Бунафша Юлдошзода ба симати муовини раиси шаҳри Ҳисор фаъолият дорад. Суҳбате, ки бо ин бонуи сухансанҷ ва таҷрибаандӯхта доштем, дар худ ҷаҳони маъниро ҳифз намудааст. Гоҳе аз омӯзгориву таълиму тарбияи насли наврас сухан мегӯяду гоҳе мушкили занони корҷӯи маҳалро матраҳ месозад… Ва солимии ҷомеаю шукуфоии ояндаи Меҳанро аз ба воя расидани фарзандон дар оилаҳои солим ва орӣ аз хушунату зӯроварӣ дар муҳити хонаводагӣ тавъам медонад.
Фишурдаи андешаҳои Бунафша Юлдошзодаро дар ин мавзуъ пешкаши хонанда мегардонем.
Рисолат
Омӯзгорӣ пешаест, ки аз хурдӣ дар қалби кӯчак меҳри онро парваридам. Шавқу рағбати беандоза ба адабиёти классику муосир доштам ва шуғли пайвастаам мутолиаи китоб буд. Пас аз хатми мактаб ҳуҷҷатҳоямро ба Омӯзишгоҳи педагогии ноҳияи Ҳисор (ҳоло Коллеҷи омӯзгорӣ) супурда, онро бомуваффақият хатм намудам.
Баъдан, шомили факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ гардидам. Фаъолиятам аз омӯзгорӣ оғоз ёфт. Дар ноҳия чӣ чорабиние доир мешуд, шогирдонро барои ширкат дар ин маҳфилҳо омода менамудам. Наттоқии аксар чорабиниҳо ба дӯшам буд. Завқу шавқ ба санъати суханварӣ доштам ва муддате барномаи «Асрори табиат» - и Телевизиони «Ҷаҳоннамо» - ро пешкаши тамошобинони табиатдӯст мегардондам. Барои Телевизиони Тоҷикистон низ аз водии Ҳисор наворҳо пешниҳод месохтам, вале меҳри омӯзгорӣ, ки дар қалбам ҷӯш мезад, маро боз ба дабистон овард.
Тайи солҳои иҷрои рисолати омӯзгорӣ роҳбарии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 30, 15 ва 8-ро ба дӯш доштам. Баъдан, соли 2020 муовини раиси шаҳри Ҳисор таъин шудам. Яъне, фаъолиятамро аз омӯзгорӣ ба роҳбарӣ пайвастам.
Оиларо пуштибон бошем
Мусаллам аст, ки фаъолият дар маҳалҳо нисбатан мушкил аст, зеро бештари аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ менамоянд ва аз нигоҳи иқтисодӣ ва ҳам ҳуқуқӣ, маънавӣ ва маърифатӣ камбудиҳо ҷой доранд. Агарчи тибқи нақша – чорабиниҳо байни мардум вохӯриҳо мегузаронем ва дар бораи маърифати ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, оиладорӣ ва ғайра корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намудаем, вале ҳанӯз ҳам мушкилӣ вуҷуд дорад. Бахусус, дар самти оила ва оиладорӣ сол аз сол вохӯриҳо бо хонаводаҳое, ки дар зиндагӣ таҷриба доранд ва метавонанд намунаи ибрати оилаҳои ҷавон бошанд, гузаронда мешаванд. Албатта, ин вохӯрию чорабиниҳо дар мавриди пешгирӣ аз оилавайроншавии ҷавонон ва зӯроварӣ дар хонаводаҳо натиҷаи дилхоҳ доданд. Дар ҷараёни вохӯриҳо маълум шуд, ки алҳол се омил: муҳоҷират, ки бори вазнини рӯзгор ба сари бонувон меафтад, дахолати шахси сеюм, яъне хусуру хушдоман, хоҳаршӯ ва дигарон, сеюм, безурётӣ боиси пошхӯрии оилаҳо шудааст.
Солҳои пешин омилҳои зиёде. аз қабили нашъамандӣ, бадмастӣ, сатҳи пасти иқтисодии хонавода ва бекорӣ сабаби оилавайронӣ мешуданд, хушбахтона, чунин омилҳо солҳои охир ба ҳадди нестӣ расидаанд.
