Маорифи ноҳияи Лахш дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба дастовардҳои зиёде ноил гардид. Аз ҷумла, зиёда аз 10 мактаби наву замонавӣ сохта ба истифода дода шуд. Соли равон низ, ба истифода додани ду муассисаи таълимии наву замонавӣ, дар деҳаҳои Меҳробод ва Тоҷварони деҳоти Сайлиобод барои қариб 300 хонанда дар назар аст.
Агар шумораи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, асосӣ ва ибтидоӣ солҳои 90 – уми асри ХХ 48 ададро ташкил медод, имрӯз ба 61-то расидааст, яъне, 42 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 6 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 12 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва 1 муассисаи давлатии таълимии литсей барои хонандагони болаёқат. Теъдоди умумии омӯзгорон 1040 нафар буда, аз ин 394 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Шумораи умумии хонандагон ба12234 нафар (духтарон 6040 нафар) мерасад, - гуфт мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Лахш Ширинмо Шарифзода.
Барои боз ҳам беҳтар намудани кори таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ дар назди шуъбаи маориф дар баробари Муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия, инчунин, Маркази технологияи информатсионӣ ва Маркази рушди истеъдодҳо бо се воҳиди корӣ таъсис дода шуданд, ки ба рушди соҳаи маориф мусоидат мекунанд.
- Имрӯз муассисаҳои таълимӣ барои пурра ба таҳсилоти асосии ҳатмӣ фаро гирифтани кӯдакону наврасони синни мактабӣ басанда аст, - мегӯяд бону Ширинмо.
Муассисаҳои томактабии деҳоти Наврӯз, Нурафшон, Пилдон ва Лахши Боло дар омода намудани кӯдакон ба мактаб нақши муҳим мебозанд. Аз ин рӯ, дар маҳаллаи навбунёди Чоргул низ, аз нав чунин муассиса таъсис дода шуд, ки ин иқдом натиҷаи таваҷҷуҳи арзандаи МИМҲД-и ноҳия нисбат ба соҳаи маориф мебошад. Аз ҷумла, ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва сохтмони босуръати бинои замонавӣ низ, яке аз иқдом ва дастгириҳои навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллӣ ва Вазорати маориф ва илм ба ҳисоб меравад. Алҳол дар 6 муассисаи томактабии ноҳия 247 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.
Имсол 750 нафар хонанда синфи 11 - ро хатм намуд, аз он 42 фоиз тибқи Маркази миллии тестӣ ба мактабҳои олии кишвар дохил шуд. Ҳамзамон, ҳар сол тибқи Квотаи президентӣ 25 нафар хатмкардаи ноҳия ба макотиби олии кишвар шомил мегардад.
Дар ноҳия 40 нафар омӯзгор намерасад, ки ин норасоӣ аз ҳисоби 20 нафар хатмкунандаи тибқи Квота таҳсилнамуда, бартараф мегардад. Дар ин хусус ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, донишгоҳу донишкадаҳои кишвар бо мактуби расмӣ муроҷиат намудаанд, то дар ҳалли масоили мазкур ёрӣ расонанд.
- Албатта, омӯзгорони ҷавон бо ҳама шароити зарурӣ таъмин мегарданд. Муаллимони ҷавон, ки аз дигар ноҳияҳо ба кор меоянд, бо ҷои зист, ғизо, ангишт таъмин мешаванд ва қитъаи замини наздиҳавлигӣ мегиранд, то ки дар оянда манзили истиқоматӣ бисозанд, - мегӯяд ин омӯзгори ботаҷриба.
Соҳаи маориф рӯ ба пешравист. Ҳамасола даҳҳо хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи минтақавиву ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.
– Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, фаъолияти кормандони соҳаро таҳти назорати қатъӣ қарор додаанд. Дар баробари ин, моро зарур аст, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳама зинаҳо баланд бардошта, барои таҳсилоти босифат заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро такмил бахшем ва самараи кори онҳоро таъмин созем, – иброз намуд мудир.
Ба гуфти Ширинмо Шарифзода, бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Лахш соли 1962 сохта шуда, аз 15 ҳуҷраи корӣ иборат аст. Дар он кабинети методӣ, ҳуҷраҳои мутахассисон, муҳосибот, Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, дафтари кории иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ҷойгир мебошанд.
Хушбахтона, бинои нави шуъба ба рӯйхати иншооти сохташаванда ворид гардид, ки ин навид ба маорифпарварон дар фаъолияти омӯзгориашон болу пар бахшид. Бону Ширинмо аз зумраи роҳбаронест, ки пайваста аз ҳолу аҳволи муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорону хонандагон хабар мегирад, бо мушкилоташон аз наздик ошно шуда, дар ҳамкорӣ ва машварат бо роҳбарону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, мушовирон ва ҳайати кормандони шуъба масъалаҳои бамиёномадаро бартараф месозад.
Далер САФАР,
ноҳияи Лахш