Садои шикастани пиёла фазои хушро барҳам зад. Бо қаҳр садо дардодам, Наргис, пиёларо шикастӣ!?
Модарам медонистанд, ки ба ҳар ашёи хона боэҳтиёт муносибат мекунам, бо узр гуфтанд:«Нохост аз дастам афтод». Хиҷолат кашидам аз модар барои нороҳат карданашон, бахшиш пурсидам, аммо бехабар мондам, ки пиёларо Наргис шикастааст. Духтарчаи ҳамеша шӯху хандонрӯи мо он рӯз бо сари хам ва табъи гирифта ғизо хӯрд.
Ин шояд аввалин пуштибонӣ аз Наргис буд, ки бо дурӯғ оғоз шуд ва, мутаассифона, то ҳол давом дорад. Пиёла дарди бахайр, ҳодисаҳои дигар буданд, ки Наргиси кӯчак бо гуфтани дурӯғе аз сари худ соқит мекард. Чун ӯ духтарчаи меҳрубону дилёб аст, гуноҳашро дигарон, масалан, падараш, бобою бибиҳояш ва ҳатто дугонаҳояш ба гардан мегиранд ва ҷони ӯро, ба қавли худ, аз пархош мераҳонанд.
Афсӯс, ҳамин гуна надониста мондем, ки духтарчаи мо, ки барои тарбияву таълимаш ҳамаи ҷаҳду талоши худро равона месохтем, ба дурӯғ гуфтан одат карда монд, - гӯён оҳи сард кашид модари Наргис.
Воқеан, дурӯғ бузургтарин гуноҳ дар муносибатҳои иҷтимоист, ки на танҳо модари Наргис, балки инсонҳои огоҳи ҷомеаро ба танг овардааст. Одамон қариб дар ҳар қадам дурӯғ мешунаванд ва ё дурӯғ мегӯянд. Дурӯғ на танҳо ба гӯянда, балки ба шунаванда низ, зарари ҷиддӣ мерасонад. Дилҳоро бефурӯғ ва инсонҳоро маснуӣ мегардонад. Ин бефурӯғӣ оҳиста - оҳиста чун вирус ба ботинҳо роҳ ёфта, зарра - зарра вуҷуди одаму ҷомеаро фаро мегирад.
Барои муайян намудани сабабҳои дурӯғгӯии баъзе наврасон ва роҳҳои пешгирии он бо мутахассиси соҳа, дотсенти кафедраи педагогика, психология ва методикаи тарбияи томактабии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, равоншинос Зарина Хайруллозода суҳбате оростем.
Дар илми равоншиносӣ дурӯғу дурӯғгӯиро чӣ гуна шарҳ медиҳанд?
– Аз назари равоншиносӣ дурӯғ аз ғаризаҳо ва майлҳои фитрӣ дар инсон набуда, балки аз ҷумлаи одат ва хӯйҳои иқтибосӣ ба шумор меравад. Дар назари аввал, дурӯғ мисли ҳиҷоб ё ниқобест, ки одамон барои рӯйпӯш кардани гуноҳи худ ё бофтани ҳодисае истифода мебаранд. Лекин, ин оҳиста - оҳиста ба одати бад ва дарди бедаво табдил меёбад. Онҳое, ки ба ин беморӣ гирифтор мешаванд, шахсияти худро ҳамчун инсони воқеӣ такмил надодаанд ва ё ба таври табиӣ одат кардаанд.
Дунёи ростӣ дунёи софу беолоишест, ки ҳамаро дар он зебо мебинӣ. Рост гуфтану рост зистан зеботарин эҳсоси фитрианд, ки одамро ба накукориву накуандешӣ водор месозанд. Дурӯғ чун сиёҳӣ ва доғи шустанашаванда дунёи зебои ботинро олуда мегардонад. Ин доғ, агар бештар шудан гирад, дигар шахс зебоӣ, хубиро дида наметавонад. Мутаассифона, афроде, ки ба дурӯғгӯӣ одат кардаанд, дарк карда наметавонанд, ки гуфтани як сухани рост роҳаттар аст, нисбат ба гуфтани дурӯғе, ки барои рӯйпӯши он бояд ҳазор фиреби дигар бофта шавад.
Дар ҳаёт ба зарбулмасали «Дурӯғи маслиҳатомез, беҳ аз рости фитнаангез» низ, бисёр вомехӯрем. Мегуфтед, ки дурӯғҳои раво ба ташаккули шахсият чӣ таъсире мерасонанд?
- Баъзан вақт, ба хотири наранҷондани касе, барои афсурда насохтан, барои оташи ғазаберо фурӯ нишондан, шахс огоҳона дурӯғ мегӯяд. Масалан, табибе ба мариз, ки дигар умеди шифо надорад, ноилоҷ мегӯяд, ки бемории шумо на он қадар вазнин аст. Ҳарчанд вазъи саломатии касалманд вазнин бошад ҳам. Ба мисли ин, баъзе дурӯғҳое ҳастанд, ки барои ҳаёт зарур мебошанд ва онҳоро ҳам дар илми равоншиносӣ ва ҳам дар ҷомеа раво медонанд. Чунин суханҳои руҳбаландкунандаву таскинбахшанда дурӯғ нест, балки сабуктар кардани зарбаи ҳақиқате аст, ки хоҳ нохоҳ ошкор мешавад. Аммо, ногуфта намонад, ки дурӯғҳои раво низ, бояд ба ҳадду андоза ва меъёри муайян гуфта шаванд. Аз ҳад зиёд гуфтан ё шунидани дурӯғҳои раво ба ташаккули шахсият таъсири манфӣ мерасонанд. Нафаре, ки ба шунидани таърифу тавсиф ва ё лутфҳои беҷо одат кардааст, нақдро намепазирад. Аз шунидани ҳарфи рост дар мавриди камбудҳои ислоҳшавандаи рафтор, кирдор ё гуфтораш хашмгин мешавад ва барои ташаккули шахсияти хеш ҷаҳд намекунад. Аз ин рӯ, дурӯғи маслиҳатомез ҳам аз рӯйи зарурат гуфта шавад.
