Ба ифтихори 90-солагии Муаллими хизматнишондодаи
Тоҷикистон шодравон Соҷида Аккалаева
Гузашти солҳо даври ҷавониро бо худ барад ҳам, қудрати бурдани осори меҳру муҳаббати дилҳо ва хотираҳои некро надорад. Нақши солҳо то лаҳзаҳои вопасин дар дафтари ёдҳо мемонад. Шогирд даврони мактабхонӣ, роҳи аз хона ба мактаб рафтан, синфхонаву ҳамсинфон ва устодеро, ки барои сабақ гирифтани ӯ дилхун шуда буд, фаромӯш карда наметавонад. Устод низ шогирдони толибилму заҳматкашашро.
Устоди мо бонуе буд дар ҳусну латофат беҳамто, дар ҷаҳони диду дарк камназир, дар диёри меҳрубонӣ амир, дар мартабаи модарӣ кабир. «Муаллимаи мо»- ӯро ҳамин тавр ном мебурдем, ҳаваси мисли ӯ донишманду инсони комил шуданро мекардем. Вай дар рӯ нури покию дар чашм меҳр ва дар хун нангу дар дил раҳми беандоза дошт. Симои ӯ бо ҳамон чеҳраи гарму чашмони меҳрбор ва хоксорию фурӯтанӣ созгор афтода буд, ки ҳанӯз пеши рӯ меояд ва чашм дар косааш қатраҳои ашкро нигоҳ дошта наметавонад. Мижгон ҳам қудрати садди роҳаш шуданро надорад.
Вай бо хислатҳои ҳамидааш дар дилу дидаи мо ҷой гирифта буд. Оре, ҳамаи онҳое, ки Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлобро хатм кардаанду ба онҳо муаллимаи фанҳои забон ва адабиёти тоҷик Соҷида Аккалаева дарс дода буд, дар ҳар маъракаву суҳбат ӯро «муаллимаи мо» гуфта ҳанӯз номашро ба некӣ ба забон гирифта, ба ёдаш аз дидагон ашки меҳри фарзандӣ мерезанд.
Ин гуна шахсиятҳоро «одамони наҷиб» ном мебаранд, одамоне, ки умрашонро фидои ҳаёти дигарон менамоянд. Онҳо ғами худро шодӣ пиндошта, барои дар нимароҳи ҳаёт намондану ба қуллаи мақсад расидани дигарон талош менамоянд.
Ростӣ, қалам дар тасвири симо ва маънии рӯзгори онҳо оҷиз мемонад. Тафсиру таъриф ва тарғиби шогирдону қадрдонҳояшро ба номи «Меҳрнома» ҷамъ оварем, шояд тарҳи номукаммалаш пайдо шавад. Баъди бори реҳлат бастанаш аз олами фонӣ, ки дар баҳои ранҷу заҳматҳо ба ӯ номи ҷовидонӣ бахшид, имрӯз ҳам сипосгузорон: «Чуноне ки муаллимаи мо мегуфт», «Чӣ тавре муаллимаи мо таъкид мекард», «Тарзе, ки муаллимаи мо заҳмат мекашиду ҳунари омӯзгории худро сайқал медод» гуфта, дар ҳар баҳсу суҳбат оид ба бахши забону адабиёт, номи ӯро дар сархати устодон мегузоранд.
***
Ҳангоми дар курси якуми омӯзишгоҳ таҳсил кардан, ман ҳам ӯро чун модари меҳрубон ва ҳалиму ғамхор шинохтам. Хубтар шинохтам, вақте ки ӯро роҳбари синфамон интихоб карданд. Аз рӯзе, ки Соҷида Аккалаева роҳбари синф шуд, дар ҳаёти курси мо дигаргуниҳо ба амал омаданд. Шумораи аълочиёни хониш афзуду ҳама дар озмуну корҳои ҷамъиятӣ иштирок мекардагӣ шуданд. Вай тамоми рӯз вақти қиматашро ҳамроҳи шогирдон мегузаронд. Ба яке мавзуеро аз нав мефаҳмонд, бо дигаре дар хусуси гузарондани ин ё он чорабинӣ маслиҳат ва соҳибистеъдодҳоро ҷудо карда, ба онҳо дарси махсуси сайқали ҳунар медод.
