Деҳаи Ҷӯйбори Ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун амсоли дигар рустоҳои ҷануби Тоҷикистон сарсабзу хуррам асту рӯде паҳлуи он нарм - нарм ҷорист, ки заминҳои кишт аз он фаровон ташнагӣ мешикананду ҳосилрез мегарданд. Фаротар аз роҳи калони мошингард, дарунтари деҳ зистгоҳи хоксоронаи сердолу дарахти Саидахола воқеъ аст. Ҳотаи назди ҳавлӣ моломоли сабзавоту кабудиҳои тару тоза ва ба андозаи ҳайратангез бузургу сершира ба назар мерасанд.
Аз самти рост, хонаи одии 24-метра тул кашидааст, ки он ҷо парвариши кирмак сурат мегирад. Бонуи хонадон Саида Фозилова инак, 45 сол аст, ки машғули кирмакпарварист. Ин ҳунарро овони хурдсолӣ аз модар ва баъдан аз пиллапарвари моҳир усто Эрмат омӯхтааст. Бо вуруди гармо бо модар катакҳо сохта, атрофи онро бо дастаи ғӯзапояҳо мебаст.
Саидахола аз соли 2014 ҳамчун мутахассиси тухмипарвар фаъолият дошта, кирми пилларо ҳосил ва баъдан дар шароити созгор парвариш менамояд. Пиллапарварон бо маслиҳату машварати ӯ нозукиҳои пеша меомӯзанду аз таҷрибаи ғаниаш фаровон истифода мебаранд.
Имсол бонуи заҳматпеша ба Ҷамоати деҳоти Қумсангир беш аз 500 қуттӣ тухми кирмак дар¬ёфт намуда, 300 қуттиро худ ва боқимондаро ба деҳаи Яккадин равон намуд. Фарзандаш Зай¬нура Яминова, ки аз ҳунари модар ба хубӣ бархурдор аст, бо раҳнамоии ӯ тухмҳоро зинда мегардонад.
Ба иқрори мутахассис, кирмакпарварӣ кори заҳматталаб аст, зеро кирминаҳоро дар як шабонарӯз то панҷ маротиба бо барги наврус¬таи тут таъмин мебояд. Ҳамчунин, ҳарорати хонаро пайваста муътадил нигоҳ дошта, тозагиро таъмин намудан зарур аст, дар акси ҳол, бо зарар расондани ҳашароти гуногун, бахусус мӯрча, кирмакҳо бемор шуда, аз танидан бозмемонанду мемиранд. Заҳмати шабонарӯзии заҳматпеша, ки 28 - 40 рӯз давом мекунад, барбод меравад.
- То хоби чаҳорум ба нозукиҳои нигоҳубини кирмакҳо таваҷҷуҳ мебояд. Мушкили асосӣ баъди хоби чаҳорум аст, ки дар ин давра 7 шабонарӯз нахобида, кирмакҳоро бетанаффус бо барги тут таъмин кардан зарур аст. Чунин заҳмат подоши хубе ҳам дорад, ки пиллаҳо аълосифат меоянд. То маҳкам кардани рӯи пиллаҳо, ки онро ба забони оммавӣ «гӯрондем» мегӯем, хоб намеравам ва аз баргхӯрии кирмакҳо лаззат мебарам. Ҳамчунин, миёни нафароне, ки бори аввал кирмак мегиранду аз ғизодиҳии онҳо мушкилӣ мекашанд, корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарам. Сардиҳои имсол ба хоби се ва чаҳоруми кирмакҳо таъсир расонд, баъзеи онҳо на ғизо хӯрданд ва на печиданд. Шукр, ки боқимондаҳоро тавонистем зинда нигаҳ дорем. Соли сипаришуда тухмиҳои аълосифат дастрас намудем, ки дар натиҷа кирмакҳоро дар 23 рӯз маҳкам карда, рӯзи 27-ум пиллаҳоро ҷамъ овардем. Нахи ҳар пилла то 180 метр аст. Сифати тухмиҳои имсола он қадар хуб набуд ва парвариши кирмакҳо қариб ду моҳ тул кашиду пиллапарварон азият диданд, - гуфт Саидахола Фозилова.