Андешае ҳаст, ки мегӯянд сухани рост¬ро аз кӯдак шунав, аммо борҳо мушоҳида кардаем, ки кӯдакон ҳам дурӯғ мегӯянд. Кадом омилҳо наврасонро ба дурӯғ гуфтан водор месозанд?
– Дар давраи аввали инкишофи ҳаёт кӯдакон рафтори зодмандонро намунаи ибрат медонанд ва ба олами гирду атроф бо чашми онҳо менигаранд. Ҳар амалу рафтори падару модар ва ё дигар аъзои оиларо кӯдак ҳамчун меъёри ахлоқ мепазирад. Агар падару модар дар ҳузури фарзандон дурӯғ гӯянду ба хатокорӣ роҳ диҳанд, ин рафтор ба фарзандон ибрат мешавад. Қалби кӯдак ба мисли варақи тозаи дастнохӯрда аст. Муҳити зиндагӣ ҳар нақше ки мегузорад, дар он боқӣ мемонад.
Тифлони аз 2 то 5-сола дунёро росту зебо мебинанд ва ҳар амалу рафторро ҳамчун ҳақиқати ҳаёт медонанд. Тафаккури онҳо дар заминаи муносибат ва таъсиргузории наздиконашон ташаккул меёбад. Дурӯғгӯӣ бошад, дар кӯдакон аз синни 5–6-солагӣ ва пас аз он шуруъ мешавад, зеро рушди зеҳнии онҳо дар ин марҳала ба ҷое мерасад, ки сухани ростро аз дурӯғ ва хубро аз бад фарқ мекунанд.
Дар инкишофи зеҳнии кӯдак дурӯғ гуфтан чӣ таъсире дорад?
– Дурӯғе, ки калонсолон мегӯянд, ба ҷомеа ва ё инсонҳои мушаххас таъсири манфӣ мерасонад, аммо ҳар дурӯғе, ки кӯдак мегӯяд, барои ташаккули шахсияти ӯ зарба мезанад. Кӯдаке, ки бисёр дурӯғ мегӯяд, чун одами ноустувор ба воя мерасад. Ӯ нафаре мешавад, ки на танҳо ба оламу одами атроф, балки ба худ ҳам бовар надорад. Мисли дар рӯйи санғи лағжон роҳ рафтан қадамҳояш ноустувор мегардад ва ҳар замон аз пой меафтад. Тарсу ҳарос ва шубҳа ӯро ҳамеша ҳамроҳӣ мекунанд. Агар дар ҳамин марҳилаи ҳассос хӯи дурӯғгӯӣ ислоҳ нашавад, он андак - андак дар шахсияти онҳо решадор ва ба сурати одат медарояд ва дар ниҳоят ба ҷузъе аз шахсияташон табдил меёбад, он гоҳ ислоҳи шахсият ва аз худ дур кардани хислати дурӯғгӯӣ барояшон мушкил мегардад.
Бо кадом роҳҳо метавон дурӯғ будани сухани кӯдаконро муайян ва онро пешгирӣ кард?
Барои донистани дурӯғ будани суханҳои кӯдакон ба тарзи гуфтори онҳо бояд диққат дод. Дар вақти дурӯғ гуфтан, онҳо фикри ноустувор доранд, бисёр ҳарф мезананд. Агар сухани гуфтаашонро дуюмбора пурсед, айнан такрор карда наметавонанд. Ҳатман ё ба суханҳои худ меафзоянд ё аз он чизеро мегиранд. Ҳамчунин аз тарзи рафтор, тез -тез чашмак задан, дасту рӯй ё гардан хоридан, ноором нишастан, пойҳоро тез -тез алвонҷ додан ва ба пасу пеш нигоҳ карда, аз суҳбат гурехтан, метавон ба нодурустии сухани кӯдак пай бурд.
Барои пешгирии дурӯғгӯии кӯдакон бояд зодмандон намунаи ибрат бошанд. Ба фарзандон вақти бештар ҷудо кунанд. Бо онҳо дар бораи тамоми ҷузъиёти ҳаёт суҳбат ороянд. Ба ҳар саволи кӯдак посухи рост диҳанд ва, агар дар фаҳмондани баъзе масъалаҳои ҷузъӣ душворӣ кашанд, ишора кунанд, ки ҳанӯз вақти донистани онҳо нарасидааст, аммо дурӯғ нагӯянд. Мушоҳида мегардад, ки волидон ба фарзандон зиёд ваъда медиҳанд, аммо онро иҷро намекунанд. Кӯдак, дар аксар маврид талаби иҷрои ваъдаро накунад ҳам, онро аз хотир намебарорад. Ҳар ваъдаи вафонакардаи волидон, дар андешаи кӯдак мисли як дурӯғ мемонад ва фиреб додан дар шуури ӯ ташаккул меёбад.
Агар волидон бо меҳрубонӣ ва муҳаббати бекароне, ки дар дил доранд, ба кӯдакон на танҳо дар лаҳзаҳои аввали ҳаёт, балки то пурра ташаккул ёфтани шахсияти ӯ муносибати созанда кунанд, дар тарбияи як нафари ростқавлу поктинату накурафтор муваффақ хоҳанд шуд.
Мафтуна НАЗИРОВА