Хонаводаи Ғиёсовҳоро воҳимаи фирори ҳамдеҳагон ба кишвари Афғонистон ба истилоҳ «аз ҷой беҷой» намуд. Акнун ду дилдода ба ҳам издивоҷ намуда, чун парандагони навхона аз пайи ободии зиндагии худ шуда буданд, ки хабари шуми ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ муҳити ороми хонаводаи онҳоро низ, сарсону саргардон намуд. «Бояд тарки хонаву дар кунем, ҷон амон бошад, ҳама чиз ёфт мешавад» гуфтани ҳамсоязанҳои рӯзгордида Саидбеку Гуландомро чун мурғи посӯхта кард. Онҳо рӯи ҳавлӣ ин тарафу он тараф қадам мезаданду ба ягон хулосаи амиқ намеомаданд. Дудила буданд, намедонистанд, ки чун дигарон роҳи гурезро интихоб намоянд, ё зери тиру туфанги силоҳбадастон ҷон бисупоранд.
Ниҳоят, ду тифлаки хешро, ки пас аз чошт сару тани онҳоро Гуландом шуста ва ба хоби ноз рафта буданд, якеро модар, дигариро падар сари китф гирифта, аз дарвозаи ҳавлӣ берун шуданд. На хона гуфтанду на гову мол ва «тани ман тақдири Ҳақ» гӯён, деҳаро тарк гуфтанд.
- Мо, як гурӯҳи калони гурезаҳо, қаблан ба ноҳияи Қумсангир (Ҷайҳун) рӯ овардем. Шаберо дар беморхона рӯз карда, сипас, аз субҳи содиқ ба роҳ баромада, дар лаби дарёи Панҷ қарор гирифтем. Барои ба он тарафи дарё гузаштан, мебоист навбат мегирифтем, зеро он ҷо одамони зиёд интизори гузаштан ба кишвари Афғонистонро доштанд. Он сӯи соҳил мардҳои афғон барои гурезаҳои тоҷик аз чӯб заврақҳо месохтанд. Мардуми саргардон бо навбат савори қаиқҳо шуда, тарки Ватан менамуданд, - сар ба сукут ниҳода, ёд аз замони нобасомониҳо намуда, мегӯяд Гуландом.
Се рӯз ба баъд, пас аз интизориҳо, онҳоро ба он сӯи соҳил гузаронданд. Суръати белзании заврақронҳо ҳар сония дили пур аз аламашонро захмин месохт. Қаиқҳо онҳоро гӯё дар як мижа задан дур аз диёр карданд. Гурезаҳо аз буми аҷдодӣ бо алам ба сӯи Ватан чашм медӯхтанду ашки ҳасрат мерехтанд…
- Муддате моро дар заводи рӯғанкашии Имом Соҳиби вилояти Қундуз, ки аз замони шуравӣ монда буд, барои зист ҷой доданд. Зимистонро он ҷо гузарондем. Баъдтар дар маркази вилоят хаймаҳо зада, гурезаҳоро ба он ҷо кӯчонданд, то бозгашт ба Ватан, хайма макони зисти гурезаҳо буд, - изҳор медорад Гуландом.
Зери хаймаҳои тангу торик сонияҳо чун солҳо сипарӣ мешуданд. Хотираҳо парокандаву дилнохуш буданд. Ягона интизории мардуми гуреза ба барномаи радиоии «Хоки Ватан» - и Радиои Тоҷикистон буд, ки пас аз пахши он дар қалби гурезаҳои тоҷик чароғаки умед рӯшан мегашт. Гирди як дастгоҳи радио даҳҳо нафар гирд омада, аз ҳаводиси ҳаррӯзаи Ватан огаҳ мешуданд…
- Ҳунарманд ҳар куҷо равад, сарфароз аст. Аз он ки шавҳарам ҳунари деворзанӣ дошт, дар ғарибӣ он пешаи бобоӣ ба кор омад. Вақте мардҳои афғон барои ёрӣ ба назди гурезаҳо омаданд, дар рафти суҳбат бо Саидбек аз ҳунараш огаҳ шуданд. Ӯро барои хонасозӣ хонданд ва ба ивази кораш маблағи хубе доданд, - мегӯяд Гуландом.
Пайсаҳо барои камбуди рӯзгор масраф шуданд. Бо як миқдори пасандоз радио хариданд. Вақте садои барномаи «Хоки Ватан» тариқи радиои «хона» - ашон дар макони ғарибон танинандоз мегашт, хурду калон, зану мард, пиру барно тарки хаймаҳо намуда, гирди он ҷамъ меомаданд. Ҳама дил ба Ватан доштанд ва ба умед буданд, ки рӯзе ба хонаву дари худ бармегарданд. Воқеан, ин барнома дар дили мардуми гуреза шуълаи умед¬ро афрӯхта буд. Эҳсоси бозгаштан ба сарзамини аҷдодӣ вуҷудашонро такон дод.
Гуландом Ғиёсова ёд меорад, ки то имрӯз ин радиоро (агарчи ёде аз рӯзгори хуш ҳам набуд) ва ҳарфҳои он барномаи дардошноро чун хотира маҳфуз доштааст.
Ба иқрори ҳамсуҳбатам аз зодбум дур будан бадбахтист. Як соле, ки ӯ дур аз хоки аҷдодӣ буд, шодӣ дар дил надошт. Ҳангоме ҳаммиллатонаш, ки солҳои инқилоби Октябри замони шуравӣ тарки Ватан намуда буданд, ворисони онҳо то имрӯз дар Афғонистон бо номи гуреза шинохта мешаванд.
- Бароям хеле дардовар ва риққатбор буд, вақте тоҷикеро, ки боре қадами худ ва ҳатто падару бобояш хоки Тоҷикистонро зер накардааст, ӯро гуреза ном мебурданд. «Гурезаи тоҷик», ки беш аз 100 сол дар кишвари Афғонистон кору зиндагӣ дорад, ҳанӯз ҳам мақомаш ба мо баробар буд.
Аз ин «унвон» сахт тарс доштем ва тасаввур карда наметавонистам, ки рӯзе насли баъдинаи тоҷик боз бо ҳамин ном дар кишвари Афғонистон шинохта шавад. Аз ин хотир, ҳар чи талош доштем, то ба маъвогоҳи худ баргардем ва омодаи як ишорати Ҳукумати нав будем. Шукр, ки даъвати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷисму ҷони гурезаҳо неру бахшид ва ҳамагӣ бо умеди нек майли бозгашт ба Ватан намудем, - меафзояд Гуландом.
Моҳи майи соли 1994 хабари баргардондани гурезаҳо умеди мурдаи онҳоро аз нав зинда намуд. Дар канори рӯд, дар бандари Шерхон қариб як моҳ мунтазири бозгашт ба Ватан буданд…
Замоне ба Ватан баргаштанд, деҳа, хонаву дарҳои валангор диданд. Аз бархе хонаҳои ба коми оташ фурӯрафта ғайр аз деворҳои дар дуд печида чизе боқӣ намонда буд. Дару дарвозаҳои бози бесоҳиб хеле ҳузнангез ба назар мерасиданд.
Аз хонаи ободу оғили пур аз гову гӯсола ва ҳотаи сабзу хуррам нишоне набуд. Чор девори хона буду халос. Кунун мебоист аз сифр аз пайи ободии рӯзгор мешуданд.
- Шавҳарам ба кишвари Россия барои кор рафт. Муддате мардикорӣ карда, маблағ фиристод. Камбудиҳои рӯзгор паси сар ва соҳиби хонаву дари наву замонавӣ шудем. Ҷашнҳои хурсандии хонаводагиро ҳам дидем. Албатта, ҳамааш аз шарофати оромии Ватан ва ваҳдату ҳамдилӣ насиби миллати тоҷик гашт, - бо шукргузорӣ иброз медорад Гуландом.
Воқеан, алҳол Гуландом Ғиёсова дар деҳаи Ҳаваскори Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод зиндагии хубу осоишта дорад. Соҳиби 6 фарзанд ва набераҳои дӯстрӯ мебошад.
Пешаи деҳқониро, ки аз волидон мерос гирифтааст, дар масоҳати як гектар замин идома мебахшад. Ҳар сол картошкаю пиёз ва помидору бодиринги барвақтиро ба бозори маркази ноҳияи Вахш мебарорад. Шукрона мегӯяд, ки ҳар зарраи хоки Ватан - Тоҷикистон баракат аст, ки онро наметавон ба боигарии тамоми дунё иваз кард.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,
Душанбе – Вахш – Душанбе