Дар яке аз фермаҳои мавзеи Акитаи Ҷопон соли 1923 деҳқоне сагбачаеро ба профессори донишгоҳи Токио - Хидсэсабуро Уэно туҳфа кард, ки инҷониб ба саг лақаби Хатикоро дод. Хатико саги ҳаштуми Уэно буд. Вақте Хатико бузург шуд, дунболи соҳибаш ҳама ҷо мерафт. Профессор ҳар рӯз тариқи роҳи оҳани Шибуя ба кор мерафт ва саг ӯро то даромадгоҳи роҳи оҳан гусел карда, соати сеи рӯз ба истиқболи соҳибаш бармегашт.
21-уми майи соли 1925 профессор дар донишгоҳ ба сактаи дил дучор шуда, дигар ба зистгоҳ барнагашт. Он рӯз Хатико соҳибашро то дер интизор шуд. Бад-ин минвол, ҳар рӯз ба истгоҳи роҳи оҳан омада, то поси шаб соҳибашро интизорӣ мекашид ва шабро дар айвони хонаи профессор рӯз мекард.
Сагро агарчи дӯстон ва пайвандони Уэно бо худ мебурданд, аммо ӯ боз ба истгоҳ бармегашт. Фурӯшандагони атроф ва кормандони роҳи оҳан аз ин рафтори Хатико ба ҳайрат омада, ба ӯ ғизо медоданд.
Пас аз чоп шудани матлаби “Саги пире, ки соҳибашро ҳафт сол интизорӣ мекашад” дар яке аз рӯзномахои машҳури Токио, номи ӯ вирди забони ҷопониён гашт. Пас, мардум дар истгоҳи Шибуя барои дидани ин саги вафодор ҷамъ меомаданд.
Хатико нӯҳ солу нӯҳ моҳу понздаҳ рӯз, то дами вопасини ҳаёт - 8 марти соли 1935 ба истгоҳи роҳи оҳан омад, то чеҳраи гарми соҳибашро бори дигар бинаду аз навозишҳояш болад.
Бисту якуми апрели соли 1934 барои Хатико ҳайкали оҳаниеро чун рамзи матонату вафодорӣ гузоштанд ва дар маросими ифтитоҳи он худи саг иштирок дошт. Овони ҷанги дуюми ҷаҳон ҳайкал барои эҳтиёҷоти ҳарбӣ гудохта шуд. Пас аз ҷанг, соли 1948 он ёдгориро аз нав барқарор карданд.
То ҳол ин пайкара дар истгоҳи роҳи оҳани Шибуя қарор дорад, ки макони дидори дилдодагон гаштааст. Тасвири саг дар Ҷопон намунаи меҳри беғаразона ва вафодорӣ шуд.
Аз зиндагӣ ва вафодории Хатико филмноманависон ба ваҷд омада, соли 1987 “Таърихи Хатико”, соли 2009 “Хатико аз ҳама дӯсти вафодор” ва соли 2023 “Хатикои ман” ном филмҳоро рӯи навор овардаанд, ки миллионҳо одамон аз онҳо дидаанд карданд.
Таҳияи Мадина БАЛАҶОНОВА