Сухане чанд дар бораи рӯзноманигор Гулҷаҳон Турсунзода
Ёд дорам, вақте ки соли 2000-ум дар вилояти Суғд нахустин рӯзномаи хусусии «Суғд» таъсис ёфт, баъди чанд моҳ панҷ нафар донишҷӯи соли сеюми аввалин бахши рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷандро барои коромӯзӣ ба идораи мо фиристоданд.
Сардабири нашрия журналисти собиқадор, созмондиҳандаи нахустин рӯзномаи «Тирози ҷаҳон»- и шаҳри Хуҷанд ва котиби масъули бахши Иттифоқи журналистони вилоят устод Абдулмаҷиди Бобоҷониён, муовинони сардабир – нависанда ва рӯзноманигор Наҷмиддини Шоҳинбод, ки ба қавли худаш «ҳамроҳи қутосҳои бадахшонӣ ба Суғд ҳиҷрат карда буд» ва муаллифи ин сатрҳо - собиқ сармуҳаррири рӯзномаи «Машъал»-и Мастчоҳ донишҷӯён –рӯзноманигорони ояндаро аз ғалбер гузарондем. Сипас, тасмим гирифтем, ки яке аз онон – Гулҷаҳон Турсунзодаро, ки зодаи шаҳраки Шайдон – маркази ноҳияи Аштро ҳамчун ҳамкор бипазирем.
Гулҷаҳон истеъдоди аҷиби рӯзноманигорӣ ва он замон кори босаводона дар компютер дошт ва дастнависҳои мо, журналистони овони шуравиро ҳуруфчинӣ мекард. Бо ҳамкорон ва корафтодагон муносибат ва муомилаи хуби инсонӣ дошт.
Боре модараш Махфират Дадобоева, ки пизишки амрози бонувон дар беморхонаи марказии ноҳияи Ашт буд, ба идораи рӯзнома ташриф овард ва аз кору бор ва ояндаи духтараш пурсон шуд. Махфират худ як пизишки кордон ва дӯстдори фарҳанги ҳазорсолаи миллати сарбаланди мо будааст. Аз адабиёти классикию муосир он қадар шеъру қиссаву андарз гуфт, ки ҳайрон шудем ва ба худ гуфтем, ки ворисони имрӯзаи Синои бузургвор низ дар пайроҳаи ӯ қадамҳои устувор мениҳанд. Чун гуфтем, ки Гулҷаҳон рӯзноманигори ояндадор аст ва минбаъд дар Хуҷанд чун ҳамкори мо хоҳад монд, бағоят хурсанд шуд ва арзи сипос кард…
Гулҷаҳон бо азми қавӣ ва дастгирии модару ҳамкорон бо зистан дар ҳуҷраҳои иҷора ва дар соатҳои фориғ аз кор бо машғул шудан ба ҳуруфчинию таҳрири мақолаву китобҳо ва дарёфтани маблағе кор ва зиндагиро дар шаҳр давом дод. Боре як дӯстамон, ки корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буд ва ҳамзамон дар Донишгоҳ ба Гулҷаҳон дарс мегуфт, бо як ҷавоне ба идораамон ташриф овард ва гуфт, ки мехоҳад бо Гулҷаҳон ҳамсуҳбат шавад. Устоду шогирд хеле суҳбат карданд ва баъдан Гулҷаҳон ба мо гуфт, ки муаллимам барои бародарони ҳуқуқшиносаш, ки он рӯз дар паҳлуяш будааст, хостгорӣ омадааст. Мо маслиҳат додем, ки бо домодшаванда суҳбат ва бо падару модари худ маслиҳат кунад ва тақдир рафта бошад, чаро не? Маросими хонадоршавии ин ҷуфти муносиб – Гулҷаҳон ва Шуҳрат Абдуллозода доир шуд. Алҳол дар лонаи онон се фарзанди хушном парвариш меёбад ва онҳо дар таҳсили илм мисли волидони хеш комёбанд.
