Чашми мо аз партави Парчами давлатӣ дар маркази пойтахт лабрези фараҳ мегардад. Он қадар зебо ҷилва менамояд ин Парчам, ки шукӯҳи истиқлолу озодии моро тасдиқ мекунад. Боғи Парчами миллӣ, ки дар маркази шаҳри Душанбе ҷойгир аст, аз ҳамон рӯзи нахуст макони сайругашту дилхушӣ мебошад. Ин фароғаткадаи олӣ соли 2012 дар масоҳати 16,68 га ба муносибати 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт. Боғ бо тарроҳӣ ва меъмориҳои вижааш аз дигар боғҳои кишвар фарқ дорад. Ду дарвозаи мунаққаш − яке аз самти Қасри миллат ва дигаре аз хиёбони Исмоили Сомонӣ вурудгоҳ ба ин пораи биҳишт аст.
Маркази боғро сутуни Парчами давлатӣ зеб медиҳад, ки дар ҷаҳон камназир аст. Баландии он 165 метр, дарозии матоъ 60 метр ва бараш 30 метрро ташкил медиҳанд. Намояндаи Китоби рекордҳои Гиннес, милаи Парчами давлатии Тоҷикистонро расман ҳамчун баландтарин дар дунё сабт намуд, сертификат дар бораи баландтарин Парчамро ба ташаббускори созандаи ин боғи нозанин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим кард.
Кӯли бузурге, ки дар ҳошияи сутуни Парчам сохта шудааст, таровати боғро бо фаввораҳои назаррабояш меафзояд. Сайргоҳи обии хуштарҳ бо пулҳои афсонавӣ барои сокинону меҳмонон ва гардишгарони пойтахт армуғон аст. Дар атрофаш қаҳвахонаҳои зебое қомат афроштаанд. Майдони варзишӣ, майдончаҳои бозиҳои кӯдакона бо таҷҳизоти варзишӣ дӯстдоштатарин мавзеи боғ барои наврасону ҷавонон мебошад.
Яке аз гӯшаҳои ҷолибтарини боғ майдони мардони бузурги миллат аст. Пайкараҳои Куруши Кабир, Ҷамшед, шоҳи Каёниён, шоҳи Кӯшониён, Низомулмулк, сарлашкари Суғд — шоҳ Ҳусейн, шоҳи Хатлон, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, шоҳ Исмоили Сомонӣ, Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик, Восеи диловар ва дигарон, ки ҳамчун сутуни виқору ғурури миллӣ қомат кашидаанд, бозгӯкунандаи таърихи бойи халқи тоҷиканд.
Зиёда аз 50 намуд дарахтҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану гулбар, ки беш аз 10 ҳазор ададанд, тақвими шукуфтанҳоро дар ин боғ ҷовидонӣ гардондаанд.
Дар арафаи таҷлили Рӯзи парчами давлатӣ бори дигар ин боғро қадам ба қадам тамошо кардем ва чаман - чаман ҳаловат бурдем. Шомгоҳи ин ҷо бо қандилҳои фурӯзону чароғҳои назаррабояш зеботару муҷаллотар ба назар мерасад. Кӯдакони хушҳол, волидони хушбахт, ҷавонони фархундатолеъ аз имконоти бемаҳдуди боғ баҳравар мегарданд. Пирони барнодил дар сояи сарви баланд дуо медиҳанд, ки Парчами кишвар – асоси рӯсурхию сарсабзию дилсафедии тоҷикон ҳамеша парафшон бошаду чароғи он дар осмони сулҳу субот ҳамеша дил занад!
БОБУНА