Сарлавҳаи ин матлабро «Пайрави падар» ном монданӣ шудам, чунки падари Гулмоҳ – шодравон Аловиддин Иброҳимовро нағз мешинохтаму дар хотир дорам. Ҳай одами заҳматкаш буд. Мардум ӯро «агрономи дору» мегуфтаанд. Медидем, ки охирҳои баҳору давоми тобистон аз саҳар то бегоҳ қитъаҳои токзору майдонҳои себу анору шафтолуву олуро мегашту аз реша то муғҷаву гулу баргу хадраҳои ниҳолакону навдаҳои онҳоро медиду бодиққат муоина мекард. Ҳайрон мешудем, ки ин мардаки калон чӣ меҷуста бошад? Дар даст дафтари қайду қалам ва дар гардан пурбини махсус ҳам овезон дошт. Гоҳе вайро бо ҷавоне медидем, ки дар пушт дастгоҳи махсуси дорузанӣ майдонҳои боғу қитъаҳои токзорро ҳар гуна доруву маҳлулҳои кимиёвӣ мепошид…
Мо, наврасони кунҷковро, калонҳо, муаллимон зимни саволу ҷавоб мефаҳмонданд, ки амаки Аловиддин на танҳо агрономи замину об, балки табиби ҳамаи ниҳолону дарахтони хоҷагӣ низ, ҳаст. Агар хизмати ӯ набошад, ҳашарот ҳосилро батамом хӯрда несту нобуд мекунад.
Ҳамин гуна мушоҳидаву назораташро дар ҳотаҳои мардум низ, мекард. «Дар хоҷагӣ бояд ягон манбаи ҳашарот намонад, тавре ки як чӯбча - доначаи гӯгирд метавонад як ҷангали анбуҳи калонро ба хокис¬тар табдил диҳад»,- гӯён мефаҳмонд ӯ.
Сиру асрори шуғли варо баъд фаҳмидем. Агар ӯ назорату табобат намебурдааст, аз реша сар карда, то муғҷаву баргу ҳосили себу ангуру анору шафтолуро ҳашарот - офатҳои табиӣ хӯрда, несту нобуд мекардаанд. Ана ҳамин тавр, кору масъулият дошт амаки Аловиддин Иброҳимов ва табиби зиёда аз 800 гектар замину оби хоҷагию қариб 200 гектар замини наздиҳавлигии сокинони собиқ совхози боғу токпарварии ба номи Ленини ноҳияи Восеъ. Баъд фаҳмидем, ки ӯ, ба истилоҳи имрӯза, дар вазифаи агроном-энтомолог кор мекардаасту дар иҷрои нақшаҳои истеҳсолии хоҷагӣ, рушди соҳаи боғу токпарварӣ, таҳкими молиявии он саҳми назаррас мегузоштааст. Имрӯз ҳам онҳое, ки Аловиддин Иброҳимовро медонанд, ба наслҳои ҷавон аз хизматҳои шоиставу хислатҳои наҷибонаи вай мегӯянду ба ёд меоранд. Ва Гулмоҳ Иброҳимоваро, ки феълан идомабахши касбу шуғли падари бузургвораш ҳаст, иззату эҳтиром менамоянд.
Гулмоҳ, духтари дӯстдору эркаи амаки Аловиддин, воқеан ҳам дар хоҷагӣ номбардори падари бузургвор гардид. Ӯро ҳама пайрави падар мегӯянд. Балки ҳамкасби падар мебошад. Баъди хатми мактаби миёнаи №7-и хоҷагӣ ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дохил шуда, онро бо ихтисоси агроном-энтомолог муваффақона хатм намуд.
- Мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз,
К-ин моли падар харҷ тавон кард ба ду рӯз.
Дар Донишгоҳи аграрӣ солҳои донишҷӯии мо духтарон кам таҳсил доштанд. Падарам орзуе мепарвардааст дар дил, ки писаре ёбаду ӯ касбашро идома бахшад. Инро фаҳмида, азм кардам, ки орзуву ормони падарро ҷомаи амал пӯшонам. Ана ҳамин тавр, агроном шудам- мегӯяду шукрона мекунад раис Гулмоҳ.
– Имрӯз раисед, лекин медонам, падару модар, ҳамсояҳо аз ҳини дар гаҳвора буданатон шуморо «Раиси Гулмоҳ» ном мебурданд,- бо таваҷҷуҳ мепурсам.
Лаҳзае ба хаёлу андеша меравад ҳамсуҳбати ман, дар чеҳрааш табассум гул мекунаду нигоҳаш сӯи ман бор мегирад ва ба сухан медарояд:
– Ака, мебахшед, раисеро бо номи Гулмоҳ мешиносед ё шунидаед?
-Оре, дар хоҷагии мо раис Гулмоҳ, шахси обрӯманд, соҳибэҳтиром, дар маъракаву чорабиниҳои маҳаллаву мактабҳо садри ҷамъомадҳо буду ба ҳайси мудири клуби хоҷагӣ фаъолият дошт. Суханҳои эшон, хотираҳои гузаштаву андешаҳои ояндасози ӯ ба мо, наврасону ҷавонон, судманду таъсирбахш буданд. Ҷавононро ба роҳи рост, ахлоқу одоби ҳамида ҳидоят мекарданд. Номи расмии мавсуф Гулмоҳ Садирова буд. Солҳои 1951–1955 вакили халқ дар Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Давлатобод № 243, ноҳияи Шурообод (Шамсиддин Шоҳин), даъвати сеюм, буд. Рӯзгоре дошт намунаи ибрат. Аз мушкилоти ҳар оила воқиф буд, ёриву дастгириашро дареғ намедошт. Ҳамдилу ҳамнафаси мардум буд. Фарзандони некрой ба камол расонд, аз ҷумла Ҷаҳонгиру Шерафган ҳамчун зиёиёни соҳибэҳтиром дар ҷомеа маъруфанд.