Соли 2005 Гулҷаҳонро ба ҳафтаномаи «Варорӯд» ба кор хонданд. Дар ин нашрия аз мактаби рӯзноманигории устодон Бобоҷони Икром, Неъматуллоҳ Мирсаидов, Тилав Расулзода ва дигарон баҳраҳо бардошт. Омӯзиш дар мактаби таҳқиқоти журналистии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ба фаъолияти баъдинаи Гулҷаҳон таъсири мусбат гузошт ва акнун мақолаҳои таҳлилии ӯ, алалхусус, дар мавриди масъалаҳои марзӣ, ҳуқуқи зан, мушкилоти хонаводагӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа ҳаводорони бисёр пайдо карданд.
Дар ин нашрия ҳам Гулҷаҳон баробари навиштани матолиби ҷолиб мақолаҳои дигаронро таҳрир мекард, саҳифабандии рӯзномаро меомӯхт. Банда ҳам дар ин нашрия муовини сардабир ва масъули бахши тоҷикӣ будам.
Соли 2013 Гулҷаҳонро ба намояндагии рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар вилояти Суғд даъват карданд. Ӯ баробари масъули қабули эълону реклама будан, ҳамзамон бо роҳбарии рӯзноманигори маъруфи «Ҷумҳурият» Ҷовиди Аштӣ дар ин нашрияи машҳур мақолаҳои проблемавӣ ба табъ мерасонд. Ҳамсараш дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд кор мекард ва ҳар ду бо се фарзанд дар хонаи иҷора умр ба сар мебурданд. Бо такя ба меҳрубонию ғамхорӣ ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кадрҳои ҷавон барои гирифтани хонаи истиқоматӣ Гулҷаҳон тавассути ҷойи кори худ муроҷиат кард. Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» барои қонеъ кардани талаботи ин кадри соҳибихтисос розигӣ дод, ки Гулҷаҳон ва аҳли хонаводаи ӯ аз роҳбарияти рӯзнома сипосгузоранд.
Соли 2016 дар арафаи таҷлили 25 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд ва баробари ба истифода додани иншооти ҷашнӣ дар вилоят, ҳамзамон калиди хонаи истиқоматиеро, ки бахшида ба ҷашни мазкур сохта шуда буд, ба Гулҷаҳон Турсунзода тақдим карданд. Шодию хурсандии ин ҷуфти хушбахт ҳадду канор надошт. Дертар фарзанди хурдии Гулҷаҳон ба бемории зардпарвин дучор шуд ва модари ғамхор муваққатан аз кор даст кашид, зеро ҳазор кору пайкор камтар аст, барои модар назар ба сиҳатии фарзанди дилбанд.
Соли 2017 Гулҷаҳон ба рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» ҳамчун рӯзноманигор ба кор даъват шуд. Дар андак муддат чун таҷриба ва малакаи кофии касбӣ дошт, ҳамчун рӯзноманигори ҳирфаӣ дар ин рӯзнома эътироф гардид. Сармуҳаррири вақти рӯзнома Мухтори Абдуллоҳ ӯро котиби масъул таъин кард. Сармуҳаррири ҳозираи нашрияи мазкур Аминҷон Шарифзода ҳам Гулҷаҳон Турсунзодаро ба ин вазифа лоиқ донист ва то имрӯз котиби масъул, яъне шахси калидии рӯзнома аст.
Аммо вай худро, пеш аз ҳама, модар меҳисобад ва ифтихор дорад, ки се гулдухтараш Зебо, Шабнам ва Меҳрангез, ки мутаносибан дар синфҳои 10, 7 ва 6 - ум мехонанд ва дар озмунҳои гуногуни мактабӣ ғолиб мешаванд. Шавҳараш Шуҳрат алҳол устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад.
Гулҷаҳон дар вақтҳои фориғ аз кори рӯзнома ба таҳриру тасҳеҳи китобҳои адабию публитсистӣ машғул аст ва тули 20 соли охир дар даҳҳо китоб номаш ҳамчун муҳарриру мусаҳҳеҳ зикр шудааст.
Ифтихор дорам, ки маҳз ба туфайли ин кор бо шахсиятҳои маъруфе, ба монанди Карим Абдулов, Атахон Сайфуллоев, Усмонҷон Ғаффоров, Аҳмадҷони Раҳматзод, Маъруф Бобоҷон, Қувватбек Давлат, Абдулло Фозил ва дигар бузургони илму адаби тоҷик ошно гаштаам ва аз эҷоди онон баҳравар шудаам, – мегӯяд Гулҷаҳон.
Ҷ. СУҒДӢ