Мошин сабук рӯи роҳи васеи мумфарш раҳ мепаймуду манзараҳои зебои диёр амсоли навори филм пеши назар ҷилвагар мешуданд. Роҳи тахту ҳамвори масири Ваҳдат – Норак – Данғара синаи талу теппаҳои сарсабзи омехта бо рангҳои қирмизиву хокиву қаҳваиро рахна намуда, сӯи водии ҳосилхез доман меёзад.
Бо вуруд шудан ба шаҳраки Данғара шоҳроҳҳои фароху оинасон ҳамвор ба намои шаҳрак ҳусни дигар зам менамоянд. Ду канори роҳ чойхонаву тарабхонаҳо, қасри фарҳангу маҷмааи варзишӣ, коргоҳҳои хурду бузурги саноатӣ, бемористону дабистонҳои хуштарҳу замонавӣ, иморатҳои баланди истиқоматӣ, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва гулу гулгаштҳо зеббахшандаи ин шаҳраки зебову хушнамоанд.
Роҳу шоҳроҳҳо
Ҷодаву шоҳроҳҳои шаҳраки Данғара шабе¬ҳи шарёнҳои хурду бузург ба ҳам пайваста, равуои нақлиёти сабукраву боркаш ва пиёдагардонро осон мегардонад. Ин диёри хуррамзамин ба истиқболи Ҷашни бузурги миллӣ –
35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷабҳаи бузурги созандагӣ гомҳои устувор мениҳад. Корҳои сохтмону нав¬созии роҳҳои ҳудуди ноҳия ва шаҳрак ҳанӯз ҳам бомаром идома доранд ва қисме аз роҳҳои деҳаҳои атроф ва шаҳрак мумфарш гардида, чароғонкунонии онҳо, навсозии обравҳо ва хатҳои обгузару корез ба анҷом расидаанд.
Корҳои мумфарш ва сангфаршнамоии роҳҳои ҳудуди ноҳияи Данғара, ки дар зарфи се моҳи аввали соли равон ба анҷом расидаанд, барои сокинони минтақа рӯйдоди муҳиму фараҳбахшанд. Аз ҷумла, мумфарш гардидани роҳи масири деҳаи Файзбахш то деҳи Сафобахш ба масофаи 6 километр, пироста гардидани роҳи деҳаҳои Яккатут – Туябуюн ба дарозии 5 км, тули 2 км мумфарш шудани роҳҳои рустои Офтобрӯя, ҳамвору мумфарш гардидани 0,9 км роҳи деҳаи Ғарғара, 0,4 км роҳҳои деҳаи Хуррамзамини деҳоти Исмат Шарифов бо иқдоми наҷибу ободгаронаи соҳибкорони ватандӯсту саховатпеша бунёд гардидаанд.
Барои тақвияти бештари корҳои созандагӣ дар ин самт Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат дастур додаанд, ки бо истифода аз имконияту ташаббусҳои созандаи соҳибкорону шахсони саховатпеша корҳоро дар самти бунёду навсозии роҳҳои байни деҳаҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва марказҳои шаҳру ноҳияҳо фаъол гардонанд.
Шаҳрак
Дар ҳудуди маҳаллаҳои шаҳраки Данғара як қатор корҳои мумфаршкунии роҳҳо сомон ёфтаанд, аз ҷумла роҳи маҳаллаи 6-ум ба масофаи 0,4 км, кӯчаи Абдукаҳҳор Азизов ба дарозии 0,8 км, кӯчаи Неъмат Қаробоев 0,5 км, 0,3 км роҳи коргоҳи «Чарми Данғара», 1 км роҳи Кооперативи истеҳсолии «Раҳмонҷон» ва ғайра. Дар умум, 17,3 км роҳҳои шаҳраку деҳаҳои ноҳия дар ин муддати кӯтоҳ мумфарш ва ободу зебо гардидаанд.
Ҳоло корҳои сохтмонӣ ва асфалтхобонӣ дар 30,15 км роҳҳои ин минтақа бомаром идома доранд, ки аз инҳо 150 метр роҳи дохилии деҳаи Ғиҷовак, 1,7 км роҳи маҳаллаи 4, 0,5 км кӯчаи Синои шаҳрак ва 27,8 км шоҳроҳи Данғара – Бохтар мебошанд.
