам, мебоист дар синни 50 ба нафақа мебаромадам.
Назди роҳбари хоҷагӣ Эмомалӣ Раҳмон даромадам. Гуфтам, ба нафақа мебароям. Гуфтанд: «Не, акнун вақти он расидааст, ки бояд кор кунед. Таҷрибаи шумо барои пешрафти минбаъдаи хоҷагӣ лозим аст. Зани неруманд ҳастед ва метавонед кор кунед».
Ин суханони руҳбаландкунанда ба дилам умед бахшиданд ва, воқеан, қувваи иловагиро дар тан эҳсос намудам.
Ҳоло ҳам ба суханрониҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯш дода, мебинам, ки бо мардум ҳарфҳои умедбахш мезананд ва ба фардои нек қалбҳоро рӯшан месозанд. Ин хислати табиии ӯст, ки ба шир ба ҷисмашон даромадааст, - меафзояд Солеҳабону.
АНОҲИТО