19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Оилаи намунавӣ

 

80808818181jbjghfhc

Азизшо Ёғбеков ва Муъминамо Ошурмамадоваро дар ноҳияи Рӯшон ҳамчун оилаи зиёии намунавӣ мешиносанд. Аз санаи бунёди ин хонаводаи хушбахт қариб панҷоҳ сол гузаштааст ва аз нисф зиёди солҳоро зану шавҳар дар ҷодаи омӯзгорӣ муваффақона сипарӣ кардаанд.

Азизшо соли 1975 факултети химияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ва Муъминамо соли 1976 факултети забонҳои хориҷии Институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм намудаанд. Фаъолияти омӯзгории онҳо, баъди соҳиби маълумоти олӣ шудан, дар мактаби миёнаи зодгоҳашон - деҳаи Дерзуд оғоз ёфта, то бознишаста гардидан дар ҳамин даргоҳи донишу маърифат ба таълиму тарбияи насли наврас машғул буданд.

Азизшо Ёғбеков бо донишу таҷриба ва маҳорату истеъдоди баланди педагогиаш дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳамчун яке аз беҳтарин омӯзгорони фанни химия шинохта шудааст. Мақолаҳои методиаш дар маҷаллаҳои бонуфузи Иттиҳоди Шуравӣ - «Химия и жизнь» ва «Химия в школе», дар матбуоти ҷумҳуриявӣ- маҷаллаи «Мактаби советӣ», рӯзномаҳои «Омӯзгор» ва «Бадахшон» пайваста ба нашр мерасиданд.

Солҳои 1995 - 2011 директори мактаби миёнаи № 8, ноҳияи Рӯшон, 2011 - 2019 раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф буд. Масъулиятшиносӣ, кордонӣ ва фидокории касбиашро ба назар гирифта, ӯро вакили Анҷумани IV муаллимони Иттиҳоди Шуравӣ, вакили Анҷумани ҷамъияти «Дониш», вакили ноҳиявӣ ва вилоятӣ интихоб кардаанд.

Муъминамо Ошурмамадова солҳои 1976 - 2010 дар мактаби миёнаи №8-и ноҳияи Рӯшон аз фанҳои забони немисӣ ва англисӣ ба толиб¬илмон таълим дода, даҳҳо нафар шогирдонро ҳамчун омӯзгори забонҳои хориҷӣ тайёр кардааст. Мақолаҳои зиёди методиаш дар матбуоти даврии вилоятию ҷумҳуриявӣ интишор ёфтаанд.

Бо нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон ва тахассуси омӯзгори дараҷаи олӣ сазовор гаштанд. Соҳиби 6 фарзанд ва 13 набера мебошанд. Ҳамаи фарзандони ин оилаи хушбахт дорои маълумоти олианд: 5 нафар омӯзгор ва 1 нафар иқтисодчӣ.

Собиқадорони маориф дар сояи давлати пирӣ рӯзгори хушу бароҳат доранд ва бо вуҷуди бознишаста будан, аз ҷумлаи афроди фаъол дар корҳои ҷамъиятианд. Онҳо дар баланд бардоштани савияи дониш, ахлоқу маънавиёт, ҳувияту худшиносии насли ҷавон тариқи курсҳои омӯзишии фаннӣ ва суҳбату мулоқотҳо саҳми арзанда мегузоранд.

Мирзо ҶАЛОЛ

:.  Аз ҳар боб 26.05.2023 13:42 290

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz