Чанд рӯз пеш китоби «Нахустин устод»- и Чингиз Айтматовро мутолиа кардам. Дар пеши назарам симои хирадмандонаи устоди нахустинам Кимиё Ҷӯраева падид омад, ки ба шарофати ӯ ҳарфҳоро шинохтам, онҳоро бо ҳам часпонда, хондани матн-ро аз худ кардам, дуруст нишастану ба сухани калонсолон гӯш доданро омӯхтам, салом додану посух доданро, аз ҷумлаи амалҳои худ донистам, то андозае неку бадро фарқ мекардагӣ шудам.
Роҳи мушкил, аммо…
Кимиёбону 14 - уми августи соли 1967 дар ноҳияи Қумсангир (ҳозира Ҷайҳун) дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаб соли 1984 ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ дохил шуд.
- Замони донишҷӯиро давраи тиллоии ҳаёт мегӯянд, ки дуруст аст. Дар гурӯҳ 33 нафар аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ сарҷамъ будем. Аз роҳбари гурӯҳамон Қайюм Мерган ва мутасаддии таҷрибаомӯзиамон Имомалӣ Давлатов оид ба касби интихобкардаамон ҳам аз ҷиҳати назариявӣ ва ҳам амалӣ хеле чизҳо омӯхтем. Суханони устодон аз хотир зудуда нагаштаанд: «Вақте ки омӯзгор шудед, ба синфхона ҳамчун падару модари ғамхор ворид шавед ва тасаввур кунед, ки талабаҳо фарзандонатон ҳастанд. Агар аз рӯи ин қоида амал кунед, хуб, вагарна муаллими ҳақиқӣ намешавед…»
Устодон, пеш аз ҳама, худашон намуна буданд ва ба мо ҳам талқин мекарданд, ки намуна бошем. Ба мо мегуфтанд, ки донову бино, сухандону суханвар бошем. Аз ҳамон замон дарк кардам, ки роҳи интихобнамудаам мушкил аст, аммо ба умед ва боваре зистаму мезиям, ки пешаи мушкил ҳам бошад, ширин аст, лаззат дорад, зеро мо ояндаи ҷамъиятро месозем.
Орзуе, ки амалӣ шуд
Соли 1987 Кимиё пас аз итмоми Омӯзишгоҳ ба зодгоҳаш баргашт. Тибқи таҷрибаи маъмул дар мактаби деҳа ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ба фаъолият пардохт.
- Ҳангоми ба курсии муаллимӣ нишастану ба шогирдон дарс гуфтан, ба ёди кӯдакиву наврасиам рафтам. Он замон ба симо ва меҳрубониҳои муаллими аввалинам Файзиддин Наврӯзов нигоҳ мекардаму ба худ мегуфтам, ки оянда омӯзгор мешавам.
Ҳоло бар онам, ки сабаби интихоби ин касби пурифтихор ва 37 соли умрамро ба кӯдакон бахшидан, маҳз рафтору гуфтору кирдори намунавии устоди нахустинам аст, - изҳор намуд омӯзгори варзида.
Мавсуф то соли 1992 дар мактаби деҳа кор карда, баробари оғоз шудани нооромиҳо ба шаҳраки Консойи вилояти Суғд кӯчида, зиндагии навро оғоз кард ва то ҳол машғули омӯзгорист. Мо аз ҷумлаи хонандагоне ҳастем, ки баробари шунидани калимаи «омӯзгор» ном ва чеҳраи муаллим Кимиё Ҷӯраеваро пеши назар меорем. Воқеан ҳам, нақши устоди азиз дар роҳнамоӣ ва роҳкушоии хонандагони синфҳои ибтидоии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳраки Консой назаррас аст.
Рисолат
Омӯзгор Ҷӯраева рисолати устодиро дар таълиму тарбияи дурусти шогирдонаш медонад. Ӯ мегӯяд, ки аз бовариву эътимоди мардум ба омӯзгор ангеза мегирад ва мекӯшад то бачаҳо ба дарс ҳамту омада нараванд, балки барои худ чизе бигиранд.
- Шогирдон дар муҳити гуногун ба воя мерасанд. Тарбияи ҳамаи падару модарон як хел нест, волидоне сахтгиру серталаб ва оилае бепарвою беаҳамият ҳастанд. Моро мебояд ҳолати равонии кӯдаконро дониста, бо онҳо муносибат намоем. Чун ман омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ҳастам, кӯшиш мекунам, ки ҳамеша барои шогирдонам мисли модар бошам. Ба ҷуз хондану навиштанро омӯзондан, талқин месозам, ки доим накукор бошанду аз бадиҳо дур, ҳурмати калонсолонро ба ҷо оранд, фурӯтан бошанд, - гуфт Кимиёбону.
Ифтихор
Бо гузашти солҳои омӯзгорӣ Кимиё Ҷӯраева аз интихоби касбаш розист. Ифтихор аз давлати ободу озоду соҳибистиқлол, ифтихор аз ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ифтихор аз шогирдони қобил ва ифтихор аз хонаводаи ободу тифоқ мекунад.
Робия ҲАСАНОВА