Як хотира аз вохӯриҳо
Дар шаҳри Ҳисор бонувоне, ки дар пешрафти ҳаёти оилавӣ саҳми бузург доранд, фарзандони барӯманду донишманд тарбия намудаанд ва минбаъд низ онҳо дар тарбияи насли имрӯза нақши созанда мебозанд, кам нестанд. Кенҷамоҳ Нуралиева, Зулфия Қурбонова, Мавҷуда Ҳакимова ва даҳҳо бонувони дигарро ном бурдан мумкин аст, ки дар вохӯрию чорабиниҳо бо суханони пандомезу насиҳатҳои таъсирбахшашон боиси ба ҳам омадани хонаводаҳои дар ҳоли парешбуда шуданд.
Ёд дорам, боре Кенҷамоҳ Нуралиева байни бонувони маҳал бо чунин суханҳо дар мавриди тарбияи фарзандон ва омода намудани онҳо ба ҳаёти мустақилона ибрози андеша намуда буд:
«Ба фарзандонатон таҳаммулпазириро омӯ¬зед. Бигӯед, ки эҳтироми калонсолон дар оиладорӣ нақши муҳим дорад ва танҳо онҳо метавонанд сипари оилаи шумо бошанд.
Волидони замони пешин ба фарзандон касбу ҳунар, меҳнат намуданро меомӯзонданд, вале имрӯз ҳунарандӯзиро ба мӯди куҳна иртибот медиҳед. Ҳама бас¬таи телефон ва сериалҳои туркӣ шудаед…»
Воқеан, ин гуфтаҳо асоси воқеӣ доранд, зеро шоҳидем, ки соатҳо вориди шабакаҳои иҷтимоӣ гашта, ё саргарми тамошои филмҳои хориҷӣ шуда, вақтро ғанимат намедонем.
Заҳмат кашиданро омӯзем…
Амну амонии кишвар барои кору зиндагӣ тамоми шароитро фароҳам овардааст. Дар шаҳри Ҳисор курсҳои махсуси касбомӯзӣ барои калонсолон амал менамоянд, ки дар он ҷо занону духтарон касбҳои пазандагӣ. дӯзандагӣ, заргарию ҳунармандиро меомӯзанд. Ҳамчунин, мардон (бахусус, ҷавонписарон) ба ҳунаромӯзӣ ҷалб шудаанд. Алҳол, дар шаҳри Ҳисор корхонаҳои қаннодии «Фароғат» ва «Нонпаз» фаъолият доранд ва аксари бонувони ҳунарандӯхтаро ба кор фаро гирифтаанд.
Литсейи касбӣ – техникии шаҳри Ҳисор, ки роҳбарии онро Мижгона Каримова ба уҳда дорад, дар баробари омӯзиши касби дуредгарию кафшергарӣ ва ронандагӣ, ба ҷавондухтарон ҳунари дӯзандагӣ омӯзонда мешавад.
Рушди ҳунармандӣ ва сайёҳӣ
Ҳунармандӣ яке аз шуғлҳои дӯстдоштаи бонувон мебошад. Аз ин хотир, ҷавондухтароне, ки майл ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ доранд, ба кори доимии хонагӣ фаро гирифта шудаанд. Шаҳри Ҳисор, ки мавзеи таърихию фарҳангист, таваҷҷуҳи ҳазорон сайёҳони хориҷию дохилиро ба худ ҷалб намудааст. Рушди ҳунарҳои мардумӣ на танҳо барои эҳёи пешаи гузаштагон, балки барои беҳ шудани вазъи иқтисодии хонаводаҳо нақши созгор дорад. Ин нуктаро ба инобат гирифта, дар Ҷамоати деҳоти Хонакоҳи Кӯҳӣ, дурдасттарин ҷамоат аз маркази шаҳр, барои ба кор ҷалб намудани бонувон омӯзиши ҳунари гулдӯзиро роҳандозӣ намудем. Пештар дар идҳо ва ҷашнҳои арӯсӣ бонувон аз дигар минтақаҳои кишвар либосҳои гулдӯзӣ мехариданд. Алҳол, ҳунармандони Хонакоҳи Кӯҳӣ барои худ ва меҳмонони дохилию хориҷӣ либосҳои гулдӯзӣ омода мекунанд ва ба духтарони наврас ин ҳунарро меомӯзонанд.
Қ. ЗИКРУЛЛОЕВА