Рӯзи Модар, ки тавъам бо оғози фасли зебои баҳор ва дар арафаи соли нави аҷдодӣ фаро мерасад, муждаи накуест барои оғози иқдомҳои наву созанда, барои талошҳо баҳри рушду пешрафт ва ин оғози наву созандаро ба ҳамаи бонувони мамлакат муборакбод мегӯям.
Бо изҳори қаноатмандӣ иброз медорам, ки занон ва духтарони мо дар пешрафти ҷомеа ва давлат баробари мардон талош меварзанд ва дар ҷомеа мақому мавқеи сазоворро дошта, арзишҳои оиладорӣ, инсонию миллиро ба фарзандони худ ва ҷамъият бо масъулияти баланд тарғиб мекунанд. Зери мафҳуми роҳбарии занон, пеш аз ҳама, иштироки фаъолонаи онҳо дар раванди таҳия ва қабули қарорҳо дар идоракунии сатҳи гуногуни ҷомеа дар назар аст.
Хушбахтона, имрӯз роҳбарии расмии бонувон хусусияти болоравӣ дошта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пайваста дастгирӣ меёбад. Бо қабул шудани стратегияҳо ва барномаҳои дахлдор дар ин самт доираи роҳбарии занон низ, густариш ёфта, саҳми онҳо дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷомеа боз ҳам бештар ба назар мерасад.
Дар баробари занони роҳбар таваҷҷуҳ ба дастгирии бонувони лаёқатманд, ки ин сафро пурра менамоянд, шоис¬таи таҳсин аст. Ҳамчун роҳбари яке аз мақомоти давлатии пешбарандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ мехоҳам таъкид намоям, ки ҳамагуна фаъолиятҳои бонувон пайваста дастгирӣ меёбанд.
Боиси ифтихору сарфарозӣ аст, ки дар натиҷаи татбиқи самараноки сиёсати Ҳукумати мамлакат занон бо пешниҳоди ташаббусҳои созанда, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат меварзанд.
Бо истифода аз фурсати муносиб кулли бонувони арҷмандро ба иди фархундаи Рӯзи Модар таҳният мегӯям. Хонаи обод, рӯзгори пур аз файзу баракат ва саломативу барори кори ҳар як бонуи кишвар таманнои ҳамешагии мост.