Борҳо аз лаҳни пирони ҳаётдидаи ноҳияҳои Вахшу Ҷалолиддини Балхӣ шунидаем, ки дар ин минтақа қалъаи Золи Зар мавҷуд аст. Ҳамон Золи Зари аҳди бостон, падари Рустами достон аз «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, ки ин мавзеъро ҳамчун шикоргоҳи худ қарор дода, қалъаеро низ бунёд ниҳодааст, ки то имрӯз харобаҳои он маҳфузанд. Сухан худ ҷон аст, гуфтаанд ва ин аст, ки ҳафриёти бостоншиносон, бозёфтҳои онҳо ба ин гуфтаҳои мӯйсафедон рӯшанӣ андохта, собит сохтанд, ки қалъаҳои қадимӣ, амсоли Золи Зар, Ҳалевард, Лағмон, Уртабуз-1 ва Уртабуз-2 дар ҳудуди имрӯзаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ боқӣ мондаанд. Қалъаи Золи Зар дар деҳаи собиқ Узуни ин ноҳия воқеъ аст, ки ҳоло бо номи Ҷамоати деҳоти Золи Зар ошност.
Ҳалевард ва қалъаи Лағмон
Гулҷаҳон Шоборонова, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Золи Зар оид ба иҷтимоиёти деҳот бо ифтихор аз ин ёдгориҳо ҳарф зада, гуфт, ки аз ин минтақа ёдгориҳои таърихии зиёдеро дарёфт намудаанд, ҳоло бозёфтҳо дар осорхонаҳои ноҳия ва ҷумҳурӣ маҳфузанд.
- Ҷаҳонгардони арабу аҷами асрҳои миёна дар осори хеш ин ноҳияро Ҳалевард ном бурдаанд, ки дар замони Сомониён яке аз ду шаҳри бузурги Вахшонзамин буда, дорои арку шаҳристону рабаз (ҳисор) будааст. Шаҳр аз ҷониби арабҳо дар асри VIII забт гардида, онро «Кофир-Қалъа» унвон доданд. Қалъаи Ҳалевард яке аз ёдгориҳои бузургтарини водии Вахш маҳсуб меёбад, ки харобаҳои он дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ воқеъ аст. Дар деҳаи Иттифоқи Ҷамоати деҳоти Золи Зар, ки дар масофаи 12 км аз ёдгории таърихии Ҳалевард ва дар соҳилҳои шарқии дарёи Вахш ҷойгир аст, харобаҳои қалъаи Лағмон боқӣ мондаанд, - иброз дошт ӯ.
Аввалин маъхаз дар бораи ин қалъа соли 1875 пайдо гардидааст. Дар маълумотномаи мушаххас олимон перомуни гузаргоҳ ба воситаи дарёи Вахш, наздикии харобаҳои қалъаи қадимии Лағмон ва на он қадар дуртар аз шаҳри ҳозираи Бохтар ёд намудаанд. Қалъа бо се қатор девор иҳота шуда буд, ки ҳоло хокрезаҳои яке аз онҳо бо манораҳо барои муҳофизат ва ҳуҷумкунӣ боқӣ мондаанд. Ин бозгӯи он аст, ки қалъа бениҳоят устувор будааст. Дар наздикии қалъа боқимондаи манорае намоён аст, ки он эҳтимол манораи назоратӣ ва хеле баланде буд. Шаҳрак тахминан росткунҷа буда, иборат аз чор дарвоза ва сохти мураккаб дошту онро бо манораҳо пурзӯр карда буданд. Майдони боқимондаи он 42,5 гектарро ташкил медиҳад.
Ҳоло дар майдони қалъа қитъаҳои замин, боғҳо ва хонаҳои истиқоматии аҳолии деҳа ҷойгиранд. Танҳо қитъаҳои начандон калони ҷанубу шимолӣ ва шимолу шарқии дарвозаи шаҳр боқӣ мондаанд. Қисми ғарбии наздисоҳилии шаҳри Лағмонро дарёи Вахш шустааст ва нисбат ба майдони аввалии ин шаҳр танҳо тахминҳо мавҷуданд. Қисми зиёди деворҳо ва манораҳо хароб гардидаанд. Аз теғаҳои шимолӣ ва як қисми ҷанубии девор роҳи мумфарш сохта шудааст. Дарозии умумии боқимондаҳои девори шаҳр тақрибан 1,8 километрро дар бар мегирад. Танҳо девори шимолӣ дар ҳолати хуб боқӣ мондааст, вале ҳамоно, ҷӯйборе, ки аз канори он равон аст, тадриҷан онро мешӯяд.
Ҳини тадқиқот муҳаққиқ А.М. Беленитский мушоҳида намуд, ки дар баъзе қитъаҳои берунии девор хоктӯдаи сангар бо ду қатор тиркаш боқӣ мондааст. Илова бар ин, вай ҷузъиёти аҷиберо ошкор сохт: дар зер ва қабати онҳо сафолпораҳои зиёд ва пораҳои хишти пухта мехобид. Ин далел бар он аст, ки истеҳкоми мудофиавии шаҳр, ки то замони мо расидааст, аввалин набуда, он дар асрҳои XI-XII бунёд ёфтааст. Соли 1221 шаҳрак аз ҷониби муғулҳо забт гардид.
Шаҳраки Лағмон пойтахти баъдии Вахш буд, ки далели он сиккаҳои соли 1960 аз ин мавзеъ дарёфтгардидаи асри Х аст, ки аз номи Иброҳим ибни Наср дар Вахш сикка зада шудаанд.
Имкониятҳои сайёҳӣ
Гулҷаҳон Шоборонова бар он бовар аст, ки барои ба мавзеи сайёҳӣ табдил додани ин минтақа заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
- Дар ноҳия чор ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд аст, амсоли қалъаи Ҳалевард бо паҳноии 12 гектар замин, қалъаи Лағмон бо ҳудуди 42,5 гектар, қалъаҳои шаҳраки Уртабуз-1 (1 гектар) ва Уртабуз-2 (0,5 гектар). Ғайр аз ин, ноҳия дар шоҳроҳи асосӣ, ки ба ҷануби кишвар мепайвандад, қарор дорад ва ба чанд ёдгории таърихии дигар, амсоли Хоҷа Машҳад, Хоҷа Сартез ва ғайра раҳ мекушояд. То соли 2021 гирду атрофи қалъаи Лағмон кушода буд ва соли равон болои қисми асосии он пӯшонда шуд, то аз боду борон газанд наёбад. Аксари мардуми деҳаи Иттифоқ дар дохили қалъа манзилҳои зист доранд ва бо даст додани имкон ният ҳаст, ки онҳоро ба дигар ҷойҳо кӯчонем. Солҳои қабл ковишҳои археологӣ зиёд сурат мегирифт ва ҳоло чунин корҳо камтар ба назар мерасанд, - ироа намуд бону Гулҷаҳон.
Моҳи марти соли 2023 Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир шуд, ки дар ин ҳамоиши бошукӯҳ меҳмонон аз 21 кишвари дунё ширкат варзида, аз ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла аз қалъаи Лағмон дидан намуданд. Аммо тибқи мушоҳидаҳо, сайёҳии дохиливу хориҷӣ дар ин минтақа ба таври зарурӣ рушд наёфтааст ва ба тавсеаи ин бахш ҳамоно ниёз боқӣ мемонад.
Ҷамоати деҳоти Золи Зар
Ин Ҷамоат соли 1933 бо унвони Шурои деҳоти Узун таъсис ёфта буд, соли 2021 Ҷамоати деҳоти Золи Зар ном гирифт. Он бо сабзавоту меваҷоти худ, бахусус шафтолуҳои деҳаи Фурманов, ки бағоят серобу лазизанд, номдор аст. Аз ҳисоби содироти мева сатҳи зиндагии мардумро метавон хуб арзёбӣ кард. Дар ҳудуди деҳот 14 деҳаи аҳолинишин бо 4189 хоҷагӣ мавҷуд буда, аҳолии он 25549 нафар мебошад, ки аз ин шумора 12475 нафарро бонувон ташкил медиҳанд.
Дар деҳот як хоҷагии кооперативии ба номи Сафар Ҷумъаев, 84 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ду ибтидоӣ, 7 бунгоҳи тиббӣ, 3 маркази саломатӣ, 3 китобхонаи деҳавӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ мавҷуданд. Деҳот дар масоҳати 10,815 ҳазор км мураббаъ доман густурдааст ва ғайр аз тоҷикон, ӯзбекҳо ва дигар миллатҳо дар ин макон сукунат доранд.
Замоне, ки бону Гулҷаҳон ҳамчун директори МТМУ № 23-и деҳоти Золи Зар кор мекард, таҳсил танҳо бо забони ӯзбекӣ сурат мегирифт. Бо ташаббуси ин бонуи кордон таҳсил бо забони давлатӣ низ роҳандозӣ гардид ва нахустин хонандагоне, ки таҳсилро бо забони тоҷикӣ оғоз намуданд, соле қабл мактабро хатм карданд.
Бону Гулҷаҳон фаъолияти меҳнатиро аз мактаби № 28-и зодгоҳ, деҳаи Сомониён шуруъ намуда, тули 16 сол омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, 5 сол муовини директор оид ба синфҳои ибтидоӣ, 5 соли дигар ҳамчун директори МТМУ № 23 фаъолият бурд. Инак, 7 сол аст, ки ин вазифаи бомасъулиятро дар деҳот ба уҳда дорад. Умед аст, ки барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар деҳоти Золи Зар, ки қалъаи таърихии Лағмон ва майдони он дар миёни сабзазорони ин мавзеъ чун нишоне аз тамаддуни қадимии миллат арзи ҳастӣ дорад, саҳми босазо гузошта, гардишгарони дохилию хориҷиро ба ин гӯшаи дар гузашта овозадори диёри арҷманд ҷалб месозад.
Ситора АШӮРОВА,
ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