Муҳовара бо мудири бахши рушди сайёҳии ноҳияи Ишкошим Фотима Султонбекова
Бештари сайёҳон барои тамошо хатсайри Ишкошим ва Мурғобро мепазиранд. Чаро?
Ишкошим бо дижҳо, тӯпхонаҳо, тасвирҳои рӯйи санг, мазорҳо, маъбаду бошишгоҳҳо, тақвимҳои рӯйисангӣ ва дигар ёдгориҳои бос¬тонии таърихиву муқаддаси фарҳангии зиёд шуҳрат дорад, ки он барои сайёҳон мароқангез аст.
Дижҳои Ямчун, Қаҳқаҳа, Ҳисор, Абре¬шимқалъа, ки муҳаққиқон бунёдашонро ҳанӯз ба давраи Кӯшониён марбут медонанд, на фақат дар Роҳи абрешим, ки як масираш аз ин ҷо мегузашт, аҳамияти бузурги дидбонӣ ва муҳофизавӣ доштанд, балки санъати меъмории сокинони маҳалро дар давру замонҳои гуногун дар худ таҷассум намуда, дар баробари тамошогарон, олимон аз кишварҳои гуногун ба омӯзишашон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир месозанд.
Дижи Ямчун ба феҳристи ёдгориҳои таърихии ҳифзшавандаи ЮНЕСКО ворид гашта, барои корҳои барқарорсозии ин куҳандиж бештар аз 5 миллион евро ихтисос дода шуд ва интизор меравад, ки навсозии он соли равон шуруъ мегардад. Дар назди дижи Қаҳқаҳа зиёда аз 40 тасвири рӯйи санг боқӣ мондааст, ки аз таъриху фарҳанги мардуми маҳал ҳикоят мекунад. Навиштаҷот ва тасвирҳои рӯйи санг зиёд буда, ҳар чи бештар мавриди таҳқиқ қарор мегиранд.
Яке аз дижҳо ба номи бонуи диловару шуҷоъ Кабудсор гузошта шудааст. Тибқи ривоят дар мубориза бар зидди аҷнабиён барои ҳифзи марзу буми Ватан дар ин диж бонуе шуҷоат нишон додааст ва диж ба номаш ёд мешавад.
Дар рӯ ба рӯи дижи Ямчун қалъаи дигар мавҷуд аст, ки ба давраи тоисломӣ иртибот дорад, номи маликаи зираку оқила ва ботадбир Зулхуморро, ки дар густариши тиҷорат ва таҳкими ҳусни ҳамҷаворӣ ва фарҳанги сулҳ нақш дошт, гирифтааст.
Минтақа чун макони ҳамзистии осоиштаи тамаддунҳои гуногун таваҷҷуҳ ҷалб мекунад. Сокинони ноҳия ёдгориҳо ва муқаддасоти давраҳои гуногунро чун мероси гаронбаҳои фарҳангӣ баробар муқаддас медонанд ва ба онҳо эҳтиром мегузоранд. Дар деҳаи Вранги ноҳия маъбади буддоӣ мавҷуд аст, ки мардум чун дигар макони муқаддаси давраи исломӣ ва тоисломӣ онро ҳифз менамояд ва тозаву озода нигоҳ медорад. Фарҳанги таҳаммулпазирӣ, ки дар муносибати сокинон дар мавриди ҳифз кардану гиромӣ доштани мероси фарҳангӣ ва муқаддасоти адёни гуногун ба чашм мерасад, боиси ҷалби сайёҳони бештар гардида, аз ҷумла пайравони зиёди оини буддоӣ ба минтақа гардидааст.
Чашмаҳои дармонбахши зиёд сарвати бебаҳо маҳсуб меёбанду хусусияти шифоии қариб 30 чашма пурра омӯхта шудааст. Агар Гармчашма дар табобати бемориҳои пӯст, асаб, роҳҳои нафаскашӣ шуҳрат дошта бошад, хоҳишмандони беҳбуд ёфтани бемории чашму гурда ва рагҳои дилу хунгард ба табобатгоҳи Авҷ муроҷиат мекунанд.
Чашмаи Ямчун ба фароғатгоҳи замонавӣ табдил ёфта, дар ин ҷо бемориҳои занона, талха, ҷигар, устухону мушак табобат меёбанд. Олимон ҳанӯз дар охири солҳои 30-юми асри гузашта хусусиятҳои шифоии чашмаҳои Вахонро омӯха, онҳоро «Баржомии Бадахшон» номиданд.
Ишкошим чун макони табиати сабзу хуррам ва дастнохӯрдаву гуногунрангии биологӣ ҷолиб аст. Дар мамнуъгоҳи Зоркӯл намуди зиёди нодири парандагон ва ҳайвоноти ваҳшӣ дучор меоянду ғозҳои ҳиндӣ, ки онҳоро «маликаи Зоркӯл» ҳам меноманд, дар роҳи ҳиҷрат аз Ҳиндустон ба мамолики Осиёи Марказӣ фасли баҳор нахуст дар ҷазирачаҳои ин кӯл лона мегузоранд. Сайёҳоне, ки аз сафар тавассути мошин хаста мегарданд, дар ноҳия метавонанд аз хатсайрҳои махсус бо аспу хар ва ё шутур истифода баранду дар ҷараёни саёҳати экологӣ имконияти бештари муошират ва ошноӣ бо мардуму ҳунарашонро дошта бошанд ва аз накҳату насими тоза лаззат баранд. Ин сифатҳо ва афзалиятҳои дигар минтақаро ба хатсайри ҷолиб барои сайёҳон табдил додаанд.
