Падари омӯзгор ва модари боҳунари рӯзгордор ӯро аз хурдсолӣ меогоҳонданд, ки ҳаёт фақат аз шодиву нишот ва комёбиву хушнудиҳо иборат нест. Ҳар баландиеро пастӣ ва ҳар шодиеро ғаме дар пай аст ва инсон бояд бо азму иродат ва кӯшишу заҳмат ояндаи худу фарзандонашро хушу гуворо гардонад.
Падараш Набӣ Рӯзибоев - муаллими ҷуғрофия, чандин сол роҳбари мактаб буд ва маҳз бо талқини ӯ Дилафрӯз соли 1994, баъди хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24-и шаҳри Истаравшан ба факултаи ҷуғрофияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҳуҷҷат супурду баъди хатми он дар МТМУ №4 ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохт. Касби худро дӯст медошт, аз ин рӯ, дар як муддати кӯтоҳ писанди хонандагону ҳамкорон гардид. Натиҷа ин шуд, ки соли 2009 ӯро муовини директори мактаб таъин карданд. Ин вазифаро то соли 2014 бо сари баланд пеш бурд.
Оғози ҳаёти оилавиаш ҳам бобарор буд. Ҳамсари меҳрубону кордоне дошт, ки дар шаҳру атрофи он чун соҳибкори муваффақ машҳур буд. Ду фарзанди дилбандро волидони ҷавон мисли гул мепарвариданд. Вале дареғ, ки 14 сол пеш аз ин шавҳар ногаҳон бемор шуду чашм аз дунё фурӯ баст ва Дилафрӯзро бо гулҳои наврустаи хонадон Азимҷони 9-сола ва Сабринаи 1-сола танҳо гузошт.
Бисёре аз бонувони ҷавон дар чунин мавриди талх, яъне ногаҳон аз даст додани сарвари хонадон ошуфтаю парешон ва сарсон мешаванд, аммо Дилафрӯз худро ба даст гирифт. Баъзеҳо маслиҳат медоданд, ки сари ҷавон дорад, дубора ба шавҳар барояд, аммо ӯ қабул накард ва тасмим гирифт, ки ҳаёти баъдинаашро танҳо ба тарбияи ҷигарбандон ва фарзандони мардум мебахшад.
- Шукр мегӯям, ки падару модар маро хононданду соҳибкасб карданд ва дар ҳамон рӯзгори сахт ихтисосам – омӯзгорӣ дастгирам шуд, - мегӯяд Дилафрӯз. – Ғайр аз ин, суратгирию наворбардориро омӯхтам ва дар вақтҳои фориғ аз мактаб ин ҳунар ҳам василаи пешбурди рӯзгор ва тарбияи фарзандон мешуд. Азимҷон алҳол донишҷӯйи яке аз донишгоҳҳои маъруфи Россия, Сабрина дар синфи 9 мехонад ва гирандаи Стипендияи президентӣ мебошад.
Соли 2015 Дилафрӯзро директори МТМУ № 56-и маҳаллаи Гулистони деҳаи Зарнисори Истаравшан таъин карданд. Ин бесабаб набуд, зеро то омадани ӯ мактаб вазъи ногуворе дошт. Ҳам аз лиҳози ободонию шароити таълим ва ҳам аз ҷиҳати ҳамкорӣ бо волидон. Дар деҳа баъзе мутаассибон идомаи таҳсили духтаронро баъди синфи нуҳум роҳ намедоданд, чи расад ба таҳсил дар омӯзишгоҳҳою донишгоҳҳо. Ҳалли ин масъалаҳо танҳо дар ҳамкорӣ бо тамоми аҳли маҳалла имконпазир буд. Дилафрӯз қариб ҳар ҳафта раиси кумитаи волидон, зиёиёни фаъол, соҳибкорони саховатмандро ба таълимгоҳ даъват мекард ва дар якҷоягӣ барои ҳалли мушкилот тадбирҳо меандешиданд. Баробари тармиму таъмири синфхонаҳо, фароҳам овардани шароити хуб барои омӯзгорону хонандагон ба ҳар хонаводаи деҳа мерафтанд, ба волидон масъулияташонро дар тарбияи насли наврас мефаҳмонданд.
Бо ташаббуси директори нав ва дастгирии аҳли маҳалла толори варзиш бунёд гардида, ду суҳбаткада сохта шуд. Алҳол сохтмони китобхонаи нави мактабӣ бо шароити муосир давом дорад.
- Комёбии асосии мо ба идомаи таҳсил баъди синфи 9 ҷалб кардани духтарони деҳа аст. Хушбахтона, духтарони хушзеҳни деҳа таҳсили худро дар зинаҳои баъдинаи таҳсил низ идома медиҳанд. Алҳол дар мактаб 520 хонанда ва 33 муаллим дорем. Аз ҷумла, 24 нафар омӯзгор бонувонанд. Ҳикоят Байзоева, Муъмина Худошукурова, Шафоат Додобоева, Шодия Ҳамдамова, Шафоат Сангинова, Барно Ҷамолова, Маҳбуба Юсуфова барои насли нави духтарони деҳа намунаи ибрат мебошанд. Хушбахтона, шогирдон, амсоли Фирӯза Шарифова, Малика Азизова, Маҳина Ҳайитова ва дигарон алҳол дар мактаб ва кӯдакистони деҳа машғули кор ҳастанд.
– Иштироки хонандагони мактаб, аз ҷумла, духтарон, дар олимпиадаҳои фаннӣ, инчунин озмунҳои муфиде аз қабили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва ғайраҳо ҳамасола баргузор мешаванд, назаррас мегардад, - изҳор медорад Аълочии маорифи ҷумҳурӣ Дилафрӯз Рӯзибоева.
Ҷӯра ЮСУФӢ,
шаҳри Истаравшан