Ривоят: «Шоҳ ба надими хирадманди худ фармуд, то аз ҷаннат кафе хок биорад. Надим дар андеша фурӯ рафт: «Дар имтиҳони шоҳ чӣ ҳикмате нуҳуфта бошад? Чӣ бояд кард?».
Ғамзада омад назди модари садсолааш. Модар саволомез ба фарзандаш нигарист. Писар арзи матлаб кард. Модарро табассум дар лабҳо шукуфт, пас, аз пеши пояш кафе хок бардошт ва гуфт, бубар назди шоҳат…
Шоҳ кафи хок наздик ба чашмон овард, бӯид ва бо тааҷҷубу таассуф сар ҷунбонду гуфт, ки ин хоки муқаррарист, на хоки ҷаннат. Надим иҷозати сухан пурсид:
- Ба назар хоки муқаррарист, аммо хоки биҳишт аст.
- Исбот…
- Ин мушти хок аз зери қадамҳои модар бигрифтам…
Шоҳ аз нав хокро бӯид, бӯсид ва ба чашмон молиду ёде аз фармудаи Паёмбар кард.
Ин қисса бо тамоми муболиғаҳо ҳақиқате дар худ ниҳон дорад. Он аз бузургии модар дарак медиҳаду талқин месозад, то пеши қадамҳояш сар фуруд орем, хоки пояшонро азиз бидорем. Хоки пои модар хоки Ватан аст, ки онро аз тахти Сулаймон хуштару қиматтар шумурдаанд.
Гуфтаанд, ки модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро такон медиҳад. Оре, ҳамин тавр аст. Фарзандони модар сайёраро борҳо такон додаанд ва такон дода истодаанд ба маънои ҳам мусбат ва ҳам манфӣ. Агар яке аз сари одамон манора сохта бошад, дигараш ҳазорон пирону кӯдакони бегунаҳро аз зиндагии ширин маҳрум гардонда, ки дар ин маврид сайёраи нозанини Замин ларзида, нолида аз бадкирдориҳои фарзандон. Баробари ин зода ва тарбиякардаҳои модар бо афкору осор ва амалҳои худ шабҳои тори инсониятро мунаввар сохта, ба ташнагони ҳаёт сулҳу амонӣ ва саодатмандӣ оварда, бо ободкорию созандагиҳо рӯйи заминро сабзу хурраму шукуфон гардонда, гӯё ба биҳишт табдил додаанд…
Ҳамду сано ба модари тоҷик, ки соҳиби дили пурмеҳру бузург аст. Маъбади ҳусну ҷамол, зиннати дашту саҳроҳо, қаҳрамони арсаи меҳнату шарафи атрофу акноф аст. Модар аз дастакони кӯдакони маъсум дошта, ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Забони модар ба ҳадде пурмеҳру муҳаббат ва ширину гуворост, ки ҳар сухан аз он мисли қатраҳои оби ҳаёт пош хӯрда, дилҳои ташнаро шодоб месозад. Модарони тоҷик сари гаҳвораи фарзандон суруди ҷовидонаи «Алла» хонда, онҳоро ба камол расонда, дурри маънӣ суфта, онҳоро чун анвори Офтоб сартосари Замини паҳно парокандаанд…
Бисёр шунидаему хондаем, дар бораи ғамхорию меҳрубониҳои модар ва қадрдониҳои фарзандони тоҷик. Модари тоҷик бузургу беҳамто, ҷонфидо ва қаҳрамон аст, ки Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсуму Шириншоҳ Шоҳтемурро ба дунё оварда, тарбия кард ва ҷигарбандонаш барои миллату Ватан мубориза бурда, зафар ёфтанд. Заҳматҳои онон буд, ки насли кунунӣ саодатмандона умр ба сар мебаранд. Дар замони нав, модари тоҷик ба арсаи сиёсат Эмомалӣ Раҳмонро эҳдо намуд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амали шоистатарин - ба қадри инсон, ба қадри модар расиданро ба аҳли ҷомеа талқин намуда, мақому манзалати зан, модарро ба авҷи аъло бардоштанд. Фарзанди инсондӯсту адолатпарвару қадрдонаш муқаддас будани ҳуқуқи занро дар амал татбиқ намуданд. Модар – Бибимарям - таҷассумгари зоҳиру ботини модарони тоҷиканд. Модар аз Худованд талаб карданд, ки ба фарзандам тани сиҳату хотири ҷамъ ато фармо, то ба халқ софдилона ва сарбаландона хизмат кунад…
Худованд накукорон, савобкоронро дӯст медорад. Модари накукореро, ки чунин фарзанди ғолибу забардастро ба дунё оварда, тарбия кардаанд. Ин ҳама бузургиҳои фарзанд аз тарбияи модаранду дарак аз он медиҳанд, ки модар Бибимарям устоду омӯзгори беҳтарин будаанд, ки фарзандашон ба фарзанди вафодори миллат табдил ёфта, мақому манзалати модару миллат ва забону Ватани худро ба арш бардоштанд.
Оре, модарони тоҷик ҳастанд, ки миллат озод, кишвар обод ва давлат пойдору устувор гардида, сӯйи қуллаҳои мурод қадам мениҳад. Модаронро азиз дорем, хоки пояшон тӯтиё!
Субҳон ЁДГОРӢ,
омӯзгори МТМУ № 18-и шаҳри Исфара