Дар синфи мо Давлатбӣ ном духтари сабзинае таҳсил мекард, ки доимо чеҳрааш ғамгин буду пайваста месулфид. Устод ғами он бечораро мехӯрд, гоҳо ӯро ба хонааш бурда, нигоҳубин менамуд. Ҳарчанд ки куҳнаву гузаранда будани дардашро медонист, барои тасаллои дили бемор бе ҳеҷ шубҳа дар бараш менишаст. Барои паст шудани хуруҷи дарди шогирд борҳо ӯро ба назди табибон бурда, дар шифохона хобонд. Баъди таътили тобистон дар рӯзи аввали таҳсил Давлатбиро надида, фавтиданашро пай бурд ва чун азодор зор-зор гирист. Худи ҳамон рӯз, баъди дарс роҳи хонаи шогирди хокдаҳонашро, ки дар кадомин деҳаи ноҳияи Восеъ буд, пеш гирифт. Курсии холии ӯро дида, гоҳо дар вақти дарс, дар вақти хондани байте оби чашмонаш мерехт. Мегуфтанд, ки чанд маротиб барои тасалло додани пайвандони Давлатбии ноком ба он деҳаи дур рафтааст…
***
Тарғибгари марому мақсадҳои Ҳукумати конститутсионӣ дар замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, собиқ директори Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон Давлаталӣ Раҳмоналӣ ҳам яке аз шогирдони дӯстдоштааш буд. Дар соли сеюми таҳсил номбурда ба бемории сил гирифтор шуд. Табибон дар ҳолати ниҳоят бад будани ӯро иттилоъ доданд. Омӯзгори дилсӯз аз ҳисоби пули худаш, ки волидонаш дасти дароз надоштанд, беморро ба яке аз табобатхонаҳои машҳури Қрим равон кард. Баъди чанд моҳи табобат бемор ба таври шинохтанашаванда ба диёр баргашт ва соли дигар таҳсили такрориро идома дод. Вақте ки Давлаталӣ номдор ва кораш бисёр шуд ва сабаби ҳолатҳои вазнини ҷангию қасдгирӣ имкон надод, ки ба аёдати шахси наз¬диктараш биравад. Хулоса, шогирдаш ҳадафи тири бадхоҳон қарор гирифт ва дар рӯзи мотам, ки майитро аз шаҳр ба зодгоҳаш бурданд, муаллима аз қасдгирон, ки дар ҳама ҷо намоянда доштанд, натарсида ба ҳамон деҳаи дури ҳамон ҷавонмарг рафта, дар вақти хайрбод ба назди овозрабо рафт ва аввалин рафт.
«Бачаи ҷонам, номдорам, туро аз дарди сил раҳондаму акнун худам аз ғамат ба ин дард гирифтор мешавам. Розӣ будам, зинда мемондию тамоми умр хабарам намегирифтӣ… Хайр, ҷони оча, дидор дар қиёмат», - гуфта, пиру ҷавонро гирёнд.
***
Ҳамсинфи дигарамон ҷавони қадбаланди зардинае буд, ки Зулфиқор ном дошт. Аксар вақт ба дарс намеомад. Муаллима ҳар рӯз моро водор мекард, ки ба хобгоҳи Зулфиқор рафта, ӯро биёрем. Муаллимонро огоҳ мекард, ки ёрӣ расонанд, бача ноумед нашавад. Медонист, ки ин ҷавон аз ҳаёти фардоинааш бехабар аст.
- Рӯзе мешавад, ки ҳамаро мефаҳмад. Мо метавонем, ки ӯро аз омӯзишгоҳ хориҷ бикунем, ин роҳи осон, вале ӯро ба роҳ даровардан лозим», - мегуфт муаллима.
Ҳамин тавр Зулфиқор Давлатов, ки ҳоло дар ноҳияи Данғара ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ дарс медиҳад, яке аз пешқадамони синф шуда монд. Имтиҳони давлатиро бо баҳои хуб супурда, вақти ҳуҷҷатгирӣ ба муаллима рӯ овард: «Модари меҳрубон, ҳаргиз шуморо фаромӯш намекунам. Моро аз роҳи оворагардию бесаводӣ ба роҳи илму адаб ҳидоят намудед. Ҳазор ташаккур!…».
