20

Мая, 2025
Сешанбе

20

Мая, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Бонувон дар садри мудофиаи кишварҳо

 

Bonu 02_2023__ _fmt

Зейна Акар – аввалин бонуест, ки дар миқёси кишварҳои арабӣ ҳамчун вазири дифоъ ба фаъолият шуруъ намудааст. Муовини сарвазири кишвари Лубнон буда, ҳамзамон аз соли 2020 дар садри мудофиаи ин кишвар таъин мегардад. Дар ин мақом ҳадафи асосии фаъолиятро дар мубориза бо коррупсия роҳандозӣ намудааст. То замони фаъолият дар ҳукумат ба соҳибкорӣ шуғл варзида, роҳбарии ширкати тадқиқотӣ-машваратии «Иттилои байналмилалӣ» (Information International)-ро ба уҳда дошт.

Клаудия Таннер – низ дар таърихи кишвари Австрия нахустин бонуест, ки ба ҳайси вазири мудофиа соли 2020 ба масъулият пардохтааст. Ӯ ходими намоёни сиёсӣ ва аъзои Ҳизби халқии Австрия мебошад.

Клаудия Таннер дар хоҷагии фермерии волидонаш дар минтақаи Шайббс ба воя расида, ба парвариши занбӯри асал мароқ дошт. Соли 1995 дар Донишгоҳи Вена унвони магистри соҳаи ҳуқуқро ба даст оварда, солҳои 2010–2015 узви шурои мунисипалии шаҳри Грестен ва то соли 2020 ҳамзамон директори иттифоқи кишоварзони Австрияи Поён оид ба масъалаҳои ҳуқуқ ва иҷтимоъ буд.

Аннегрет Крамп-Карренбауэр – ходими сиёсии олмонӣ буда, аз моҳи июли соли 2019 вазири дифои кишвари Олмон аст. Вай дар ин мақом ҳамҳизби худ – Урсула фон дер Ляйенро иваз намудааст, ки номбурда ҳоло ҳамчун раиси Комиссияи Аврупо фаъолият дорад.

Крамп-Карренбауэр солҳои 2011–2018 сарвазири минтақаи Саар буд. Дар донишгоҳҳои Трир ва Саар дар риштаи сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ таҳсил кардааст. Дар солҳои 2000–2007 Крамп-Карренбауэр дар ҳукумати Саар ба ҳайси вазири корҳои дохилӣ, оила, ҳуқуқи занон ва варзиш ва баъдан вазири маориф, оила, ҳуқуқи занон ва фарҳанг фаъолият бурдааст. Солҳои 2009–2011 вазири меҳнат, оила, корҳои иҷтимоӣ ва варзиш будааст.

СИМИН

:.  Аз ҳар боб 09.03.2023 12:06 320

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz