Падару модар – Мирзомуҳаммади мударрис ва Зебуннисои ҳунарманд бо умеди он ки дар хонавода муҳаббат пойдор бимонад, фарзанди дилбандашонро бо як ҷаҳон меҳр Муҳаббат ном гузоштанд. Мардум бо дурандешӣ мегӯянд, ки ном барои оянда ва сарнавишти як шахс аҳамияти бузург дорад. Ҳамин андеша дар ҳаёт ва фаъолияти омӯзгори асил Муҳаббат Мирзоева ба дурустӣ татбиқ шуд. Ӯ аз тифлӣ ба коғазу қалам меҳр баст ва то ҳанӯз роғиби илму адаб ва мактабу маориф аст.
Муҳаббат Мирзоева аз овони наврасиаш ёдовар шуда мегӯяд: «Падарам дар фасли тобистон дар зери дарахти чормағз нишаста баланд - баланд китоб мехонданд. Роҳгузарон истода аз паси девор ба китобхониашон гӯш медоданд ва лаззат мебурданд. Падар бо ин амали хеш меҳри китобу китобхониро дар дили мо ҷой карданд ва ҳамаи мо парвардаи ҳамин меҳр ҳастем. Маҳз ҳамин эҳсоси наҷиб сабаби ба риштаи забону адабиёт пайвастани банда гардид. Сабаби дигари ба ин ҷода қадам гузоштанам, муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷикамон Мирзораҳим Одинаев буданд. Ба шарофати дарсҳои устод бо ин фан шинос шудем ва ба он шавқу рағбат пайдо кардем.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе қариб ҳама ӯро мешиносанд. Ба бозор, ба сайри шаҳр ё бо ниёзе аз хона берун барояд, ё барои гузарондани озмуну олимпиадаҳо аз Гимназияи хусусии «Кафолат» бо хонандагон ҷое равад, аз байни омӯзгорону масъулони маориф ҳатман 4–5 кас ӯро мешиносанд ва ба саломаш мешитобанд. Бештари шогирдонаш, ки вазифаву масъулиятҳои баланд доранд, номи омӯзгори худро бо меҳру эҳтироми вижа ба забон меоранд. Аз ҷумла, корманди сафорати Тоҷикистон дар Англия Рустам Муллозода мегӯяд: «Дар айёми мактабхонӣ муаллим гаштаю баргашта таъкид мекарданд, ки забонро ҳатман омӯзед, зеро забондонӣ ба мисли калидест, ки қулфи ҳама дарҳоро мекушояд. Ба ин вазифаҳо таъин шуда, моҳияти суханони муаллимро акнун дарк намудем. Фаҳмидем, ки забондонӣ, дурустнависӣ ва нутқи шифоҳии бенуқсон ҳангоми муошират бо ҷомеа ин қадар муҳим будаст. Маҳз дуои волидон ва ҳидоятҳову заҳматҳои муаллим буданд, ки имрӯз мо ба як ҷода расидем».
ҶУФТИ МАЪРИФАТПАРВАР
Соли 1969. Деҳаи Бободархони ноҳияи Ашт. Муҳаббати наврас як банд алафи даравидаашро бардошта меомад. Ногаҳон дар роҳ бародарбузургаш Ғуломиддин Мирзоевро дида, банд¬ро ба замин гузошт. Бародараш бо табассум гуфт: «Ту дигар алаф намекашонӣ». Муҳаббат ҳайрон шуд, чизеро нафаҳмид. Бародараш боз гуфт: «Ту мактабро бо медали тилло хатм кардӣ. Туро ба Душанбе барои идомаи таҳсил мебарам». Ҳамин тавр, роҳи ояндаи духтараки аълохон муайян ва дар Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин донишҷӯ шуд.
Донишгоҳро бомуваффақият хатм намуду омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик гардид. Ба як касб, ба як рисолат содиқ монд ва инак, 49 сол боз дар муассисаҳои таълимии пойтахт омӯзгорӣ мекунад. Ҳамсараш Мадиброҳим Мирзоев низ омӯзгор аст. Ҳар ду шаш фарзандро бо нони муаллимӣ ба воя расонда, соҳиби маълумоти олӣ карданд.
МЕВАҲОИ ШИРИНИ БОҒИ ИЛМ
Боғи илме, ки устод бунёд кардаанд, меваҳои ширин ба бор овард, зеро он бо дони муҳаббат коштаву бо меҳр парварида шуда буд. Муҳаббат Мирзоева кӯшиданд, то меҳри забону адабиёти тоҷикро дар дили шогирдонашон ҷой диҳанд. Ин буд, ки дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Олимпиадаи байналмилалӣ (фақат як маротиба) аз фанҳои мазкур баргузор гардид ва дар он ду шогирди ӯ – Табассум Ҳасанова медали тилло, Бежан Ниёзбеков медали нуқра ва даҳ хонандаи дигар бо дипломҳо қадр шуданд.
То ҳол қариб ҳар сол шогирдони муаллим соҳиби медалҳо мешаванд ва дастони ӯро ҳампешагон бо лутф «дастони бобаракат» мегӯянд. Танҳо дар соли 2022 парвардагони мактаби ӯ аз олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 16 медал (5 тилло, 5 нуқра ва 6 биринҷӣ) ба даст оварданд. Имсол низ, панҷ нафар шогирди устод аз гимназияи «Кафолат» дар олимпиадаи шаҳрӣ панҷ ҷойи ифтихориро (1 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) соҳиб гашт.
Соли гузашта дар конфронси илмии хонандагон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик барои дарёфти истеъдодҳои шаҳри Душанбе 6 нафар шогирди Муҳаббат Мирзоева бо маърузаҳои пурмазмун сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардид.
Касе аз дарси Муҳаббат Мирзоева гузашта бошад, ҳатман баракати дониш ва шарораи маърифат дар дилаш маъво мегирад. Агар хонанда хоҳад, он шарораро оянда ба оташ бадал мекунад. Ғайрат, завқ, вақт, ҳавсалае, ки Муҳаббатбону дар ин синну сол доранд, ростӣ, бештари ҷавонон надоранд. Аксари ҳамкасбони муаллим аз сабуриву шикебоӣ ва хоксориву тамкинии ин бону мегӯянд.
РИСОЛАИ НОТАМОМ
Муҳаббатбону замоне дар мавзуи «Ибораҳои масдарӣ дар романи «Дохунда»-и Садриддин Айнӣ» рисолаи илмӣ навишт. Ҳафтод дарсади рисола омода шуд ва давраи аввали муҳокимаи он ҳам бомуваффақият гузашт.
- Вақте ҳимоя наздик шуд, дар ҳаёти дух¬тарам Моҳира Мирзоева нохушӣ рух дод. Кори илмии (доктории) ӯ аз дифоъ баргашт ва Моҳира чунон ба навмедӣ печид, ки ногуфтанӣ. Аз баҳри ҳама кор баромада, барои сарфарозии фарзанд дар бараш истодам. Дар кӯтоҳтарин фурсат ӯ дувум рисолаи илмии худро навишт ва аз Москва баҳои сазовор гирифт. Ҳама сахтиҳо ва нотавонбиниҳои дӯстони хасакӣ гузаштанд ва Моҳираи мо то ба мартабаи доктори илм расид ва ба унвони баланди профессорӣ сазовор гардид. Ҳоло профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Мо бо падараш ҷомаи амал пӯшидани орзуву ормонҳои худро дар фаъолияти шаҳдухтарамон дидем, сад бор шукр, - меафзояд Муҳаббат Мирзоева.
МУАЛЛИФИ КИТОБУ ДАСТУРҲОИ ТАЪЛИМӢ
Ин ҳама корномаи омӯзгории Муҳаббат Мирзоева аз назари масъулони соҳаи маориф дур намонд. Ӯро барои навиштани китоби «Забони давлатӣ» барои синфи 6 даъват карданд. Китоби мазкур бо мазмуну муҳтавои баланд чоп шуд ва чанд сол боз насли нави миллат аз ин китоб баҳра мебарад. Инчунин, муаллим бештар аз 50 мақолаи илмӣ, илмиву методӣ, дастурҳои ёрирасон навишта, дар рангину ғанӣ гардондани усулҳои таълими забони давлатӣ саҳми шоиста гузошт. Чанде пеш дар Гимназияи «Кафолат» доир ба фаъолияти самарабахши муаллим конфронс доир шуд. Масъулони сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе тарзи корбариву сабақҳои ӯро барои тамоми муаллимони муассисаҳои таълимии кишвар намунаи ибрат донистанд. Ӯ посдори забони давлатист ва барои синфу гурӯҳҳои махсусе, ки дигар фанҳоро бо забонҳои русиву англисӣ ва ҳатто чинӣ азхуд мекунанд, меҳри забони модариро нигаҳ медорад ва намегузорад, ки забони хуниву ҷонии худро фаромӯш кунанд. Ҳамзамон, ба як гурӯҳ аз хонандагони кишварҳои хориҷӣ низ назокати забони моро меомӯзонад.
Тарбиятгар будани Муҳаббат Мирзоева на танҳо дар ҷараёни дарс, балки дар яке аз нақшҳои офаридааш – бибии афсонагӯй дар филми тасвирии тоҷикӣ «Ду коҷ» низ, ба мушоҳида мерасад. Дар филми мазкур муаллим бо набераашон – Хосиятбону Ғоибова ва ҳамсарашон – Мадиброҳим Мирзоев нақш офаридаанд.
Ранҷҳои муаллим бо мукофоти соҳавии Аълочии маорифи РСС Тоҷикистон, Муаллими дараҷаи олӣ, ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шудаанд.
ОСУДА АЗ ОН АСТ, КИ ОСУДА НЕСТ
Шиори омӯзгор Муҳаббат Мирзоева: «Ман он лаҳза биёсоям, ки як лаҳза наёсоям» аст. Ӯ бо касбу кор иктифо накарда, ҳунарро низ, зеби рӯзгори худ намудааст. Дар рӯзҳои истироҳатӣ, соатҳои холии корӣ бо гулдӯзӣ машғул мешавад. Шероза медӯзад. Бо таомномаи махсуси худ хӯрокҳои лазизтарин мепазад, ки дар дигар хона чунин шириниву хӯрданиҳо таҳия намешаванд. Тамоми болину бистар, пардаву дастархонҳои хонаро худаш дӯхтааст, гул часпондааст. Барои бинанда чунин фазо ҳайратовар аст. Хонаи омӯзгорон чунон озодаву зебост, ки, бешубҳа, як осорхонаи кӯчакро мемонад. Дар ҳама дару девор унсурҳои миллии тоҷикӣ ҳувайдост.
Бибӣ набераҳоро калон кардаасту ҳоло аберабониву гаҳвораҷунбонӣ ҳам кори ӯст. Хулоса, 49 сол боз оромиш надорад, гӯё дили покаш ду пора аст, як пораи он дар остонаи мактабу пораи дигараш дар остонаи ҳавлиаш. Дар тапиш бод мудом чунин дилҳо, дили модар, дили омӯзгор!
Бузургмеҳр САЛИМЗОДА