Тахту ҳамворкунӣ ва мумфаршнамоии роҳҳои дохили деҳаҳо босуръат идома доранд, ки дар ин миён деҳаи Тоҷмаҳал ба масофаи 5 км, Рахшонзамин 0,5 км, деҳаи Шаҳбур 3 км, деҳаи Сафедсанг 1 км, деҳаи Меҳрвар 2 км, деҳаи Хушдилон 3 км ва роҳи дохилии деҳаи Меҳтар 2 км-ро дар бар мегиранд.
Дар масъалаи бунёди роҳҳо ва расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ, рушди сайёҳӣ, дар доираи татбиқи лоиҳаҳо фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва ба ин тариқ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ноҳияи Данғара ба монанди дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ пешоҳанг аст. Сохтмону навсозии роҳҳои ноҳия ва шаҳрак иқдоми нек дар раванди бунёдкориву созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Масири дастовардҳо
Дар бозори хизматрасонии нақлиёти Тоҷикистон вобаста ба мавқеи ҷуғрофии мамлакат соҳаи нақлиёти автомобилӣ аҳамияти калон дошта, ҳамлу нақли беш аз 93,1 дарсади бор ва 96,5 фоизи мусофир маҳз тавассути нақлиёти автомобилӣ амалӣ мегардад. Дар зарфи беш аз 30 сол Тоҷикистон дар соҳаи роҳу нақлиёт ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Дар ин марҳала 54 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 1,8 миллиард доллари амрикоӣ татбиқ гардидааст. Дар доираи ин тарҳҳо беш аз 2227 км роҳ, 259 пул, 6 нақб, 7 долони зиддитармавӣ, 2 чорроҳаи иборат аз се сатҳ ва 2 адад роҳи дусатҳа мавриди истифода қарор гирифтанд.
Дар панҷ соли оянда – солҳои 2022 – 2026 дар ҷумҳурӣ бунёди беш аз 1000 км роҳҳои нақлиёт, 53 пул, 7 нақб ва 5 долони зиддитармавӣ дар назар аст, ки қисми зиёди онҳо аҳамияти байналмилалӣ доранд.
Боиси сарфарозист, ки дар натиҷаи талошҳои Ҳукумати мамлакат дар ҳамбастагӣ бо шарикони рушд ва соҳибкорони меҳандӯст имрӯзҳо мардуми кишвар дар ҳама фаслҳои сол бе ягон мушкилӣ ба тамоми минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон сафар намуда, интиқоли молу маҳсулот низ, ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он бе ҳеҷ монеа сурат мегирад.
Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсиониро ҳамчун ҳадафи стратегӣ қарор дод, ки дар доираи он роҳҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат марҳала ба марҳала ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мегарданд. Бо роҳи ҷалб сохтани мутахассисони варзидаи соҳа ва техникаву таҷҳизоти муосири роҳсозӣ ин масир ба талаботи замон мувофиқ буда, сокинону меҳмонон аз хизматрасонии сатҳи баланди роҳу нақлиёт баҳравар мегарданд ва қалбҳоро ба ҳамдигар наздик месозанд.
Ташаббусҳои дар самти инфрасохтори роҳу нақлиёт анҷомёфтаи мамлакат имкон доданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо, ки ҳамасола аз ҷониби таҳқиқоти байналмилалии «Ҳисоботи ҷаҳонии рақобатнокӣ» доир мегардад, дар зарфи ду соли охир 20 зина беҳтар шуда, мувофиқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар байни 141 кишвари ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50-умро ишғол намуд, ки боиси сарфарозист.
Ободӣ аз осоиштагист, осоиштагӣ аз заковати роҳбарияти олии мамлакат маншаъ мегирад, ки суботу амни кишварро таъмин намуда, баҳри рифоҳу саодати шаҳрвандонаш тамоми шароиту имконотро фароҳам меоварад.
СИМИН,
Душанбе-Данғара-Душанбе