Дар истгоҳи назди Сирки давлатии пойтахт зани ҷавоне бо ду кӯдак менишаст. Яъсу ноумедӣ ва андуҳи бузургро дар умқи чашмонаш ба осонӣ метавонистӣ пай бурд. Кӯдакони хаста бо гиряву ғирев домони модар медоштанд. Зани ошуфтаву парешон фарзандонро сарзанишу аз худ дур кардан мехост ва тоб наоварда, бо кафи дастон дидагонашро панаҳ бурда, талхова гирист. Атрофиён ҳайрон ба ӯ менигаристанд. Зани солоре наздик шуду гуфт: «Чӣ гап, духтарам? Чаро мегирйӣ?»
Зан ашки гунаҳояшро пок карда, муддате хомӯш монд, баъдан гуфт: - Бо шавҳарам низоъ карда, бо кӯдакон ба хонаи падар баргаштам. Дере нагузашт, ки модарам аз олам чашм пӯшид. Баъди чанде зери таҳқиру шиканҷаҳои занони бародаронам мондам. Ин навбат ба пархош тоб наовардаму тарки хонаи падарӣ кардам. Ба ҷуз аз худу кӯдаконамро ба дарё андохтан, дигар чорае надорам, - гуфту бо алам гирист.
Зани ҳайратзада лаҳзае лол монду баъдан ба насиҳат пардохт:
-Роҳи ҳалли мушкилӣ ин нест, худкушӣ гуноҳи азим ва зомини ҳаёти худу тифлакон шудан аст.
Пас гуфт, ки ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат намояд, то баҳраш тадбире ёбанд. Ба дасти ҷавонзан чанд сомонӣ гузошту гуфт: - Ин пулҳоро бигиру ба Кумита бирав. Сипас, нишонии Кумита, рақами телефонро навишта, ба ҷавонзан дод ва ӯро бо фарзандонаш ба нақлиёт савор карду гуселонд.
Аз ин ҳодиса як сол сипарӣ шуд. Рӯзе канори роҳ онҳо бо ҳам вохӯрданд. Ҷавонзан бо хушҳолӣ омӯзгорро ба оғӯш кашида гуфт: - Бо тавсияи шумо амал кардам. Фарзандонамро дар кӯдакистон ҷой доданд, худ низ дар боғча ба кор пардохтам. Ба хонаи шавҳарам баргаштам. Шукр, ҳоло зиндагии ором дорем.
Он бонуи ҳамдам Файзимоҳ Алиева аст, ки бо заҳмати пешаи пуршарафи омӯзгорӣ номошност. Дар МТМУ № 33-и пойтахт аз фанни таърих дарс мегӯяд. Айёми ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки дар дабистони № 50-и шаҳри Душанбе фаъолият дошт, 10 нафар кӯдаки гурезаро ба мактаб ҷалб карда, онҳоро бо либос ва лавозими хониш таъмин намуд. Муаллим пайваста фаъол асту хайрхоҳ. Дар вохӯриву ҷамъомадҳо аз волидони хонандагон даъват ба амал меорад, ки пеши роҳи донишандӯзии фарзандон, махсусан духтаронро нагиранд, бигзор ҳадди ақал дар ҳунаристону омӯзишгоҳҳо касберо аз бар намоянду дар гузори рӯзгор лолу музтар намонанд.
Боре дар Ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ бо раҳнамоии бону Файзимоҳ 15 хонавода духтарон ва ҳамсарони хешро ба таҳсил раҳнамоӣ карданд. Бонувон дар шуъбаҳои ғоибонаи макотиби олӣ ва духтарон баҳри касбомӯзӣ ба омӯзишгоҳҳо дохил шуданд. Ба иқрори ӯ, зан бояд таҳсилдида бошаду аз тарбияи ҳуқуқӣ бархӯрдор, то фарзандони накуро парварда, баҳри ҳифзи манфиатҳои ҷомеа ва кишвари азизи худ камари ҳиммат барбанданд.
Суханони муаллим сеҳру ҷозибае доранд, ки шуури инсонҳоро ба таҳрик оварда, ба фаъолияти пурсамар ташвиқ менамоянд. Барои бедории худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва шинохти асли хеш ба хонандагон аз таърих намунаҳо оварда, аз кору пайкору ҷонфидоии қаҳрамонони миллати тоҷик бо ифтихор сухан мегӯяд.
Дар рафти дарсҳо Файзимоҳ Алиева аз усулҳои фаъоли таълим истифода бурда, хонандагонро ба эҷодкорӣ водор месозад ва аз усули ҳавасмандгардонӣ фаровон истифода мебарад.
-Бо падару модарон зиёд вохӯриҳо карда, таъкид месозам, ки ба тарбияи фарзандони хеш диққат диҳанд, пойбанди корҳои рӯзгор нагарданду барои истироҳату тафреҳи онҳо вақт ҷудо намоянд. Кӯдаконро ба тамошои теат¬ру осорхона ва барномаҳои ҳунарӣ баранд, то ҷаҳонбинишон васеъ ва завқи зебоипарастиро дар онҳо бедор созанд, - иброз дошт муаллим.
Дар ҳар дарси хеш ӯ оид ба падидаҳои номатлуби ҷомеа, аз қабили гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ сухан ронда, пайваста таъкид месозад, ки наврасону ҷавонон набояд фирефтаи ақидаҳои махуфи гурӯҳҳои ифротиву тундгаро шаванд, балки баҳри баланд бардоштани савияи дониши хеш, барои соҳибкасбу соҳибобрӯ гардидан ҷаҳду талош варзанд. Ҳар як баромаду суханрониҳои пурмуҳтавои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун ҳидоятномаи фаъолияти касбӣ дар дафтарчае қайд намуда, рӯзи дигар дар ин бора бо хонандагон суҳбат меорояд.
Боре шогирдеро озмуд, ки пайваста маъюсу руҳафтода ба дарс ҳозир мешуд. Ба хонаи онҳо рафта, дид, ки бародарону хоҳарони маълул дорад, ки беҳаракат дар бистари беморианд. Сахт муассир гашту аз модар ваҷҳ пурсид. Сабабро дар хешовандии наздик будани зану шавҳар дар¬ёфт. Пас, дар мактаб аз талабаҳо хоҳиш кард, ки бо он хонанда нарм рафтор намоянд ва риштаи дӯстиро бо ӯ қавӣ гардонанд. Аз ранҷи ҷисмонӣ ва азоби руҳии маъюбон қиссаҳо карда, дар ниҳоди хонандагон раҳму шафқатро бедор ва ба онҳо дасти мадад расонданро талқин сохт.
Ҳодисаи дигаре, ки соли 1992, айёми алангаҳои ҷанги таҳмилии дохилӣ бо муаллим рух дода буд, фаромӯш накарда. Рӯзе дар деҳоти Сарикиштӣ сӯи мактаб мерафт. Аз дуру наздик садои тир шунида мешуд. Марде ҳамсари тифли навзод дар даст дош¬таро мекӯфт. Ҳама аз ҳавли ҷон дар хавотир буданду касе ҳадди гапзанӣ намекард. Муаллим сӯи онҳо тохта, худро миёнашон андохту кӯдакро аз дасти зан гирифт ва гуфт: «Зани тифли ширхора доштаро шиканҷа додан ноҷавонмардӣ, камоли бехирадиву номардист». Шасти мард гашту бо дашномгӯӣ дур шуд. Аз зан ҳол пурсид.
- Даҳ рӯз қабл таваллуд кардаму дар хона хӯрдание наёфтам. Барои ба хонаи волидон рафтан шавҳарам ҳеҷ розӣ нашуду ба ғазаб омад, - гуфт модари ранҷур.
Бону Файзимоҳ ӯро тасаллӣ доду гуфт, ки дар ҳаёт ин гуна ҳодисаҳо зиёд рӯй медиҳанд.
Рӯзе дар назди муаллим мошини гаронбаҳое қарор гирифт. «Салом, муаллим», - гуфтани ҷавонмарде ӯро ба худ овард. Тааҷҷуби муаллимро дида, аз мошин берун шуду наздаш омад ва гуфт:
- Ҳамоне ҳастам, ки бо ҳамсарам дар кӯча маро даргири низоъ дида будед. Он навзоди рӯи даст духтарам буд, ки чанде пеш ҷашни арӯсиаш орос¬та будем. Шукр, ки он рӯзҳои шуму даҳшатбор гузаштанд ва ҳоло соҳиби ҳама чизам…»
Муаллим лаҳзае сукут варзида гуфт:
- Гарчи сабр талх аст, лек бори ширин дорад. Хуб аст, ки ин ҳамаро дарк кардӣ. Дарёфтӣ, ки беҳтарин неъмати дунё барои кас амну рифоҳу оромист.
PS: Файзимоҳ Алиева дорандаи медали Хизмати шоиста (соли 2021), нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (соли 2010) ва узви созмони «Сипари Ватан» аст. Муаллифи китобҳои «Файзи Истиқлол», «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» ва «Армуғони Иҷлосия» буда, ҳоло барои рӯи чоп овардани китоби «Модар – фаришта» масруф мебошад.
Омина ХОҶАЕВА