Дар синфи мо ҳеҷ кас аз гирифтани идрорпулӣ (стипендия) бенасиб намемонд. Ҳатто як-ду хонандае, ки аз санҷишу имтиҳонҳо ба зӯр мегузаштанд, соҳиби маблағ мегаштанд. Ин пул аз ҳисоби маоши муаллима буд. Бачаҳоям зиқ нашаванд гуфта, рӯзи гирифтани идрорпулӣ, он маблағро ҷуброн мекард. Ин рафтори муаллима кирдору маънои хуби тарбиявӣ дошт. Бачаҳо кӯшиш мекарданд, ки дар нимсолаи оянда стипендия бигиранд…
Ҳамин хел дилсӯзу меҳрубон буд муаллимаи мо ва ҳамин хел ӯро ба ёд меорем. Муал¬лимаи моро дар ҳама гӯшаю канори мамлакат мешинохтанд, зеро шогирдони некному соҳибобрӯяш номи ӯро вирди забони пиру ҷавон карда буданд. Собиқ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозгул Додхудоева, собиқ вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ сафири Тоҷикистон дар Эрон Давлаталӣ Ҳотамов, шодравон Академики АИ ҶТ Саидмуҳаммад Одинаев, Шоири халқии Тоҷикистон Ҳакназар Fоиб, Нависандаи халқии Тоҷикистон Барот Абдураҳмон, адабиётшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ Худойназар Асозода, шоир ва дипломати тоҷик Салими Хатлонӣ, шарқшинос Саид Аҳмадов, номзади илмҳои фалсафа Нурулло Ашӯров, саромӯзгори Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб Шариф Бегиев, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Тобусбӣ Ахмедова, муаллими пешқадами мактаби миёна Қурбонгул Одинаева, Аълочии маорифи халқ Шаҳрӣ Ахмедова, директори Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Зафаробод Фарҳод Шафиев, банда ва боз садҳо дигарон аз қабили шогирдони ӯянд, ки дар саросари мамлакат меҳнати софдилона мекунанд.
***
Муаллима ҳамеша дар бораи фардои ҳаёти шогирдон фикр мекард. Аз бурду барорашон меболид, аз нобаробариашон ғамгин шуда, ба онҳо дасти мадад дароз менамуд, тамоми умри худро дар як таълимгоҳ – дар Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб (имрӯза Коллеҷи омӯзгорӣ) гузаронд. Ба гуфти ҳамкурсаш Аълочии маорифи халқ Барот Мирзоев, ӯ аввалин духтари деҳотӣ буд, ки дар омӯзишгоҳ таҳсил мекард ва он моҳи ягонаро ҳамсинфон хоҳараки азизи худ медонистанд.
Ӯ аввалин роҳкушои духтарони ҳамдеҳааш буд, ки баъди хатми мактаби ҳаштсолаи собиқ ноҳияи онвақтаи Қизилмазор, (баъдтар Совет, алҳол Темурмалик) ба ин даргоҳ омад. Директору муаллимони омӯзишгоҳ ӯро дида шод гардиданд. Новобаста аз он, ки Соҷида мактаби русиро хатм намуда буд, ӯро ба омӯзишгоҳ қабул карданд. Умед доштанд, ки иқдоми гузоштаи вай нек хоҳад шуд. Ин орзу ҷомаи амал пӯшид ва соли дигар духтарони ҳамдеҳааш ба ӯ пайравӣ карда, паиҳам ба омӯзишгоҳ омаданд. Аз рӯзи аввали таҳсил Соҷида ба омӯзиши ҷиддӣ машғул шудааст. Сарфи назар аз мушкил будани хониш ба забони тоҷикӣ бо ғайрати том хонд, яке аз донишҷӯёни фаъолу аълохон ба ҳисоб мерафту омӯзишгоҳро бо баҳои аъло хатм кард.
Муаллимаи мо бисёр духтари боодобу нексиришт буданд ва ин буд, ки баъди хатми омӯзишгоҳ корманди масъули ҳизбӣ ва баъдан котиби аввали ҳизби шаҳри Кӯлоб Мирзо Бекматов ба ӯ риштаи ҳамқисматӣ баст.
Маҳз Мироз Бекматов аз ҳамсараш хоҳиш кард, ки хонданашро идома диҳад ва ба Институти педагогии Кӯлоб дохил шавад. Ин махзани донишро низ муаллимаи мо бо дипломи сурх хатм намуда, яке аз аввалин хатмкунандагони он гашт ва ӯро ба омӯзишгоҳи педагогӣ, ки барояш ниҳоят азиз буд, ба кор даъват намуданд. Дониши пухта, муомилаи нек ва соҳибдилию хоксорӣ Соҷида Аккалаеваро дар байни ҳамкорону шогирдон ва тамоми шаҳр соҳиби обрӯ гардонд. Ҳама дар ҳаққаш суханони нек мегуфтанд. Хатмкунандагон ба ҳар ҷое, ки мерафтанд, меҳри ӯву ёди неки ӯро бо худ мебурданд.
