Дар тамоми давру замон онҳое, ки дар пешравии кишвар, ободию осудагии мардум ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳли ҷомеа талош меварзанд, номашон дар байни мардум бо эҳтиром ба забон гирифта мешавад. Амсоли Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадори меҳнат Наимахон Муминова.
Мавсуф 22 апрели соли 1938 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Пас аз тамом кардани мактаби ҳафтсолаи ба номи Сталини шаҳри Ленинобод соли 1952 ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Хуҷанд ба номи Крупская дохил шуда, онро соли 1956 бо дипломи аъло хатм мекунад ва ҳамон сол ба факултаи физика ва асосҳои истеҳсолоти Институти педагогии шаҳри Ленинобод шомил гашта, соли 1961 дар мактаби ҳаштсолаи № 1 ҳамчун омӯзгори фанни физика ба фаъолият мепардозад. Сипас, ду сол дар мактаби миёнаи № 20 омӯзгори фанни физика ва астрономия буд. Қобилияти ташкилотчигиашро ба назар гирифта, аввал раиси иттифоқи касаба, баъдтар котиби ташкилоти ибтидоии ҳизби коммунисти мактаб интихоб менамоянд ва дар як вақт аъзои пленуми комитети ҳизбии шаҳри Хуҷанд интихоб мешаванд.
Муаллимро дар мактаби захираи кадрҳои роҳбарикунанда тарбия намуда, соли 1976 директори мактаби ҳаштсолаи №2 таъин мекунанд. Дар ин давра мактаб хеле обод шуда, устохонаи таълими меҳнат барои духтарон ва писарон, ҳамчунин ошхона ба тариқи ҳашар сохта мешавад. Дар ҷамъбасти соли хониш дар мусобиқаи байни муассисаҳои таълимии шаҳр мактаби мазкур ҷойи дуюмро ишғол менамояд.
Солҳои 1978 - 1982 сарварии мактаби миёнаи №3-ро бар дӯш дошту дар баланд бардоштани сифати таълим ва тарбия сазовори байрақи сурхи сайёри шуъбаи маорифи шаҳр гашта, ҳамзамон дар «Тахтаи фахрии шаҳрӣ» номи мактаб ҳамчун ғолиби мусобиқа сабт гардид. Аз соли 1982 Наимахон Муминова мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд таъин шуда, пеш аз ҳама, масъалаи кадрҳои шуъбаи маорифро дида мебарояд ва шахсони кордону педагогҳои бомаҳоратро ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ менамояд. Дар шаҳр барои ҳамаи фанҳо мактабҳои такягоҳӣ ташкил карда мешавад. Баъд аз ду соли фаъолияти кории муаллим, дар шуъбаи маорифи халқи шаҳри Хуҷанд натиҷаҳои кор назаррас шуда, он дар мусобиқаи байни шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҷамъбаст ва тайёрии мактабҳо ба соли хониши 1983–1984 ба гирифтани байрақи сурхи сайёри Шурои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, соли 1986 ҷойи дуюм дар кишвар ва соли 1988 ба Байрақи сурхи сайёри Вазорати маорифи Иттиҳоди Шуравӣ сазовор мегардад.
Моҳи октябри соли 1988 директори мактаби № 12 таъин мешавад ва баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия тамоми чораҳоро меандешад. Соли хониши 1990–1991 имтиҳони хатм ва қабул ба донишгоҳҳо дар асоси шартномаи ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар муассисаи мазкур филиали кафед¬раи корҳои тарбиявӣ ташкил шуда, дар асоси таҷрибаи кории мактаби миёнаи №825-и шаҳри Москва тибқи барномаи махсус дар мактаб синфи педагогӣ таъсис меёбад. Дар ин синф олимон ва устодони Донишгоҳ ҳам дарс медоданд. Соли 1992 аз 23 нафар 18 нафар хонандаи ин синф баъди бомуваффақият, дар як вақт супурдани имтиҳонҳои хатмкунии мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бе имтиҳони дохилшавӣ қабул шуданд.
Беш аз садҳо нафар шогирдони муаллим аз пайи устод рафта, ҳамчун омӯзгор ва директор дар мактабҳои шаҳр фаъолият мебаранд. Ба монанди директори мактаби хусусии «Гулчини маърифат» Матлуба Муинова, директори Литсейи политехникӣ Зебо Аминова, директори мактаби «Ирфон» Матлуба Собирова ва даҳҳо дигарон.
Наимабону аз соли 1982 то соли 1992 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд буд, вакили съезди 7-уми муаллимони кишвар, иштирокчии вохӯрии фаъолзанон бо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи Модар 8 марти соли 2006 ва маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 15-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи Борбад (2007) мебошад. Имрӯз низ, омӯзгори варзида, педагоги бомаҳорату пуртаҷриба, ташкилотчии моҳир, машваратгари муаллимони ҷавон Наима Муминова ба тарбияи насли наврас машғул буда, ҳамчун равоншинос дар МТМУ №12 фаъолият мебарад.
Бо медали Барои меҳнати шоён қадр шудааст.
Назирӣ Гулбаҳор Назир