20

Мая, 2025
Сешанбе

20

Мая, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Заррезаҳои зиндагӣ

 

Баргҳои як дарахти зиндагӣ ҳастем.

Пешу пас афтодани мо қонуни тирамоҳи ӯст.

***

Ҳар шифои дард танҳоист,

Ранҷи беш аз баҳри зебоист.

***

Туро бар ман Худованд доду афзуд:

Бидидӣ, ки чӣ сонат дорамат дӯст.

***

Ақли кам ҳаргиз набинад офтоб,

Ақли кулл донад, ки шоҳи зиндагист.

***

Шамъи кӯчак ҳам тавонад як шабе равшан кунад.

***

Кор чу бо эҳсос бошад,

Умри кӯтаҳ хос бошад.

***

Омӯхтан – фасли зебоист, ки ба осмон хазони зишт намонад.

***

Сармо гули шукуфтаи дарахтон мерезад, мо чашми умед ба меваи он дӯхтаем.

***

Ранҷонидани кас чӣ кори саҳл, пурсидани бахшиш чӣ душвор аст.

***

Доно пайи ислоҳи хато ҷаҳд кунад,

Нодон пайи такрор зи нав аҳд кунад.

***

Ғайбати кас мекунӣ бе чашмдид,

Нест тарсе пешаш аз чашми Худо.

***

Ба дил ақли зи Яздон дода мегуфт:

– Ки одам аз азал буд душмани худ.

***

Ба дунё, ки туро зоданд одам,

Ба зери хок ҳам боистӣ одам.

***

Гузашта нардбон надорад, оянда оина. Ҳарчӣ мебинӣ имрӯз аст, ки бовар мекунӣ.

***

Нируи ту гар зи сабри хеш аст,

Аз қатра биёварӣ ту дарё.

***

Андешаи ту хуб, ту хуби ҳамаӣ,

Андешаи бад тифли бадӣ мезояд.

***

Ақли ту чу пок аст, битобад ҳама равшан,

Девона ҳам охир пайи оқил бишитобад.

***

Сели хашми худ фурӯ биншон,

Гил шавад таҳшину об гардад соф.

***

Бувад беҷуратиҳо – ғорати бахт.

***

Биранҷад зуд нодон аз гапи ту,

Вале зудранҷии доно кӣ дидаст?

***

Китоби хушбахтӣ – аз таҳрири хуби хотираҳост.

***

Хоҳӣ, ки туро шунида бошанд,

Аз ёд мабар шунидани кас.

***

Одаму ноодамӣ доранд марз,

Ақл онро посбонӣ мекунад.

***

Гар чоҳ канӣ барои мардум,

Андеш, ки худ мехурӣ об.

***

Аз гили инсону инсонзодаем,

Лек одам будани мо гоҳ-гоҳ.

***

Он об, ки худ намехурӣ з-он,

Додан ба каси дигар раво нест.

***

Баддил ба мисоли ҳезуми тар,

Бо бӯйи ғализу дуд сӯзад.

***

Ғолиб бишавӣ, ва ё ки мағлуб,

Медон, ки интихоб аз туст.

***

Чанд афтӣ, боа со боло шавӣ,

Номус ар уфтод, асо н-ояд ба кор.

***

Зиндагӣ сода ба ҳарфу ба ҳиҷо,

Ба ҳазор ҷумла мураккаб кардем.

***

Гар аз паси ту бигуфтаанд бад

Рав пеш, ки пештарӣ аз онҳо.

***

Сухан муаррифгари туст.

***

Ҳақиқатро вақт менамояд, дурӯғро оина.

***

Ҷое, ки гиёҳи нафрат руст,

Ҳосили адолат бихушкад.

***

Бо чашм ҳар он чӣ дидӣ, баргӯ,

Бо гӯш шунидаро нигаҳ дор!

***

Аз ёд барӣ, ҳар он чӣ бад буд,

Некӣ наравад зи нақиш хотир.

***

Он ҷо, ки нишаст нолаи гул,

Зебоӣ зи хок барнахезад.

***

Сабр умре аз хиёнат дур,

Дӯстро дорад вафо наздик.

***

Ҳар гаҳе андешаро ғалбер мебояд зодан,

Поккориҳо баҳои ақлро боло барад.

***

Ба гуфтае, ки худ бовар надорӣ, ба дигарон чаро гӯӣ?

***

Раҳгумзадаро чу раҳ намудӣ,

Дидан, ки бирафт, чӣ шодмонист.

***

Баландидаро бовар ба пастӣ набошад.

***

Ишқро эҳсос мекунӣ, Худоро ҳам.

***

Он ки аз кӯҳна наве месозад, нигаҳи таҷриба дорад.

***

Мебуд, ки ақлро мефурӯхтанд, ҳама подшоҳ мешуд.

