Вақте ба аёдати омӯзгори варзида, модари ҳашт фарзанд Эҳсоной Шодиева рафтем, аввалин ҳолати ба назаррасида дилҷӯии ӯ аз тифлакон буд. -Аз моҳи январи соли 2022, бо сабаби беморӣ, бознишаста шуда, аз мактабравӣ мондам. Шукр, 26 набера дорам, хуморамро аз дидори онҳо мешиканам, - гуфт ӯ.
Бузургии омӯзгор ҳам дар ҳамин аст. Бештар аз 46 сол муаллими синфҳои ибтидоӣ будаасту ҳазорон кӯдакони миллатро барои парвоз дар осмони донишу фаҳмиш болу пар бахшидааст, аммо боз ҳам аз худ норозист, дар хиҷолат аст, ки кошки саломатӣ фанд намекарду боз ҳам маҷоли дарс гуфтан медод. Ҳатто шумурдааст, ки чанд моҳу чанд рӯз боз дар фазои мактаб нест, дилаш бе мактабу маориф танг аст. Аз он ки на дар як хона, балки дар чанд дару даргоҳи шоҳонаи фарзандонаш ба навбат зиндагӣ мекунаду меҳмон мешаваду гули нону намакро мечашад, қонеъ нест. Барои ӯ ранҷи омӯзгорӣ беҳтар аст, бо кӯдакон будан, бо онҳо розу ниёз гуфтан ва донишу малакаи солҳо андӯхтаи хешро ба ҳам дидан мехоҳад.
ДАРИЧАИ ОШНОӢ
Эҳсоной Шодиева 1 майи соли 1953 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шуд. Падараш Бобоҷон Шодиев, иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945, пас аз ғалаба дар шаҳри Истаравшан ҳамчун прокурор фаъолият дошт. Минбаъд ба симати прокурор ба шаҳри Панҷакент сафарбар гардид ва маҳз ин ҷо модари Эҳсоной ёраш гашт. Аз ин пайванди зебо як духтарак ба дунё омад, ки ҳамин қаҳрамони мост. Ҳамсараш, ки зодаи ноҳияи Айнӣ буд, Эҳсоной пас аз арӯсӣ ба ин гӯшаи қадими диёр омад ва барои ҳамеша бад-ин хоку об ҷонпайванд гардид.
Маълумоти олии омӯзгориро аз Институти педагогии Ленинобод гирифт. Бештар аз чилу шаш сол дар мактаби миёнаи № 1-и ноҳияи Айнӣ омӯзгори синфҳои ибтидоӣ буд. Хизматҳояшро бо нишони Аълочии маорифи РСС Тоҷикистон қадр карданд. Дар давоми фаъолияти пурмаҳсули хеш басе тифлакони беғубору фариштахӯро тарбият кард ва бо ангуштони ишорат ҳазоронро ба ояндаи дурахшон ҳидоят намуд, ба хонандагон роҳи равшани фардоро нишон дод. Ҳеҷ гоҳ мансабу унвон нахост, як умр омӯзгор монд. Аз ҳамин зинаи хоксорӣ фалаки дилҳоро тасхир намуд.
ОШИҚИ ДӮСТРӮЯКОН
- Писарҷон, ман ошиқи кӯдакони миллат ҳастам. Ростӣ, дар байни омӯзгорони фанҳои гуногун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ будан, шарафу ифтихори дигар аст, нишоти дигар дорад. Маро шояд омӯзгорони ин зинаи таҳсилот бештар дарк кунанд. Бо чашмони худ мебинӣ, ки тифлаки аз муҳити мактаб ва қоидаву қонунҳои ҷомеа бехабар, гоҳо забонаш ширину ҳанӯз инкишофнаёфта калон мешавад, ба одамон унс мегирад, аввалин ҳарфҳоро меомӯзад ва онҳоро ба ҳам «ҷанг андохта», вожаҳои модар, падар, Ватан ва омӯзгорро месозад. Ин калимаҳои муқаддас, ки навиштану талаффузашон барои мо – калонсолон муқаррарӣ ва такрорист, барои онҳо кашфиётро мемонад. Бо дуруст навиштани як калима тифли дабистон барои худаш муъҷиза меофарад. Агар омӯзгори аввалин ҳамин эъҷози айёми тифлиро ба инобат нагираду чашми кӯдакро ба ҷаҳони пуртазод дуруст накушояд, дигар оянда вазъи руҳониву ҷисмонии ӯ хуб нахоҳад шуд, зеро бузургон фармудаанд: «Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ, То Сурайё меравад девор каҷ», - мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
«ФАРЗАНДОНИ МАН БЕШУМОРАНД»
Ин модари донишёр баъди даргузашти ҳамсар чандест дар шаҳри Панҷакент, дар хонаи духтараш наберабон аст. Даст болои дасти бемораш гузошта, кам-кам онро молиш медиҳаду ба дуриҳо чашм медӯзад. Каме ба хаёл фурӯ меравад ва мисли кӯдак шод шуда, меафзояд: «Чанде пеш ба ноҳияи Айнӣ рафтам. Чароғи хонаи ҳамсарамро равшан кардем. Гурӯҳ-гурӯҳ омӯзгорон ба хона барои аёдат омаданд. Ҳама нигарон буданд, ки банда чаро бемор шудам. Ҳол мепурсиданд, аз гузаштаҳо мегуфтанд, ҷаҳони маро бо хотираҳои рангин пур мекарданд. Ба дил гуфтам: ҳамин аст давлат, вақте қадр мекунанду аз буданат фараҳманданд, аз нотобиат дил мефишоранд, ғамгин мешаванд. Дар байни хабаргирҳо шогирдони ҷонам ҳам буданд. Ростӣ, писарам, фарзандони ман бешуморанд, шумораашонро намедонам. Яке меояд генерал, дигаре меояд раиси ноҳия, яки дигар соҳибкори муваффақ, дигарӣ устоди донишгоҳ. Ҳамин тавр, ҳар яке дар ҷодаҳои гуногун муваффақу номвару таъсиргузор. Аз дидори нурбори онҳо дилам неру мегирад. Саршори ифтихор мешавам, ки ҷӯҷаҳои ман имрӯзҳо уқобу шаҳбозони кӯҳсорони ватананд, бо вуҷуди он ки ошён дар қуллаҳо гузоштаанд, боз ҳам ба лонаяки бобоӣ бозмегарданд ва дар баробари зиёрати азизони худ маро ҳам дида мераванд».
Эҳсоной Шодиева фарзандони худро соҳиби маълумоти олӣ ва хонаву дар кардааст. Як арӯсаш аз Истаравшан, дигаре аз Россия, яке аз духтаронаш арӯси хонадони самарқандиён аст. Ӯ тани танҳо меҳвари баҳамоии кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистону Россия мебошад. Худаш ҳам бо табассум изҳор медорад: «Кулбаи ман ваҳдатистон аст». Бавижа, писари хурдӣ Ҳасан Ҷумъаев ба ободонии муассисаи таълимии модар фаъолияткарда ҳисса гузошт, масҷиди маҳалларо таъмир намуд ва дуои пиронро гирифт.
Дар суҳбати чунин модарони хушдилу хирадварз биншаста, ин мисраъҳо зери лаб мешаванд:
Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,
Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.
Агарчи аз занон пайғамбаре нест,
Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР