Кулли модарон ба ояндаи насли хеш бо нигоҳи нек менигаранд, вале на ҳама хоҳишҳову интизориҳо хуб анҷом мепазиранд. Алҳол дар бораи модаре мегӯем, ки баҳри комгории нури чашмон сахт талош варзида, пастиву баландиҳои рӯзгорро сабурона паси сар кардааст. Воқеан, ӯ собит сохтааст, ки зан иқтидори фарохе дорад, ки дар танҳоӣ ҳам метавонад фарзандро тарбият ва аз ӯ қаҳрамон созад…
Ошноӣ
Зайтуна Назарова модари қаҳрамони бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров аст. Зиндагии онҳо оғози рангине дошт, зеро оила бо ишқ бунёд ёфта буд. Зайтуна ва Ҷамолиддин ҳамкурс буданду дар риштаи варзиш таҳсил менамуданд. Ҷамолиддин Назаров дар варзиши сабук ҷоизадори чемпионати СССР буд. Замони нобасомониҳои солҳои 90-уми кишвар оиларо аз падари меҳрубон ҷудо кард. Он замон падари қаҳрамон дар Коллеҷи ҳарбии шаҳри Душанбе фаъолият дошту қурбонии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид. Модар дар ҷодаи зиндагӣ бо ду писар: Дилшод ва Умед танҳо монд. Рӯзгузаронӣ дар солҳои 90-ум барои ҳама сангин буд. Зайтуна баҳри ояндаи рангини фарзандон саъй намуд, ки писаронашро комгору муваффақ бубинад.
- Он замон омӯзгори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов будам ва барои беҳбудии бештари рӯзгор дар корхонаи қаннодӣ ва ҳам дар идорае фаррошӣ мекардам. Дар се коргоҳ заҳмат мекашидам, то фарзандонам хуб таҳсил намоянду аз чизе танқисӣ накашанд. Барои онҳо ҳам падар ва ҳам модар будам, - мегӯяд модари Дилшод.
Кӯдакӣ
Дилшод 6 майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Мувофиқи нақли модар, вай аз бозии баскетбол ба варзиш ворид шуда, баъдан ба теннис ва гурзпартоӣ пайваст. Дар ҳар самт мекӯшид муваффақ шавад. Аз маслиҳату роҳнамоии модар бархӯрдор буд. Модар, ки худ варзишкор буд, ба Дилшод таъсири бештар расондааст. Худаш ҳам бо табассум иқрор омад, ки кӯдакиаш дар майдонҳои варзишӣ гузаштааст. Модар тамринҳои писарро сахт назорат мебурд ва пайи ислоҳи камбудиҳо ба ӯ маслиҳатҳо медод.
Дилшод Назаров — гурзпартои тоҷик, чемпиони бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро, барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2015 (Пекин, Чин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006, 2010 ва 2014, қаҳрамони секаратаи Осиё (2009, 2013, 2015), қаҳрамони дукаратаи Осиё байни наврасон (1999 ва 2001), Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Вай хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба носи С. Раҳимов ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошад. Мураббиёнаш дар самти варзиш модараш Зайтуна Назарова, баъдан Юрий Александрович Пискунов, феълан Владимир Машко аст.
Дилшод Назаров аз моҳи январи соли 2014 муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва дорандаи унвони фахрии Сафири ҳусни нияти Созмони ҳамкории Шанхай аст.
Қаҳрамониҳо
Дилшод нахустин варзишгари тоҷикест, ки барои иштирок дар Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де -Жанейрои Бразилия (соли 2016) роҳхат гирифтааст.
Рӯзи 16 август рӯйхати ширкатдорони мусобиқаҳои интихобӣ ё квалификатсионӣ оид ба гурзандозӣ аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия эълон шуд. Сабқат миёни 32 гурзандози зӯртарини ҷаҳон аз 26 кишвар дар ду гурӯҳ – A ва B – доир шуд. Дар ин мусобиқаҳо аз Британияи Кабир, Булғория ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сенафарӣ, аз Полша ва Эрон дунафарӣ ва аз кишварҳои дигар якнафарӣ иштирок карданд. Ба гурӯҳи В варзишгарон аз Булғория ва Британияи Кабир (дунафарӣ), аз Финляндия, Венгрия, Молдова, Мексика, Ӯзбекистон, Юнон, Чех, Булғория, Туркия, Тоҷикистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эрон (якнафарӣ) шомил буданд. Мусобиқаҳои гурӯҳи В рӯзи 17 август, соати 11:05 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:05 ба вақти Душанбе) шуруъ шуданд. Дилшод Назаров дар навбати сездаҳум ва таҳти рақами 2967 рақобат кард.
Мусобиқаи ниҳоӣ шаби 19 август, соати 21:05 ба вақти маҳаллӣ (соати 5:05-и 20 август ба вақти Душанбе) дар варзишгоҳи олимпии шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия шуруъ шуд ва Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дода, аз ҳама рақибонаш пеш гузашт ва сазовори медали тиллои Бозиҳои олимпӣ гардид.
Пас аз бозгашт бо пирӯзӣ Дилшод Назаровро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастовардҳои намоёни варзишӣ ва рушди соҳаи варзиш бо мукофоти давлатӣ - ордени Шараф дараҷаи II (2015) қадр кард. Баъдан, 22 августи соли 2016 Дилшод Назаров барои саҳми намоён дар рушди варзиш ва дастоварди бузурги варзишӣ дар Бозиҳои ХХХI тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро -2016 бо мукофоти давлатӣ - ордени Шараф дараҷаи I сазовор гардид.
Бо медал баргард!
- Пеш аз ҳар мусобиқа модарам дуо дода мегуфтанд: «Бо медал баргард!» Ин боварии модар ба ман неру мебахшид ва пас аз ҳар ғалаба нахуст хушхабарро ба модарам мерасондам, - бо қаноатмандӣ ва ифтихор изҳор намуд Дилшод Назаров.
Воқеан, Дилшод қаҳрамонест, ки дар давраи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сабзидаву нумӯ кард. Ӯ ифтихори тамоми тоҷикони дунёст. Ғалабаи ӯро дар бозиҳои олимпӣ дар соли 2016 тамоми сокинони мамлакат ҷашн гирифтанд, зеро Дилшод муаррифгари миллат аст…
Фарзона ВОСЕЕВА