***

Лаъл ба суфтан зебост, одам ба тарбият.

***

Вақте афтодӣ боварӣ асо мегардад.

***

Ҳамаро дидану як каси мондаро надидан, хатост.

***

Зебо зистанро аз шаҳпарак бояд омӯхт. Як рӯзи зебои умр ба сад соли ғам надиҳад.

***

Барфи зебоӣ ба нури чашм аст, борони некӣ ба меҳри дил.

***

Ҳар бадию хубии мо имтиҳони фардои фарзандони мост.

***

Умри шоир шабеҳи умри қалами ӯст. Ҳарду баровар кам шаванд.

***

Одами хуб бе ҳамсоя намемонад.

***

Аз сад дари пӯшидаву як дари кушода барои дузд ҳамеша имкон ҳаст.

***

Чун абр тира машав, чун офтоб сӯзон ҳам, ки аз ту биёбон монад.

***

Булбул ба шохи пургул нишинад, хирадманд паҳлӯи доно.

***

Ба истиқболи некӣ рафтан мушкил нест. Аз бадӣ бигрез, ки зуд туро дарёбад.

***

Ҳар, ки пирӯзи ғурури хеш буд,

Раста аз зиллат, зи ранҷи неш буд.

***

Шоҳи худ будан, беҳ аз шоҳи марду будан.

***

Аз ками зан магӯ, хоҳӣ марду бузург бошӣ.

***

Аз хубон касе нарафтаву аз бадон касе намондааст. Лек хубу бад барҷост.

***

Сабр шарики шодӣ, рақиби ғам аст.

***

Дил пештар аз чашм мебинад, чун чашми Худост.

***

Бо соати номус бигард, шармандагӣ умри дароз дорад.

***

Як сухан ҷон офарад, ҷон ҳам ситонад.

***

Бо дуои санг шишаи нозуки дил нашканад.

***

Рози худ ба бод ҳам магӯ, ки буттаву дарахтон шоҳиданд.

***

Ба раҳи дигарон марав, ки одат мекунӣ ва зинҳор раҳи хеш наёбӣ.

***

Ба аблаҳ некӣ кардан, об дар ғалбер рехтан аст.

***

Дар кишвари танҳоӣ посбони марзи андешаҳои хеш бош.

***

Дар илм қадаме қафо мондӣ, боке не. Як қадам пеш ба тарбият будан ҳунар аст.

***

Ба душманат ангубин муроот кун, хоҳӣ, ки заҳр надиҳад.

***

Шамоли сахт нахуст дарахти баландро мешиканад.

***

Дарси ҳикмат мешунав аз тирамоҳ:

– Оҳ гарморо намоед, эҳтиёт!

***

Андешаи хуб ҳамеша ба талош мекашад, он гуна ки чун амали раҳоӣ аз зиндон.

***

Баҳр дар пиёла намеғунҷад, ишқ дар дил. Ҳарду исёнгару озодихоҳанд.

***

Об нарму беозор ба роҳи худ равон аст. Зинҳор сари роҳаш магир, ки қоҳиртар ва харобкортар аз ӯ нест.

***

Санг мудом аз баландӣ меафтад, варна ҷонаш сахт намешуд.

***

Одаме, ки чизе надорад озод ва осуда аст. Асири пул асири ғам бошад.

***

Ба кӯҳи баланд бо азми баланд, ба кӯҳи дил бо ишқи баланд метавон расид.

***

Хушбахт бошӣ, бо дигарон қисмат кун. Хоҳӣ дид, ки он ҳаргиз кам нашавад.

***

Ҷаҳд кун аз як қоқуи лутф ҳазор боғ бишкуфад, ҳарчанд метавонӣ аз шиҳоби оташи як ғазаб ҳазор хона бисӯзӣ.

***

Аз дили тоза гармӣ ва рӯшноӣ хезад, аз дили сиёҳ торикии ақл.

***

Азони наҷот аз имони рӯшан садо гирад.

***

Ҳаргиз ба бадӣ кардан машитоб, аз қофилаи накӯӣ дер мемонӣ.

***

Ҳарос аз марг – даст шустан аз хубиҳост.

***

Миқрози хубӣ ҳар банду гиреҳу риштаро метавонад бурид.

***

Маликаи зебоист, ки шоҳи вақтро андармон месозад.

***

Шамиму ҷамоли гули сипосро ягон гули дунё надорад.

***

Як санг хиёнат кӯҳи бовар хароб кунад.

***

Равған дар шир наояд, то силтаваш надиҳӣ.

***

Девонаро ҷазои Худовандӣ кофист, то эҳтиромаш кунӣ.

***

Дуои саҳар – биёрад самар.

***

Машшота маҷӯ, хонаи дил ороста дор.

:.  Аз ҳар боб 24.03.2023 13:05 363

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz