Бо омӯзгори собиқадор Ҳусейнзода Гулхумор Дадобой аз боби мактабу маориф, таълиму тарбияи насли ҷавон ва ба касбомӯзӣ ҷалб намудани онҳо суҳбат доштем.
Ҳамчунин, қисса аз зиндагии хеш намуд, ки чун як бонуи матинирода дар пешбурди хонадон ва тарбияи фарзандон нақши муассир дошту рӯзгораш пандест барои ҷавонон.
Омӯзгоре, ки тарки касб накард
- Соли 1992, ҳини хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, замона пур аз ҳодисаҳои ваҳмангез буданд ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз меёфту касе аз роҳбарони давр дар бораи муаллиму мактаб андеша намеронд. Аксари омӯзгорон тарки пеша намудаву баҳри созмон бахшидани камбудии рӯзгор ба шуғлҳои дигар пайваста буданд. Маҳз дар ҳамин замони пурошӯб ҳамчун муаллими фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Душанбе ба омӯзгорӣ пардохтам.
Боре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вақти суханронии хеш зикр намуданд, ки омӯзгоре дар шароити мушкили иқтисодии кишвар мактабу пешаро тарк накарда, ба фарзандони миллат таълиму тарбия доданд, шоистаи унвони қаҳрамонанд. Ин суханон ба дилам шуълаи умед афрӯхтанд ва бо сайқал додани маҳорату малакаи касбии худ дар рушди маориф ҷаҳд намудам. Агарчи падар ва бародаронам ба зодгоҳам - ноҳияи Ашт баргаштанамро хоҳон буданд, ягон мушкили кор ва рӯзгор боис нашуд, ки аз маслаки хеш даст кашам.
Сарфарозам, ки хидмати содиқонаам аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 бо медали Хизмати шоиста қадр шуд.
Бо тақозои виҷдон
- Давраи нахусти роҳбариам ба соли 1997 рост меояд. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Душанбе муовини директор оид ба тарбия таъин шудам. Пас аз он ки забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифту талаботи ҳуҷҷатнигорӣ ба забони тоҷикиро тақозо менамуд, асосан самти корам ба омода намудан ва тартиби ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳо равона гардид. Кори ҳуҷҷатнигорӣ маро дар мактабшиносӣ комил намуд.
Соли 2001 роҳбари кӯдакистони №1-и пойтахт таьин шудам. Кӯдакистон дар ҳолати валангор қарор дошт. Мебоист он ҷоро обод кард, зеро аз ҷиҳозу лавозимоти барои истироҳату фароғат ва таълими кӯдакон асаре намонда буд. Аксари боғчаю мактабҳои баъдиҷангӣ дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд.
Рӯзи аввали кориам як рӯзи сарди боронии моҳи ноябр буд. Тирезаи ҳуҷраи кории мудир шиша надошт, аз воситаҳои гармидиҳӣ, чӣ мепурсед. Дарро пӯшидаму баргаштам ба ҷойи кори пешин. Мудири маорифи шаҳр ба ҳуҷраи директори мактаб занг зада, аз муносибатам норозигӣ баён намуд. Матлуба Тошева гӯширо ба ман доданд. Аз он тараф мудири маориф чунин гуфт:
«Тақдири 160 кӯдаки боғча дар дасти Шумо аст! Магар аз уҳдаи кор намебароед…».
Эҳсоси модариам шояд боло гирифт, ё виҷдон азобам дод, ки баъди ин гуфтаҳо аз ҷой бархоста, ба кӯдакистон баргаштам.
Пеш аз таъмирро оғоз намудан, ҳамроҳи кормандон аввал поккорӣ намудем. Аз шустани гилем ва тоза кардани дару тирезаҳо сар карда, кӯдакистонро пурра аз таъмир баровардем. Ҳамин минвол, кӯдакистон воқеан, ҷое барои тифлакон шуд, ки аз диданаш чашм роҳат мекард.
Ҳамчунин, ба воситаи такмили донишу маҳорат мураббиёни боғча савияи дониши худро сайқал бахшиданд ва тавонистанд, ки дар озмунҳои ноҳиявию шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гарданд. Соли 2004 иштирокчии озмуни «Кӯдакистони сол» будем, ки заҳматҳоямон қадр шуд.
