Саноатикунонии Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар буда, баҳри амалигардонии босуръати он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои хеш таъкид аз ин менамоянд ва эълон гардидани солҳои 2022–2026 ҳамчун «Солҳои рушди саноат» низ, ба мақсади ин ҳадаф роҳандозӣ шуд. Амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ сомон ёбанд. То ин давра дар ҳар гӯшаю канори кишвар барои пешбурди ин ҳадаф минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба фаъолият шуруъ намуданд ва дар ҳудуди онҳо чандин коргоҳҳои хурду миёна бо фаро гирифтани корҷӯён ба истеҳсоли ин ё он маҳсулоти ниёзи мардум шуғл доранд.
Заводу фабрикаҳо ва корхонаҳои истеҳсолии бузург, ки дар дохили пойтахт фаъолият доштанд, баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ муддате аз кор монданд. Фабрикаи қаннодии «Ширин» - и Душанбе аз зумраи корхонаҳои бузурги он давра аст, ки соли 1964 ба фаъолият пардохта буд. Он замон дар Осиёи Миёна ягона корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ба шумор мерафт. Фабрика дорои 5 коргоҳи истеҳсолӣ буд ва дар ду баст 600 нафар фаъолият дошт.
- Тули 30 сол дар ҶСП «Фабрикаи қаннодии Ширин» таҷриба андӯхтам ва шоҳиди навгониҳои ҳаррӯзаи коргоҳ ҳастам. Гоҳе имрӯзи коргоҳро бо дирӯз қиёс менамоям. Воқеан, барои равнақу пешравии кор талошу заҳматҳои роҳбарият назаррас аст. Ҳамкориҳо бо корхонаҳои истеҳсолии қаннодии хориҷию ватанӣ, ҷалби мутахассисони варзидаи соҳаи қаннодӣ ва ҷиҳати истеҳсол намудани маҳсулоти вобаста ба талаботи бозори муосир ҷавобгӯ буда натиҷаи он аст, ки имрӯз дар корхона 5 коргоҳи истеҳсолӣ фаъолият дорад. Коргарон ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, аз зумраи «Карамел», «Ирис», қандҳои шакалодӣ, қандҳои аз хушкмеваҳо омодашудаи бо шакалод пӯшонда ва инчунин, торту кулчақандҳо шуғл доранд, - мегӯяд Давлаталӣ Таваров, муовини директори ҶСП «Фабрикаи қаннодии Ширин».
Алҳол, дар ин коргоҳ 300 нафар коргару мутахассис бо ҷойи кори доимӣ таъмин буда, беш аз 80 дарсади коргаронро бонувон ташкил медиҳанд.
Ба гуфтаи номбурда, агарчи корхона аз замони шуравӣ мерос монда бошад ҳам, вобаста ба талаботи иқтисоди бозаргонӣ хатҳои технологиро нав карданд. Дар ҳамкорӣ бо кишварҳои Эрон ва Чин чунин хатҳои технологӣ барои истеҳсоли қандҳои шакалодӣ ворид гардид, ки алҳол ҷойи таҷҳизоти куҳнаю фарсударо иваз намуданд.
Мегӯянд, ки дар мавриди таъм ва ранг бо касе баҳс нашояд. Ин мақол, бахусус дар самти бозаргонӣ дуруст истифода мешавад. Яъне, ҳар мизоҷ дар интихоби таъм ва ранги маҳсулот озод аст. Дар шароити кунунӣ барои ҷалби харидор мебоист фазои мусоиди истеҳсолотро муҳайё кард, то мизоҷ тавонад бо табъи дил барои худ маҳсулот интихоб намояд.
Тақозои давр аст, ки ба маркетинг ё худ бозоршиносӣ бештар аҳамият дод ва маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол намуд. Аз ин хотир, роҳбарияти корхона дар баробари ба сифати маҳсулот аҳамият додан, инчунин барои ороишот ва бандубасти маҳсулот (печондани қандҳо ва шакалодҳо) коғазҳоро дар кишвари Туркия фармоиш медиҳад.
Аз ин нуқтаи назар, роҳбарияти фабрика бо саноатчиёни дохилию хориҷи кишвар дар мавриди вориди таҷҳизоту ашёи хом ҳамкориҳои ногусастаниро роҳандозӣ намудаанд. Агар таҷҳизоти замонавӣ тавассути саноатчиёни эронию чинӣ ба корхона ворид шуда бошанд, аз Туркия, Покистон, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон намудҳои гуногуни ашёи хом, ба мисли шакар ва хушбӯйкунандаҳо дастрас мегарданд. Масалан, барои воридоти какао ва шакар, ки маҳсулоти асосии қаннодӣ маҳсуб меёбанд, бо кишварҳои Индонезия ва Покистон шартнома ба имзо расид. Яъне, рушди саноат бе ҳамкориҳои байни соҳаҳои алоҳида, ки бевосита бо ҳамдигар тавъаманд, ногузир мебошад, - ироа менамояд ҳамсуҳбатам.
Ба гуфтаи мавсуф, алҳол маҳсулоти корхона ба хориҷи кишвар содир нагардидааст, вале дар оянда тасмим гирифтаанд, ки баъзе аз намудҳои онро ба Ӯзбекистон содирот намоянд.
- Вобаста ба талаботи истеъмолгарон дар коргоҳҳои қаннодии ҶСП «Фабрикаи қаннодии Ширин» давоми моҳ то 1000 тонна қанд ва шакалодҳои гуногун истеҳсол мешаванд. Дар арафаи иду ҷашнҳо фармоиш меафзояд. Чанде пеш аз кишвари Россия қаннодони таҷрибаандӯхтаро даъват намудем, ки баъди ин ҳамкорӣ навгониҳои зиёде дар истеҳсолот мушоҳида гардид. Бо ҳамин васила сол аз сол сифати маҳсулот хуб шуда, назари харидорон низ, нисбат ба маҳсулоти ватанӣ дигаргун гашт. Имрӯз маҳсулоти корхона дар бозори дохилӣ харидор дорад, ки ин далолати гуфтаҳои болост, - иброз медорад Давлаталӣ Таваров.
Маҳсулоти қаннодии ҶСП «Фабрикаи қаннодии Ширин» дар байни дигар истеҳсолкунандагони маводи қаннодии ватанӣ серталаб ва писандида аст. Бошад, ки чунин рақобат байни коргоҳҳо афзояд ва маҳсулоти қаннодии кишвар ивазкунандаи маҳсулоти воридотӣ гардад.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО