Чашмаҳо сарвати бебаҳои мардуми тоҷиканд. Дар гирду ванаи чашма анъана, урфу одат ва маросимҳои мардумӣ, гӯиё барчида шудаанд.Чашмаҳоро ёд меораму навиштаи сеҳрангези Бозор Собирро, ки воқеият дорад:
Бар чашмае нигаҳ кун, ҳар лаҳза тарки раҳ кун,
Ин чашма мезанад чашм, чашми занона дорад.
Чашмаҳо аз тангнои замин медаманд барои инсонҳо. Муъҷизаанд ва ҳазор бархӯрд бо табиат доранд ва аз зери санге ҷӯш мезананд ва пок берун меоянд. Ҳини бачагӣ борҳо бо тоқӣ аз оби зулолу сарду ширини чашмаҳои Садафу Париёни деҳа ба сар кашидаву ташнагӣ шикастаам. Вале ҳич гоҳ он овон ба тароваташ сарфаҳм намерафтам. Акнун, ки дар таҳдашт миқдорашон кам шуду технология арзиши чашмаҳоро аз миён бурд, ормон ба дил дорам. Аз рӯи хотира шоирони ҷавон ба ғояте дар сифати чашма гуфтаанд, ки аз шумораш садҳо маротиба афзунтар аст. Аммо андакаш аз чашма баҳра бурдаанд.
Ҳар куҷо чашмае ҷӯш бизанад, ҳатман дарахти бузурге соябон дорад ва ё дар гирду пеш боғистонест. Зебоии кӯҳистони Сари Хосор, Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Тавилдара, Раштонзамину Лахш аз чашмасоронаш будааст. Муҷиби пайдоиши шаҳристонҳо низ, чашмаҳо будаанд, чунончи Макка. Шоире бо латофат аз нигоҳи дилрабое рамуз бардоштани чашмаро тавсиф мекунад:
То гул зи акси орази ӯ чидааст об,
Дар чашма аз нишот нагунҷидааст об.
Аз чашмаҳои хурду бузург об хӯрдаам, ки дар бастагӣ бо камоли ҳуши мардум номҳои занона доранд. Чи дар асотир ва адабиёти куҳан об аввалин моддаи кайҳонисту чашма тимсоли модар. Ва мегӯянд, ки оби зинда монои оби борон хуни малакутӣ ва базри осмонист. Бидуни он ҷонзоде наметавонад бизияд.
Дар солҳои пеш, воқеан, чашма ба амалу зебоии занон пайвандӣ дошт. Чашма ва эҷод аз зиндагиномаи он ҷузъи фарҳанги тоҷикӣ буд, ки дар ин ҳисоб ҳам, аз бодиягардон тафриқа дош¬тем. Дӯшизаҳо ва занони сарвқад бо либосҳои хушдӯхт кӯза сари даст, ё таги кашу зарфе тори сар об меоварданд. Макони либосшӯӣ низ, сабзазори лаби чашма буду ҷойи интихоби арӯсон низ. Ҳине, ки рубоии зеринро мешунавам, ошиқеро тасаввур мекунам, ки лаби чашмаро макон баргузидаву шиква дорад:
Сари сарчашма рафтам хона кардам,
Назар бар ҳавлии ҷонона кардам.
Назар кардам, надидам ёри худро,
Гиребон то ба доман пора кардам.
Чи суруду таронаҳое дар боби чашма эҷод шудаанд. Ба вежа, дар адабиёти мардумӣ. Шоири худрӯ сармаст талоши чашмаро ба ёд меоварду меҷӯшиду дард мекашиду сурудхонон роҳашро идома медод.
Пайғомбари зиндагист чашма. Нахустин ривоят дар хусуси чашма, ки оби ҳаёт аст ба Хизр дар алоқамандист. Пасон, бо бисёре аз паҳлавонон робита ёфт, ки дар адабиёт ҳак шудааст. Дар адабиёти бобулӣ бо Гилгамиш пайвандаш медонанд, ки барои дарёфти оби ҳаёт талош варзид. Чун муяссараш нашуд, қасре бино кард, ки роғе надошт. Дар адабиёти Ғарб ба Искандар низ, рабташ медиҳанд, ки дар Ҳинд чашмаи бақоро дархост. Аз бесабрӣ ба муродаш нарасид ва хеле ҷавон дунёро падруд гуфт.
Бунёд ба ҳамин ривоятҳо дар миёни мардум қиссаҳо рӯиданд, ки муҷиби ихлос ба чашмаҳо шуд. Дар қуллаи Эмомаскарӣ нақбест, ки дар дохил чанд чашма дорад, ки бо номҳои Муродбахш, Шифо, Эътиқод… машҳуранд. Аз оби чашмаҳо бемориҳои дарунӣ шифо меёбанду маризиҳои пӯст. Ин аз ҳамон андешаҳои қаблии мардумони олам аст, ки ба рамз аз қадим ном ниҳодаанд. Мисли чашмаи хирад, дониш, ҷавонӣ, саодат, мурод, огоҳӣ, шифо ва чашмаи ёд. Агар дар олами ирфон ба мазмуну моҳияти басе рангин омада бошад, мардум онро ба сурати воқеиш пазируфтаанд. Ҳар чи ҳаст, ба воқеият наздик аст, ки об манбаи ҳама дастовардҳо ва муҷиби зиндагист.
Аз ҳама бузургтарин чашма, ки толобро мемонад Нозкӯл унвон дорад. Дар асрҳои пасин номи Чашмаи Қайнарро гирифт. Ба хотири он, ки ҷӯш задани об менамояд. Обаш нилин аст. Ривоят мекунанд, ки гулҳавзи духтарони шоҳи Хатлон будааст. Ва маконест сабзу дилоро. Пудинаи ба қади одам рустаи соҳилиаш накҳатро бар атроф мепароканад. Ҳамзамон, сабаби пайдоиши аспони бодпои хатлӣ (хатлонӣ)-ро аз ҳамин чашма медонанд. Ва аспони болдори ҳавзро ба париён нисбат медиҳанд, ки ҳамон бунёди асотирӣ ва занона доранд.
Қад-қади рӯди Йохсу маконест тул кашида дар масофаи 20 – 22 км, ки чашмаҳои қатор дорад. Агар Эмом Тарфиро сарфи назар кунем, ки номи мардона ва оби минералӣ дорад, боқӣ ба исми занон дар пайвандист.
Андозагири оби минтақа, дар камари кӯҳ чашмаи Дилором аст. Замоне кӯҳпора фурӯ афтод. Чашма ҷой тағйир дод ва ҳанӯз ҳам, гӯё дар китфи кӯҳ кашол аст. Оби нилинаш каму зиёд намешавад. Агар шавад ба хубиву зиёни минтақа аст. Шифо бо оби шифобахш ҳаводорони зиёд дошт. Акнун бо пайдоиши духтуру дорухатҳо насли ҷавон аз нӯшидани обаш парҳез мекунанд.
Аз ҳунари андозагирии табиат мебояд таҷриба бардошт. Дар як фосилаи муайян – гирду пеши Нозкӯл оби шӯр, ширин ва бенамак ҷорӣ мешаванд, ки ба ҳам намеомезанд. Ҳар яке бо роҳи худ равон аст ва зиёне низ, ба марғзорон намерасад. Яъне, ҳар чашма рисолатеро анҷом медиҳад.
Дӯст дорам сурудҳои ҳунармандонро дар бораи обу чашмасорон. Ҳамонеро, ки мусиқию сурудаш моро ба фикр кардан водор менамояд. Ҳангоме ки Одина Ҳошим бо диловезӣ мехонд:
Эй чашмаи шӯхи дилфизо меоӣ,
Пайғоми кӣ дорӣ, аз куҷо меоӣ?
Дар дил тасмим мегирам, ки таърихи таронаи чашмаро бояд навишт. Чашма сарнавишти мост ва зебоӣ ва латофати модаронро дорад.
Ҷонибек АСРОРИЁН