Бо ҳидоятҳои Президент
- Дар таҷрибаи зиндагии худ санҷидам ва шоҳиди муваффақиятҳои нафарони дигар низ будам, ки, агар касеро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят диҳанд, кораш босамар шудаву дар пеша рушд кардааст. Замоне, ки роҳбари Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29–и шаҳр будам, баъди корҳои ободонӣ ва таъмиру тармим дар шафати мактаби мо Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71 ба истифода дода шуд. Сарвари давлат дар ин чорабинии бошукӯҳ ширкат варзиданд. Мо, гурӯҳи омӯзгорон, барои пешвози меҳмонони олиқадр омодагии хосса доштем. Хуллас, аз миёни издиҳоми шогирдону омӯзгорон Президенти кишвар маро наздашон хонданд ва гулдастаи зебоеро бароям тақдим намуданд. Аз он ки директори тозаинтихоби ин мактаби нав будам, ба корҳои ояндаам муваффақият хоҳон шуданд. Ин лаҳзаҳои фаромӯшношудании ҳаётам ҳастанд, ки бо ба ёд овардани дақиқаҳои хотирмонаш бори дигар ба кори маорифу мактаб дилгарм мешавам.
Роҳбарӣ дар 2 коллеҷ
Соли 2013 роҳбари Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе таъин шудам ва 7 сол дар ин муассиса бо ободкорию созандагӣ гузашт. Алҳол, роҳбарии Коллеҷи техникӣ – омӯзгории ноҳияи Рӯдакиро ба уҳда дорам. Муассисаи мазкур 28 июли соли 2009 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Омӯзишгоҳи касбӣ – техникӣ ва Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун муассисаи таълимии зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъсис дода шудааст.
Муассиса дорои 43 синфхона буда, дар 2 факулта (факултаҳои умумӣ - гуманитарӣ ва техникӣ – табиӣ, риёзӣ) аз рӯи 17 ихтисос мутахассис омода месозад. Ҳамчунин, ҷавонон дар бахши таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи ихтисосҳои кафшергарӣ, кафшергари газию барқӣ, дӯзандагӣ ва устои барқ касбу ҳунар меомӯзанд.
Вобаста ба барномаҳои давлатӣ, ки мебоист муассисаҳои таълимӣ бо технологияи муосир муҷаҳҳазонда шаванд, дар коллеҷ 100 адад компютер, 3 синфхонаи компютерӣ, 15 тахтаи электронӣ, 18 видеопроектор мавҷуд аст, ки донишҷӯён дар ҷараёни дарсҳо истифода мебаранд.
Барои бедор намудани завқи шогирдон ба илм ва касбомӯзӣ ҷалби устодони соҳибтаҷриба ва донишманд нақши созанда мебозад. Миёни 106 омӯзгоре, ки дар муассиса дарс мегӯяд, 4 нафар доктори илму профессор ва 13 нафар номзади илм мебошанд.
Ростӣ, аз даврае, ки масъулияти роҳбарӣ ба дӯшам уфтод, бо нияти ободкорӣ қадам ба даргоҳи ин ё он муассиса ниҳодаам. Мекӯшам, то нақше аз созандагӣ дар ҷое гузорам, ки пас аз солҳо бо некӣ ёд аз корам кунанд.
Ақидаам устувор аст
- Оиладор ва соҳиби се писарам. Дар умри хеш як нуктаро дарк намудам, ки ҳар касе дар ақидаи худ устувор аст, ҳатман ба мурод мерасад. Дар баробари омӯзгорӣ ва роҳбарӣ мушкили зиёд дар хонадон доштам. Соли 1993 шавҳарам дар ҷойи кор (корхонаи нассоҷии тоҷик) ба садама гирифтор шуд. Тасаввур кунед, бо кӯдакони хурдсол таъмини оила ва бемордориро.
Аксари навхонадоронро мебинам, ки бо баҳонаҳои ночиз аз оила ҷудо мешаванд. Бовар кунед, зиндагии идеалиро то ҳанӯз касе вар нахӯрдааст. Ҳама бо паймудани роҳҳои пасту баланди зиндагӣ ба ҳадаф расидаанд.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО