Саидбибӣ Андалибова дар маросими занги аввали дабистоне ҳузур дошт, ки 44 сол боз дар он ба хонандагон донишу адаб меомӯзад. Ӯ фаъолияти касбиашро тайи ин муддат сарфи омӯзишу парвариши шогирдон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и деҳаи Яхшиволи Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбекови ноҳияи Ишкошим намудааст. Ҳар субҳидам чун ҳамасола вай бо меҳр, нигоҳи боварманд, андешаи нек, омодагии комил ба мактаб қадам мегузорад. Омӯзгори пуртаҷриба дар синфҳои ибтидоӣ ва аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ба хонандагони синфҳои болоӣ дарс медиҳад.
Вай яке аз нахустин духтарони деҳа буд, ки довталаби таҳсил дар мактаби олӣ гардид. Нахуст Омӯзишгоҳи педагогии ноҳияи Ҳисор ва сипас шуъбаи ғоибонаи факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанберо хатм намуд. Муаллим Шоири халқии Тоҷикистон Лаълҷубаи Мирзоҳасанро устоди хеш дар ҷодаи забономӯзӣ мешуморад. Барои омӯзгори ҷавон Лаълҷуба дар зодгоҳаш - ноҳияи Роштқалъа ҷой пайдо нагардиду бо роҳхати раёсати маорифи вилоят ба мактаби деҳаи Яхшиволи ноҳияи Ишкошим омад. - Дониши мукаммал, сухандонӣ, ҳусни баёни малеҳи шоирона, бадеияти баланду тарзи шавқовари гузарондани дарсҳои омӯзгори ҷавон дар дили шогирдони зиёд орзуи суханвар шуданро шуълавар сохту Саидбибӣ яке аз онҳо буд.
Саидбибӣ соли 1979 дар мактаби деҳаашон синфи ибтидоиро қабул намуду то ба имрӯз дар ин макони таълиму тарбия фаъолияти педагогӣ дорад. Тайи ин муддат вай ҳарфи аввал ва асрори суханро ба шогирдон омӯзонду дар интихоби касб барояшон раҳнамо гардид. Аз байни шогирдонаш номзадҳои илм, эҷодкорон ва кормандони касбу кори гуногун ҳастанд, ки дар рушди соҳаҳои гуногуни кишвар саҳм мегузоранд.
Омӯзгори ҳалиму меҳрубон ба истеъдод, қобилият, ақлу заковати сабақандӯзони хурдсолаш бовар дорад ва талош меварзад, ки бо таълиму тарбияи хубу босифат дар аз худ намудани дониш, кушодани истеъдод ва қобилияти талабаҳои доноякаш ёрӣ расонад. Вай ҳангоми дарс аз усулҳои фаъоли таълим истифода мебарад ва бо бозиҳои шавқовар, машғулиятҳои гурӯҳӣ ва дукаса дарсҳояшро барои шогирдон рангину шавқовар менамояду барои рушди қобилияти фикриашон мусоидат менамояд.
- Устод дар баробари мураббии сахтгиру серталаб будан, нисбат ба шогирдон мисли модар ғамхору меҳрубон аст. Як хусусияти муаллим ин аст, ки то шогирдон дарсро пурра ҳазм накунанд, ба дарси дигар намегузарад. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф ҳар дақиқаи дарсро самаранок истифода мебарад, дар сурати зарурат машғулиятҳои беруназсинфӣ доир месозад, - изҳор дошт яке аз шогирдони ӯ, номзади илмҳои химия Ҷасур Шоалифов.
Дар баробари омӯзгори бособиқа ва ботаҷриба будан, Саидбибиро ҳамчун омӯзгори ҷӯяндаву навовар мешиносанд ва комёбиҳои мактабро маҳз ба заҳмати чунин омӯзгорон нисбат медиҳанд. Дастпарварони ин маъвои дониш борҳо дар озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ барандаи медалҳо ва сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Мудирияти мактаб тасмим гирифт, ки имсол таълим дар синфҳои комплектиро ба ин устоди комилтаҷриба супоранд.
- Омӯзондани хонандагон дар синфҳои комплектӣ душвориҳо дораду бо назардошти таҷрибаи бой ва натиҷаҳои таълимиатон ин синф¬ро ба Шумо бовар мекунем, - гуфтанд ба муаллим.
Афзоиши муҳоҷират ва коҳиши шумораи талабагон дар деҳоти дурдаст боис гардид, ки дар макотиб синфҳои комплектӣ кушода шаванд. Дар ин синфҳо талабагони синфҳои як бо се ва ду бо чор ҳамҷоя таҳсил мекунанд.
- Ҷанбаи хуби синфи комплектӣ дар он аст, ки дар ҷараёни дарс хонандагони синфҳои як ва ду аз мавзуи дарси хонандаи синфи севу чор бохабар мешаванд, аммо ҳангоми фаҳмондани мавзуъ барои талабагони синфҳои яку ду, барои он ки талабагони синфҳои болоӣ бекор намонанд, онҳоро ба машғулиятҳои дукаса ва гурӯҳӣ ҷалб менамоем, - баён медорад омӯзгор. Таъмин намудани сифати омӯзиш дар синфҳои комплектӣ ва дар давоми 45 дақиқа қонеъ кардани талаботи хонандагони ду синф кори душвор ва заҳматталаб буда, аз омӯзгор масрафи зиёди неруи зеҳнӣ ва қобилияти хуби ташкилу гузарондани дарсро талаб мекунаду муаллим бо назардошти таҷрибаи бойи таълимӣ дар иҷрои ин вазифаи касбӣ муваффақ аст.
Саидбибӣ бо сокини деҳа Баҳодуршо Қурбоншоев, ки омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ аст, оила барпо намудаву дар баробари омӯзгорони асил, аз онҳо чун оилаи намунавӣ ном мебаранд. Ду писару ду духтар тарбия намуданд, ки дар соҳаи муҳандисӣ, молия ва ҳуқуқ соҳибихтисос мебошанд. Духтарашон Шукуфа бо пайравӣ аз зодмандон ҷодаи пуршарафи омӯзгориро интихоб намуд.
Дар арафаи Ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидбибӣ Андалибова бо Ифтихорномаи раиси ноҳия қадр гардид.
Имсол барои омӯзгори шоиста чилу чорумин занги аввали мактаби деҳа садо дод. Ӯ чун ҳамеша собитқадам, бо дили гарму неруи хастанопазир ба иҷрои рисолати касбиаш пардохту дар тарбияи насли солиму доништалаб саҳмгузор аст.
М. ШОҲҶАМОЛ,
ноҳияи Ишкошим