Ҳамсари як шахсияти машҳури мамлакат ғамхори садҳо донишҷӯи камбизоатон буд ва гоҳо ҳамроҳи онҳо аз як табақ нон мехӯрд. Медонист, ки:
Дарёб кунун, ки неъматат ҳаст ба даст,
Ин давлату мулк меравад даст ба даст.
Ёд дорам, ки муаллимаи мо ҳар саҳар пеш аз дигарон ба омӯзишгоҳ меомад. Вақти худро беҳуда нагузаронда, то сар шудани дарсҳо дар ҳуҷраи корӣ, ки онро худи ӯ ҷиҳозонида буд, нишаста китоб мехонд. Нақшае мекашид, асбоби аёнӣ тайёр мекард. Ё дар фикри гузарондани ягон чорабинии хотирмон мешуд. Қисса кӯтоҳ, як лаҳзаи ҳаёташро бесамар намегузаронд, муаллимаи мо. Осиёби умр зуд мӯву абрӯи ӯро ҳамранги худ кард. Ин гарди он осиёб не, сафедии бӯр ё поси намаки шогирдон буд, ки ба сараш гузашта, мӯҳояшро мисли роҳи паймудааш сафед карданд. Дар ҳусни хат ҳам қиёс надошт ва ба шогирдон низ ин ҳунарашро меомӯзонд. Чину ожангҳое, ки дасти пирӣ ба коғази рӯву пешонияш навишт, нусхае аз замони сабақ додани ӯ мебошанд.
Ёд дорам, дар рӯзи ботантана ба нафақа гусел кардани муаллимаи мо шогирдону шиносон ва қадрдонҳо аз дидаҳо ашк рехтанд, ашки меҳру садоқат, ашки шодӣ. Дар ҷамъомади онрӯза, ки ба ин муносибат баргузор гардида буд, шогирдони деринаву онрӯзааш иштирок намуда, суханони моломол аз меҳру эътиқоди худро гуфтанд.
Он бегоҳ хонаи муаллима тӯйхонаро мемонд. Хешу ақрабо, ҳамсояҳо ва дигар шиносон паи табрикаш омаданд. Дар сари дастархони пур аз нозу неъмат суҳбати гарм ороста, бори дигар он одами заминиро ба арши аълоосмонӣ бароварданд. Ба ин ҳам ҳақ доштанд, зеро шуҳрату обрӯяш аз дигарон хеле баланд буд, осмонӣ буд. Ҳар лаҳза соҳибҷашн ба чеҳраи ҳозирон назар карда, худро хушбахтарин одами рӯи Замин медонист.
Дар паҳлуяш ҳамқисмати номдораш Мирзо Бегматов ва фарзанди аз ҳама хурдияш Анварро шинонданд.
- Оча, медонӣ, имрӯз ҳам панҷ гирифтам. Муаллим маро таъриф кард. Дафтарамро нишон диҳам? – гуфт Анвар.
Муаллима табассумкунон сари фарзандашро сила кард. Ба ёд овард, ки Назираю Сайёра, Бозору Зафар, Лолаю Аскар ва Малика ҳам мисли Анвар буданд. Ҳар рӯз аз мактаб омада «Модарҷон, ман панҷ гирифтам» мегуфтанд.
Садои форами мусиқӣ, ки ногоҳ аз хонаи дарун ба гӯш расид, риштаи хаёли муаллимаро барканд.
- Музаффар дар хизмати ҳарбӣ-ку? Кӣ пианино менавозад? – ба муаллима рӯ овард яке аз ҳозирон.
- Аскар ҳам дар навохтан аз бародараш монданӣ надорад. Анвар ҳам машқ карда истодааст, - ҷавоб дод модар.
Садои мусиқӣ боз ҳам форамтар ба гӯш мерасид. Гӯё баробари дигаргун шудани оҳангҳо чеҳраи муаллима ҳам дигар мешуд, ҳам шоду ҳам ғамгин…
Муаллима шояд дар андешаи он буд, ки рӯзи дароз дар хона чӣ кор мекунад? Албатта, нону хӯрок мепазад, ҷома мешӯяд, фарзандонро ба мактаб гусел мекунад. Наберааш - Саодати сесоларо мехобонад. Ба гулҳо об медиҳад, гов меҷӯшад… Охир, ин корҳои муқаррарӣ-ку? Пештар ҳам барои адои онҳо вақт меёфт. Вале бе дарс, бе шогирдон, бе баҳсҳои илмӣ чӣ тавр рӯзро бегоҳ мекунад?…
Баъди як ҳафтаи дамгирӣ шунидем, ки муаллимаи мо боз ба омӯзишгоҳ омадааст. -Аз шогирдон дил кандани муаллимаи меҳрубон гарон аст,- аз дил гузарондем. Баъдтар ҳам ӯро дар омӯзишгоҳ медидем. Дарс надошта бошад ҳам, меҳри шогирдон, ёди ҳамкорон ва дилбастагӣ ба касб омӯзгори куҳансолро ба ин даргоҳи дониш меовард. Баробари дидани ин чеҳраи дилписанд ҳама донишҷӯён «модари меҳрубонамон омад», - мегуфтанд. Онҳо чун фарзанд ба ӯ унс гирифта буданд. Агар як рӯз ӯро намедиданд, ба суроғаш мебаромаданд…
Ҳар гоҳи ба он даргоҳи шинос рафтан, муаллима аввал дари ҳамон ҳуҷраи корро, ки ба ихтиёри шогирдаш Кимиё Латифова – муаллимаи ҳамин омӯзишгоҳ гузошта буд, мекушод. Номаҳои шогирдонашро, ки ба номаш меомаданд, аз ҳамон ҷо дастрас карда, бо шавқ мехонд. Яке аз деҳае, дигаре аз шаҳре, сеюмин аз хизмати ҳарбӣ ва ё аз донишгоҳ ба ӯ нома навишта, миннатдорӣ изҳор менамуд. Муаллима номаҳоро варақ зада, хаёлан худро боз дар ҳалқаи шогирдон медид ва ба ҳар нома ҷавоб мегардонд.
Боре аз байни номаҳои ба нишонаи омӯзишгоҳ омада, номи фарзандаш Музаффарро, ки он вақт хизмати Ватанро адо менамуд, ёфта ҳайрон монд.
- Чаро ба хона нею ба нишонии омӯзишгоҳ мактуб навиштааст, - аз дил гузаронд. Вай баъди кушодан чунин сатрҳоро хонд: «Модарҷон, Шумо мактубҳои шогирдонатонро бе ҷавоб намемонед. Ба онҳо зуд-зуд нома менависед ва аз ҳоли онҳо бохабар мешавед. Барои он ки ба ман ҳам зуд-зуд нома нависед, ба суроғаи омӯзишгоҳ мактуб навиштам».
Оре, муаллимаи мо - Муаллими хизматнишондодаи Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқ Соҷида Аккалаева шогирдонашро баробари 8 фарзандаш азиз медонисту дидани бахту иқболи онҳоро орзу мекард. Вай рӯсурхию сарбаландии шогирдонашро дидаву мансабдору корманди масъул будани онҳоро шунида, аз касби пешакардааш ифтихор менамуд ва самари умри нотакрори худро дар ҳамин медид. То ҳол тасаввур карда наметавонам, ки чи гуна модари азиз ин қадар меҳру муҳаббату самимиятро нисбат ба ҳама дар қалбашон ҷо мекарданд…
Соле, ки ба ифтихори 2700-солагии шаҳри Кӯлоб бинои нави омӯзишгоҳро (имрӯза Коллеҷи омӯзгорӣ) –ро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан кушод ва дар дарси кушоди муаллимаи азизи мо иштирок кард, барояш ифтихору сарбаландии бузург буд! Зеро, тамоми умрашро сарфи тарбияи омӯзгорони ҷавон карда, дар дилу дидаи онҳо меҳру муҳаббатро ба ин касби пурифтихору созанда ҷой мекард. Омадани Пешвои миллат ба синфхонаи ӯ, ки ҳама ороишашро бо дастони худ бо як меҳри беандоза омода карда буд, барояш як шарафу баҳои баланди меҳнати софдилонааш маҳсуб меёфт!
Инак, муаллимаи азизи мо сокини водии хомӯшон ва бо ҳамсару як фарзандаш гӯрҳамсоя аст ва шояд руҳаш ҳам аз он ҷо аввал ба коргоҳаш, ки номи ҷовидонаш бахшидааст, биравад ва баъд ба манзили зисти деринааш. Не, не, ӯ дар водии хомӯшон нест, зиндаёд аст. Марқадаш дар теппаи мазор бошад ҳам, масканаш дар кишвари дилҳост…
Муҳаммад ҒОИБ,
Шоири халқии Тоҷикистон