Холаи Майна баъди 10 соли ғарибӣ Ватанро осоиштаву шукуфон дарёфт. Дар оғӯши Меҳани соҳибистиқлол баъди дарбадарӣ худро ором ҳис кард. Оҳи сабук кашида, шукр гуфт.
Душманони миллати тоҷик озодиву соҳибистиқлолии Тоҷи¬кистонро дидан намехостанд. Бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳазорон мардуми бегуноҳи хонахароб тарки диёр карданд. Холаи Майна яке аз онҳо буд. Ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ ӯ ва аҳли байташро ба хоки Афғонистон кашид.
- Баъди оғози нобасомониҳо аз тарси ҷон бо аҳли оила канори Ому рафтем, - мегӯяд холаи Майна. Оваҳ, дарёи хурӯшоне ва назди соҳилаш мардуме дар ҷӯш. Писарам Муҳаммадрасул дар Коллеҷи ҳавонавардии Бишкек таҳсил мекард. Ҳамон вақт ҳамроҳи завҷааш Ҷамила ( Жанна ном дошт, ман ӯро Ҷамила мегуфтам), ки русдухтар буд, ба хона омад, мехостанд моро бо худ бубаранд. Нохост дар болои сарамон чархболе чарх зада фуруд омад. Суроғ карданд, ки миёни шумоён, агар марду занҳои рус бошанд, мо онҳоро бо худ гирифта ба ҷойҳои бехавф мебарем. Ба назди Ҷамила омаданд. Келинам гуфт, ки бо аҳли оилаам мемонам. Ба ӯ гуфтам: «Ба хотири тифли дар батнат буда, бирав, ҳамин ки оромӣ шуд, боз дида ба дидор мерасад». Ҷамила розӣ нашуду бо мо ба он сӯи дарё гузашт.
Ҷамила ба гуфтор омад: - Шонздаҳ соат пиёда миёни чангу хок, гуруснаву ташна роҳ рафтем. Оқибат ба деҳае расидем, ки Кулӯхтеппа ном дошт. Мардум моро хуб пазируфта, дар хонаҳо ҷой карданд. Моро Ҳоҷӣ Шукур ном марде ба хонааш роҳ дод. Инсони сахӣ будааст. Кулӯхтеппа деҳаи асримиёнагиро мемонд. Аз барқ нишоне набуд. Хубиаш танҳо дар мардуми даст ба хайру меҳрубонаш буд. Як муддат зарур омад, ки инҷо монем. Бошандагони деҳа аслан қунғурот буданд. Занҳо назди мо намеомаданд. Аз дур онҳоро медидем.
- Қисмат аз Кулӯхтеппа ба Қундуз, аз Қундуз ба Кобул бурд. Мо дигар бозичаи дасти тақдир шуда будем, - ёд овар холаи Майна. - Сарнавишт ба ҳар тарафе, ки мехост, мепартофт моро. Ҳангоми аз Қундуз ба Кобул рафтан, Ҷамила ба азобҳои роҳ тоб наовард, бемор шуд. Бо амри Худо дар роҳ мошине пайдо шуд. Ҳоли моро дида раҳми ронанда омад, Ҷамила ва Муҳаммадрасулро бо худ гирифта ба яке аз беморхонаҳои Кобул расонд. Мутаассифона, Ҷамила тифли мурда ба дунё меорад. Ману Ҷамила ва духтари калониам Саида, ки ӯ низ, ҳамон вақт ҳомила буд, дар ёди Ватан, ба баҳонаи ин тифли номурод, зиёд гиря кардем. Ба Худо, талх гиристем…
Дар Кобул паи рӯзгор шудем. Шавҳарам аслан ронанда буд, аммо чун устои барқ кор меёфт. Писари калониам ронандагӣ мекард. Ҷамила ба тарҷумонӣ машғул шуд. Ӯ филмҳои афғонӣ ва эрониро ба русӣ мегардонд. Як зиндагии руҳбаше ин ҷо насибамон гашта буд, то омадани толибон ба Кобул. Яъне, то соли 1998-ум…
Холаи Майна оҳи бадарде кашида суханашро идома дод…
- Толибон дар аввал ором метофтанд, баъдтар овозаҳои баде оид ба амалҳои онҳо паҳн шуд. Ба хотири бачаҳо ва духтаронам роҳи Покистонро пеш гирифтем. Боз оворагӣ ва ғарибӣ. Ин навбат панҷаи сарнавишт моро ба шаҳри Пешовар овард. Дар мавзеи Ҳаётобод маскан гирифтем. Писарону духтаронам забони урду ва англисиро аз худ намуданд. Озодона ҳарф мезаданд. Корҳои мувофиқе пайдо карданд. Ҳамроҳи духтари калонӣ ва домодам 10 нафар будем.
Одамӣ ба куҷое, ки наравад, ба сахтиву нооромиҳои он ҷо тоб меовардааст, вале дил ҳамеша майли зодгоҳ, майли дидори ёру диёр мекунад. Маро ёди падар сахт афгор намуд. Падарам Туфон Солеҳов иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 буд. Ӯ то Берлин ҷангидаву баъди Ғалаба бо ордену медалҳои зиёде ба Ватан баргашт. Даҳшати ҷангро қариб ҳар рӯз аз даҳони падар мешунидам. Падарам гоҳе ба сукут мерафт ва ноаён ашк мерехт Мегуфт, шаҳру деҳаҳои сӯхтаву валангор ва зану кӯдакони сарсону саргардони он солҳо аз пеши назарам дур намешаванд. Оҳ Худоё, имрӯз, ки мо ҳама ғарибу саргардон ҳастем, ӯ дар чӣ ҳол аст? Падарам чӣ мегуфта бошад? Боз фикрҳои зиёде ба сар меомаданд, ки ором буда наметавонистам. То ин фоҷиаи миллат дар колхози машҳури «50 - солагии Тоҷикистон» (ҳоло «Авасто»)- и ноҳияи Қубодиён мезистем. Ёди падари 80-солаам маро ором намегузошт. Рӯзе мавлуди кадоме аз писаронам буд. Дас¬тархони пурнозу неъмат густурданд. Торти калоне ҳам рӯи дастархон гузоштанд. Хоҳиш шуд, ки шириниро ман бибурам. Натавонистам, ашк гулугирам кард. Писаронам пурсиданд:
- Модарҷон, чаро гиря мекунед? Гуфтам: - Ҳама ин нозу неъмат талх аст бароям. Оҳ, кош дар Ватан бошаму як пора нони қоқ бошаду дар об тар карда хӯрам.
Писаронам дилдиҳӣ карданд: - Гиря накунед, модар, Иншоаллоҳ ба Ватан бармегардем, агар расидем, хоки Ватанро бӯсида ба дидаҳо мемолем…
Фариштаи омин дар гузар буд магар, ки баъди ду рӯз шавҳарам ба хона омада гуфт: -Очаш, бору банд ҷамъ оред, меравем…
- Ба куҷо?
- Ба Ватан!
Мо бо ёрии Сафорати Тоҷикистон дар Покистон ба Ватан баргаштем. Ин соли 2002 буд. Дар фурудгоҳ моро намояндагони Ҳукумат бо нону намак хело хуб истиқбол карданд. Ростӣ, ин гуна меҳрубониро интизор набудем. Баробари аз зинапояи ҳавопаймо поён шудан, бинам писаронам замини Ватанро мебӯсиданду гарди онро ба чашмонашон мемолиданд. Насими фораме вазида, сару рӯямро чунон навозиш мекард, хаёле модарам дубора зинда шуда. Оҳ, гуфтам, Ватан. Модар, акнун осуда хоҳам буд. Дубора ба оғӯшат омадам. Азизтар аз Ватан ҷое надидам…
PS: Имрӯзҳо синни холаи Майна ба 75 мерасад. Ӯ дар як гӯшаи шаҳри дилорои Душанбе шоду хуррам бо фарзандону наберагон умр ба сар мебарад. Сари чанд вақт ба ноҳияи Қубодиён, ба назди хешону пайвандон меравад. Ҷамила бошад, соҳиби панҷ фарзанд буда, дар беморхонаи Қарияи Боло заҳмат мекашаду мегӯяд: - Беҳтарин туҳфаи Парвардигор бароямон ҳамин истиқлол ва оромии Тоҷикистон аст…
Абдураҳмон РАҲМОНОВ