– Шунидан он тараф, раис Гулмоҳро дидаам, қаду қомати мавзун, симои ширини гандумӣ, овози форами гӯшнавозаш дар ёд мондаанд, суханҳояшро борҳо шунидаам. Бароямон мисли муаллим буданд,- баъди хомӯшии андаке ба саволаш ҷавоб додам.
– Вақте ки ман таваллуд шудам (8. 04. 1970), тифоқо ҳам падару ҳам раис Гулмоҳ, ки мардум «Раиси Гулмоҳ» ном мебурданду ҳоло ҳам чунин мегӯянд, дар хонаамон меҳмон будаанд,-хурсандона ба хотир меорад Гулмоҳ Аловиддиновна. –Падарам аз ӯ хоҳиш кардаанд, ки аз пайи қадами Шумо духтардор шудам, барояш номи хубе гузоред.
–Номаш Гулмоҳ, исми худро ба духтарат мебахшам. Бигзор, мисли ман умри бобаракат бинад, хизматгори падару модару халқу Ватан гардад, номдору шуҳратёру муҳтарами мардум шавад, - гӯён дасти дуо ба рӯй кашидаанд раис Гулмоҳ. Вақте ҳама фаҳмиданд, ки маро раис Гулмоҳ ном гузоштааст, ба номи ман ҳам вожаи «Раис» илова карданд. Аввалҳо шарм медоштам, оҳиста-оҳиста одат кардам. Одамони ғайр номамро шунидаю худамро дида ҳайрон мепурсанд, ки ба Раиси Гулмоҳ кӣ мешавам? Ҷавоб медиҳам, ки наберааш…
То ба имрӯз зиёда аз 30 сол мешавад, ки Гулмоҳ ба обу замину токзор сару кор дорад. Дар замони соҳибистиқлолӣ сохтори хоҷагиҳои кишоварзӣ дигар шуда бошад ҳам, меҳраш, муҳаббаташ нисбат ба замин, об ва боғу токзори мавҷуда афзуд, ки кам нашуд. Ҳамчун заминсози Ҷамоати деҳот ва сардори Ассотсиатсияи хоҷагиҳои инфиродӣ ва деҳқонӣ Гулмоҳ дар тақсими одилонаи саҳмияҳои заминдорон, истифодаи самараноку мақсадноки обу замин бо масъулиятшиносии баланд кор карда, худро ҳамчун хоҷагидори уҳдабарою мустақил собит намуд. Ҳамин масъулиятшиносӣ, ташкилотчигӣ ва кордониашро ба назар гирифта, ӯро раиси хоҷагии деҳқонии ба номи Файзи Саид интихоб кардаанд ва соли панҷум аст, ки сарварӣ дорад.
Вақте меҳмони хоҷагии мазкур шудем, охири моҳи октябр буд. Дар 26 гектар токзор хӯшаҳои рангобаранги ҳаждаҳ намуди ангури тоифӣ ва ҳусайнӣ овезон буданд.
– Соли гузашта, - мегӯяд бо ифтихор сарвари хоҷагӣ, - аз ҳосили ангур 650 ҳазор сомонӣ даромади соф гирифтем.
Чизи дигаре, ки дар сари қитъаи токзор таваҷҷуҳи маро зиёдтар ба худ кашид, деги чилгӯшаи болои оташдони калони худсохт ва мисли суманакпазҳо гирдашро давра гирифтани зану мард буд. Дег меҷӯшид ва одамон бо чӯбдастҳо дарунашро мекофтанд. Гулмоҳ фаҳмид нигоҳи саволбори маро ва шарҳ дод:
– Инро маҳлули Исо мегӯем, заҳри кимиёвӣ барои пешгирии атренос, шакарак ва ҳифзи токзор аз сармобарӣ.
–Чаро маҳлули Исо?
– Ҳазрати Исо табиб ҳам буданд, аз номи ҳамон кас. Мо технологияашро аз бар намуда, худамон тайёр мекунем, арзон меафтад…
Раис аз таҷрибаҳои гузарондааш қаноатманд аст. Дар гармхонаҳо парваришу нигоҳубини анори бедонак (0,30 га), лиму (0,15 га), мандарин (54 ниҳол), апелсин (қариб 100 ниҳол)-ро ба роҳ мондааст.Ин оғози кор аст. Вақте ки ӯ ҳосили мандарину апелсин рӯёнд, ҳатто олимони соҳа дар тааҷҷуб монданд. Бодирингу сабзавоти гуногун дар гармхонаҳо фаровонанд. Ба 12 коргари хоҷагӣ ҳамеша хӯроки гарму меваю сабзавоти фаровон ройгон дода мешавад.
Қитъаи гулпарварӣ ҳам дорад. Гулмоҳ, раиси номдор, зебоипараст аст, роҳу пайроҳа, саҳни идораву муассисаҳои деҳот ва аҳолиро бо қаламчаҳои гулҳои рангоранги мавсимию ҳамешасабз ройгон таъмин менамояд. Акнун фаҳмидам, ана барои чӣ намои маркази деҳот дар чор фасли сол гулпӯшу гулбасар аст. Ӯ мехоҳад муҳит, ҳаёт, зиндагӣ, одамон зебо бошанд, зебоӣ биофаранд…
Карим ДАВЛАТ, нависанда