Аз санъату ҳунари мардумӣ дар ривоҷи сайёҳӣ чӣ гуна истифода мешавад?
Сарвати асосии ҳар кишвар мардум ва фарҳанги он мебошанд. Сокинони ноҳияи Ишкошим аз Ғорон то Вахон санъатвару ҳунарманданд. Бесабаб нест, ки ноҳия тайи солҳои охир макони баргузории фестивалҳои ҳунарӣ ва экологӣ интихоб гардида, дар ин чорабиниҳо дар баробари сокинони маҳал меҳмонони зиёд аз дохил ва хориҷи кишвар ширкат меварзанд.
Бонувон касбҳои дӯзанда, буранда, ресанда, намадсоз, ҷӯроббоф, тоқидӯз, бандбоф, рангборбар, кулолӣ ва амсоли инҳоро аз насл ба насл такмил дода, то ба даври мо оварда расонданд. Бахусус дар ҳунари гулдӯзӣ занон беҳамтоянду тахайюли зебоофар ва маҳорати баланди гулпартоиашон дар дӯхти тоқии вахонӣ, гиребону пешбари курта, камарбанд, саростин ва пешонибанди тифлу арӯс барҷаста ба назар мерасад. Боиси ифтихор аст, ки акси тоқии гулдӯзии вахонӣ як гӯшаи пули миллии 20 сомониро оро медиҳад, ки эътирофи санъати гулдӯзии бонувони ҳунарманди қобилу пуркор дар сатҳи миллӣ аст. Қариб ҳар бонуи ноҳия бофанда асту дар туҳфа намудани ҷуробҳои зебои пур аз нақшу нигорашон дасти сахо дорад ва сайёҳону хоҳишмандон метавонанд фаровардаҳои дас¬тиашонро дар дуконҳо бо нархи арзон бихаранд. Солҳои охир ҳунари сабадбофӣ рушд карда, сабадҳои аз навдаҳои беди худрӯй ва ё танаи рустании гандуму ҷавдор омоданамудаи бонувони ҳунарманд талабгори зиёд пайдо намудааст.
Рушди сайёҳӣ чун манбаи муҳими тарғиби фарҳанг ва даромади молиявӣ дар меҳвари сиёсати давлат қарор дорад. «Дар панҷ соли охир ба кишвари мо беш аз 3,9 миллион сайёҳ ворид гардидааст. Дар ин давра барои пешниҳоди хизматрасонӣ ба онҳо беш аз 600 ва танҳо соли 2022-юм 100 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ сохта мавриди истифода қарор дода шудааст», - зикр гардид дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат. Дар доираи амалӣ намудани тадбирҳои Ҳукумати кишвар оид ба рушди сайёҳӣ дар ноҳияи Ишкошим корҳои муайян анҷом ёфтанд. Айни ҳол дар ноҳия 22 меҳмонхона, 19 ҳомстей, 3 тарабхона, 14 ошхонаву қаҳвахона, 113 мағоза ва 9 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ мавҷуд буда, дар хизмати сокинону меҳмонон қарор доранд.
Дар ноҳия се ширкати сайёҳӣ ба қайд гирифта шуда, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои зиёди сайёҳии кишвар барои ҷалби бештари ҷаҳонгардон ба ин гӯшаи зебои Ватани азизамон кор мебаранд. Соли гузашта 1006 сайёҳи хориҷӣ ва 2217 сайёҳи дохили кишвар барои истироҳату табобат ва дидор аз маконҳои таърихӣ ба ин ҷо омаданд.
Барои рушди сайёҳӣ боз кадом корҳоро анҷом додан муҳим аст?
Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев 10 сол ҳамчун омӯзгор ва 12 сол боз дар соҳаи хизмати давлатӣ дар сохтори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар вазифаҳои гуногун фаъолият дорам. Ба сифати мудири бахши сайёҳӣ густариши тарғиби фарҳанги сайёҳӣ, мусоидат намудан дар ташкил ва такмили инфрасохтори замонавии хизматрасонӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дар сатҳи баланд нигоҳ доштани ҳолати санитарӣ - эпидемиологиро аз омилҳои муҳими ҷалби сайёҳон мешуморам. Мехоҳам дар густариши фаъолияти марказҳои хизматрасонии иттилоотӣ барои сайёҳон ва марказҳои омӯзиши роҳбаладону тарҷумонҳо ба мақсади тайёр намудани мутахассисони ҷавон дар риштаи сайёҳӣ саҳми фаъол гузорам.
Сайёҳӣ ва хизматрасонӣ дар ин самт ба манбаи муҳими ғанӣ гардондани буҷет ва даромад барои хонаводаҳо табдил ёфтааст. Боиси хушнудист, ки дар баробари бештар шудани воридоти ҷаҳонгардони хориҷӣ мизони сайёҳони ватанӣ, ки барои табобату фароғат ба ноҳия меоянд, сол ба сол меафзояд. Моро месазад, ки аз имкониятҳои нодири сайёҳии минтақа ба таври самаранок истифода барем.
М. ШОҲҶАМОЛ,
ноҳияи Ишкошим