Пиллакори ботаҷриба то овардани тухмиҳо макони нигаҳдории кирмакҳоро рӯбучин карда, бо маҳлули солярка коркард ва деворҳои биноро сафед менамояд, то пиллаҳо аз ҳашарот эмин бошанд.
- Дар 5 литр об 1 литр маҳлули солярка басанда аст. Онро бо дастгоҳ ё бо ҷорӯб рӯи фаршу сақфу деворҳо мепошам. Коркард то овардани кирмакҳо бояд сурат гирад, дар акси ҳол кирмакҳо гаранг мешаванд. Бӯри махсус ва дигар доруҳои кимиёӣ кирмакҳоро нобуд месозанд. Нам¬нокии хонаро низ, ба назар мебояд гирифт. Рӯи катаку фарш каҳи гандум партофта, хонаро ҳаво медиҳем. Ба серӣ кирмакҳоро ғизо додан даркор. Баъзеҳо нафаҳмида, кирмакҳоро бармаҳал аз барг ҷудо мекунанд. Дар вақти аз як ҷой ба ҷойи дигар кӯчондан кирмакҳо бояд сер бошанд, то ҳини интиқол тоб оварда тавонанд. Онҳоро мисли навзод парасторӣ мебояд, - иброз дошт бонуи таҷрибаандӯхта.
Саидахола аз як қуттӣ кирмак, ки ҳамагӣ 20 грамм вазн дорад, то 40 кг пилла мерӯёнад ва ҳар килограмми онро бо арзиши 15 сомонӣ ба давлат мефурӯшад.
- Аз пиллапарварӣ метавон даромади хуб ба даст овард. Аз ҳар қуттӣ кирмак 7–8 халта пору мемонад, ки арзиши он аз 300 сомонӣ оғоз меёбад. Поруро даруни чуқурие гӯр карда, болояшро мепӯшонем, дар баҳор ба замин мепошем, ки аз нуриҳои кимиёвӣ камӣ надорад. Аз кирмакпарварӣ то 2 мошин ҳезум ҷамъ меорем, ки як дарзааш то 5 сомонӣ арзиш дорад. Пиллапарварӣ, ки як моҳ сурат мегирад, 4 – 5 ҳазор сомонӣ фоида меорад, - афзуд бонуи кирмакпарвар.
Дар масъалаи дастрасӣ ба барги тут Саидахола мушкилие надорад. Ӯ беш аз 50 ниҳоли тутро дар атрофи зистгоҳу заминҳои кишоварзӣ ва лаб-лаби ҷӯйборҳо шинонда, парвариш кардааст. Дар 8 садяки замини наздиҳавлӣ чанд дарахти зардолу, нок, олуча, анор, ток, буттаи қот парваридааст, ки ҳама ҳосилдеҳанд. Канори ҳотаи вай гулҳои накҳатбори рангоранг қад афрохтаву даруни он кабудиҳои хушбӯй, помидору бодиринг, ҷанбулу ҷуворимакка, офтобпараст ва дигар сабзавоти ботароват дар авҷи ҳосилдиҳӣ мебошанд. Аз сабзавоту меваҳо дар зарфҳои шишагӣ барои зимистон захира тайёр карда, хушкмеваҳо низ, таҳия менамояд. Хонаводаи онҳо бо ғизоҳои тару тоза ва шарбатҳои табиӣ ҳамвора таъмин аст.
Саидахола Фозилова 24 сол дар Комбинати хизмати маишии ноҳияи Ҷайҳун ҳамчун дӯзанда ва буранда фаъолият дошт, дар шаҳри Москва ҳунарашро сайқал бахшид, шогирдони зиёдеро тарбия карда, ба шоҳроҳи ҳаёт баровард, имрӯз дар соҳаи кирмакпарварӣ ҳам, доди кор медиҳад. Хушбахт аст, ки маҳсули дастранҷҳояш баъди коркарди саноатӣ, рангандозиҳо зинатгари тани латифи бонувон мегардаду матоъҳои нафиси абрешимӣ хотирҳоро болидаву қалбҳоро пурнишот месозанд.
Омина ХОҶАЕВА,
Душанбе – Ҷайҳун - Душанбе