Дар пешрафт ва рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол бонувон ҳам баробари мардон саҳми босазо мегузоранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занонро дар ҷомеа баланд бардошта, дар ҳар суханронии хеш ба касбу кори занҳо диққати махсус медиҳанд. Воқеан, зан дар ҷомеаи мо нақши муассир дорад.
Сухан ҳоло дар бораи бонуе меравад, ки бо кордонию хислатҳои неку наҷиб миёни ҳамкорону атрофиён соҳибэҳтиром аст. Ӯ муаллими меҳрубони мо Гулнора Холова мебошад, ки бо шиори «Гуфтори нек, рафтори нек ва кирдори нек» умр ба сар мебарад. Аз суҳбат бо ӯ пай бурдам, ки муаллим аз зумраи устодонест, ки нисбат ба шогирдон ғамхору дилсӯз ва нисбат ба ҳамкорон рафиқи шафиқ. Аз замони рӯи кор омаданаш, дар муассиса дигаргуниҳои зиёде дар арсаи таълиму тарбия ба вуқуъ пайвастанд. Волидони талабаҳо аз роҳбари муассиса буданаш розианд. Аксари шогирдони мактаб бо баҳои хубу аъло ва интизоми намунавӣ таҳсил мекунанд. Гулнора Холова нақши худро дар ҷомеа гузоштааст, мегӯянд бо ифтихор волидони мактаббачаҳо.
Гулнора Холова соли 1978 дар деҳаи Корези Болои Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Падараш Қувваталӣ Холов шоир, рӯзноманигор ва модараш бригадири саҳро буд. Фарҳанги волои падар аз хурдӣ дар дили Гулнора ҷой гирифт. «Мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз» шиори даврони мактабиаш буд. Бо баҳои хубу аъло ва интизоми намуна мехонду нияти омӯзгор шудану ба халқу Ватан хизмат карданро дар дил мепарварид. Пас аз хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ супурда, соли 2000-ум донишҷӯ шуд. Дар ин муассисаи олӣ ҳам фаъол буд. Устодон аз давомоташ розӣ буданд. Соли 2006-ум Донишгоҳро хатм намуда, бо роҳхати Вазорати маориф ва илм ба зодгоҳаш, деҳаи Зиракӣ баргашта, дар мактаби хатмкардааш ҳамчун муаллими синфҳои ибтидоӣ ба кор пардохт.
Гулнорабону бо кордонию дониши хубаш миёни ҳамкорон ва падару модари шогирдон обрую эътибор пайдо кард. Борҳо дар санҷишу озмунҳои раёсати маорифи шаҳр ғолиб омада, соҳиби ифтихорномаву сипосномаҳо гашт.
Кордонию ташаббусҳои эҷодии муаллимро ба инобат гирифта, ӯро соли 2021 директори МТМУ №12 таъин намуданд. Дар давраи роҳбарии Гулнора Холова сифати таълиму тарбия дар муассиса баланд рафта, омӯзгорону шогирдон ва падару модарон ҳам аз маҳорати роҳбарияш сухани таъриф кушоданд. Шогирдони мактаб дар андак вақт дар чорабиниҳо ва озмунҳо ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Гулнора Холова модари хушбахт ва кадбонуи хонадон аст. Дар тарбияи фарзандон саҳми босазо дорад. Ба бонуи сарвар, муаллими азиз Гулнора Холова хонаи ободу тарбияи хуби фарзандон ва дар ҷодаи пуршарафи омӯзгорию роҳбарӣ бурдбориҳо таманно дорем.
Гулрафтор ҶАЛИЛОВА