Дар гулгашти боғча мавҷ мезанаду аз нишоту бозии кӯдакони хушбахт, ки тарбиятгирандагони Муассисаи таҳсилоти томактабии «Парасту»-и ноҳияи Тоҷикободанд, ҳаловат мегирад.
Саодатбону Сафарова замоне мисли ин кӯдакон хурд буду аз дасти бобояш дошта қадам ба қадам орзуҳои ширини худро қисса мекард. Бобояш ҳамеша ба ёру ошноҳояш бо фахр мегуфт, ки набераи ман калон шавад, омӯзгор мешавад.
Аз таъкидҳои бобои меҳрубон муҳаббати муаллимӣ дар вуҷуди ӯ реша давонд. Чун нахустин фарзанди хонавода буд, ҳама нозбардораш буданду ба қавле суханашро ба замин намемонданд. Падари Саодат агроном буду ҷонибдори соҳибмаълумот шудани фарзандонаш.
Баъди хатми мактаби миёна соли 2003 Саодат ба гирифтани Квотаи президентӣ мушарраф шуд. Квота ҳамчун роҳхат ба шаҳри орзуҳо ӯро ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ба пойтахти гулбасари тоҷикон овард. Аз деҳаашон, ки он вақт Тарбулоқ ном дошту имрӯз Ширинчашма ном гирифтааст, ӯ ягона духтаре буд, ки тариқи Квота донишҷӯ шуд. Баъди хатми факултаи география дар муассисаи таҳсилкардааш ҳамчун муаллими забони англисӣ ба фаъолият пардохт.
Дар кӯҳистони дурдаст ба духтарони таҳсилдида нобоварона менигаристанд. Ахлоқи ҳамида, дониши комил ва фурӯтании Саодат боис шуд, то мардум эҳтиромашро ба ҷо оранду дар зарфи ду соли фаъолияти омӯзгорӣ ба ӯ роҳбарии МТМУ № 3-и деҳаи Саринайро бовар кунанд.
Пасон Саодат ба мактаби № 4-и зодгоҳ, ки солҳои 1990 то 2003 дар он дониш омӯхта буд, бозгашт. Ин навбат ҳамчун роҳбари муассиса. Тули ин солҳо дар мактаб Саодат пайваста мекӯшид то ба кулли кормандон муносибати самимонаро ба роҳ монад. Солҳои аввал дар ҷомеае, ки мардон дар он бештаранд, барояш пеш бурдани кор ба душворӣ даст медод. Таҷрибаву талошу омӯзиши пайваста ӯро ҳамеша дастгиру мададрасон буданд. Омӯзгорони ботаҷрибаву солманд барояш машваратҳо медоданд. Ӯ бештар аз ҳама ба духтараконе, ки дониши хуб доштанд, мехост роҳи илмомӯзиро нишон диҳад. Дили онҳоро ба давом додани таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар гарм ва волидонро бовар мекунонд, ки соҳиби донишу касб шудани духтарон ҳам ба манфиати худашон ва ҳам ба манфиати миллату ҷомеа аст.
Мавсуф дар давоми роҳбарӣ мусоидат намуд, то 16 нафар гулдухтаракон бо Квотаи президентӣ донишҷӯ шаванд ва ҳамашон баъди хатми донишгоҳҳо ба деҳа баргашта, фаъолият доранд.
Болозикр аз баҳори соли 2023 роҳбарии Муассисаи таҳсилоти томактабии «Парасту»-и ноҳияи Тоҷикободро ба уҳда дорад.
- Дар ноҳия мардум зарур будани моҳияти фаъолияти муассисаи томактабиро рӯз аз рӯз бештар эҳсос менамоянд. Тарбиятгирандагони муассиса бештар фарзандони нафароне ҳастанд, ки дар соҳаҳои гуногун заҳмат мекашанд. Занҳои хонашин фарзандонашонро камтар меоранд. Шояд ағлаб бар он гумонанд, ки дар боғча танҳо кӯдакон назорат карда мешаванду халос. Хонаводаҳое, ки мехоҳанд фарзандонашон тарбияи хуб гиранду ҳамқадами замон бошанд, ҷигарбандони худро ба кӯдакистон меоранд. Онҳо хуб дарк кардаанд, ки дар кӯдакистон ба тифлон муносибати самимона ба роҳ монда шуда, бо онҳо пайваста машғулиятҳои маърифатбахшӣ гузаронда мешаванд. – иброз дошт Саодатбону
МТТ «Парасту» соли 2018 бо ҷалби шарикони рушд мавриди истифода қарор гирифт. Имрӯз ин маъмани кӯдакон дар шаш гурӯҳ 117 нафар фарзанди хушбахти ин гӯшаи диёр ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.
Саодат аз он меболад, ки тарбиятгирандагони боғча дар чорабиниҳои ноҳиявӣ ширкати фаъол доранду бо пешниҳод намудани барномаҳои адабӣ маҷлису ҷамъомадҳои тантанавиро шукӯҳи тоза мебахшанд.
- Кӯдакон ояндаи мову давлатанд. Агар имрӯз онҳоро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбият кунем, фардои моро зеботар мегардонанд, - иброз медорад қаҳрамони матлаби мо, ки дилаш саршор аз меҳри тифлакон аст.
Ҳини сайр дар гулгашти боғчаи «Парасту» ба ёд меорад, ки ҳанӯз муаллими ҷавон буду ба номаш аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизмати софдилона ва фаъолияти босамараш сипосномаи моддӣ оварда буданд. Шукр мегӯяд, ки ба шарофати истиқлолу озодӣ ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бонувони деҳу ноҳияҳои дурдаст низ имкони фаъолият дар муассисаҳои давлатиро пайдо намуданд.
Д. САФАРОВ,
ноҳияи Тоҷикобод