Дилором Қаюмова соли 1999 шомили Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино гардид ва бо хатми он ба орзуи ниҳоияш расид. вақте аҳли хонавода бештари лаҳзаҳоро масруфи мутолиаи китоб ва ҷустуҷӯи навовариҳои илмӣ менамуданд, ин ба ҳаёти минбаъдаи вай бетаъсир намонд. Тасмим гирифт, то дар риштаи илм худро бисанҷад.
Соли 2012 рисолаи илмиашро бо номи «Таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳаёти занони ҳомила» ҳимоя намуд. Аз он ки заҳматҳояш дар илми тиб аввалин дастовард буд, сазовори Ҷоизаи байналмилалӣ дар бахши тағйирёбии иқлим гардид. Алҳол, Дилором тасмим дорад, дар соҳаи пиряхшиносӣ ба кори илмӣ шуғл варзад ва навоварӣ ва дастоварди илмиро низ дар ин ҷода ба каф орад.
- Шояд барои аксар ҳайратовар бошад, ки чаро тарки пеша намудам ва бо бонувони пир¬яхшинос пайвастам? –рамузкорона ҷӯё мешавад Дилором ва худ меафзояд:
- Табиб ҳеҷ вақт наметавонад тарки пеша намояд. Дар ҳама ҳолат ҷомеа ба табиб ниёз дорад ва ҳатто дар болои кӯҳҳои сарбафалаку рӯи пиряхҳои азим. Инро бори нахуст вақти ба баландии қаторкӯҳҳои Ҳисор баромадан ва расондани ёрии аввалини тиббӣ ба ҳампешагон эҳсос намудам.
Дилором Қаюмова алҳол, ходими пешбари илмии Озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад. Ҳаминро бояд гуфт, ки омӯзиши сифати об ва санитария яке аз бахшҳои тибби муосир мебошад. Яъне, аз илми тиб он қадар дур нарафтааст. Талош дорад, то дар ин ҷода низ пажӯҳиш анҷом диҳад ва ба навгонии илмӣ мушарраф гардад.
Мавзуи суҳбат
- Аз хурдсолӣ дар бораи пиряхҳо ва аҳамияти онҳо маълумоти зиёд доштам. Зеро мавзуи асосии суҳбати хонаводагиамон ҳам ин буд. Ёд дорам, падарам бештар барномаҳои телевизионие, ки дар бораи табиат, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба мавҷудоти кураи Замин, бахусус пиряхҳо буданд, тамошо менамуданд. Китобҳо, мақолаҳои илмии хешро дар маҷаллаю рӯзномаҳо ба нашр расонда, инчунин дар ин мавзуъ зиёд мутолиа мекарданд. Бо дӯстонашон гирди дастархон нишаста, баҳсҳои илмӣ менамуданд. Адабиёти зиёде дар бораи пиряхҳо, ки дар ҷевонҳои хона буданд, маро бетаваҷҷуҳ намегузоштанд. Дар баробари дарсҳои мактабӣ аз он адабиёт истифода мебурдам. Гоҳ – гоҳе варақгардон намуда, маълумоти ҷолибро ба худ мегирифтам. Ин муҳит дар тағйир додани кору зиндагӣ бетаъсир намонд.
Бори аввал ба баландии 2 км боло аз сатҳи баҳр, ба кӯҳи Якарча баромадам. Ҳанӯз он эҳсосотро, ки аз зебоии табиат вуҷудамро фаро гирифта буд, фаромӯш карда наметавонам. Дар он баландӣ чор фасли сол дар давоми як шабонарӯз дида мешуд. То нисфирӯз офтоби дурахшон нурпошӣ менамуд, сипас, борону жола аз осмони софу беғубор рехт. Пас аз муддате барф борид. Ҳамаи ин зебоиҳоро дар фасли гармои тобистон дидан воқеан хеле ҳаловатбахш буд, - бо ҳарорат гуфт Дилоромбону.
Як мушкил
Дар илми ҷаҳонӣ 3 бахши он маблағ ва заҳмати зиёдро талаб мекунад: илми кайҳоншиносӣ, омӯзиши энергияи ядроӣ ва ниҳоят омӯзиши пиряхҳо. Дар Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ба ҳамаи дастовардҳо ба шарофати сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил гашта истоданд. Имрӯз дар АМИТ омӯзиши пиряхҳо низ дар баробари дигар илмҳо саҳеҳ ба роҳ монда шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 77 – уми Созмони Милали Муттаҳид пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад. Ва қабули як қатъномаи манфиатбор, яъне, дар бораи соли 2025 эълон гардидани «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки бо ташаббуси Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, боиси сарфарозии мардуми тоҷик мебошад.
Қабули ин қатънома на танҳо олимону сиёсатшиносон, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва албатта, бонувонро низ водор месозад, ки ба масъалаи роҳҳои омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо ҷиддӣ шуғл варзанд ва он ҳама лоиҳаю дурнамоҳое, ки дар ин самт пешниҳод мегарданд, амалӣ намоянд.
Бонувон дар экспедитсия
Аз соли 2018 бо ташаббуси директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» Анҷумани «Занони пиряхшинос» ба фаъолият пардохт, ки атрофи худ бонувони илмҷӯ ва мутахассисро, ки ба таҳқиқ ва омӯзиши пиряхҳо машғуланд, гирд оварданд. Алҳол, дар ҳайати ин ташкилот 16 бону ба корҳои таҳқиқотию омӯзишӣ шуғл меварзанд.
Ҳар сол муассиса дар фасли тобистон барои омӯзиши пиряхҳо экспедитсия ташкил менамояд, ки дар он бонувон низ шомиланд. Албатта, пеш аз корҳои омӯзишию таҳқиқотӣ вазъи саломатии кормандон санҷида ва бехатарии онҳо кафолат дода мешавад. Зеро, агарчи тамоми шароитҳои корию озмоишӣ, аз либосҳои махсус то техникаҳои муосир муҳайё бошад ҳам, зиндагии 10 – 15-рӯза болои кӯҳҳои баланди яхпӯш хеле мушкил аст.
- Баъзан дар вохӯриҳою конфронсҳо мепурсанд, ки магар шуғл доштани зан дар ин самт мушкил нест, ки чунин як анҷуман таъсис ёфтаву бонувон ҷалб мешаванд. Воқеан, зани тоҷик пуртоқат аст ва агар монеи фаъолият ва истеъдоди ин ҷинси латиф касе набошад, метавонад ба кайҳон парвоз кунад ва оламро бо матонату иродаи қавии хеш тасхир намояд, - ироа медорад бону Дилором.
Вақте барои омӯзиш ба кишвари Австрия рафтам, он ҷо дидам, ки асосан ба корҳои омӯзиши пиряхҳо ҳамсар бо шавҳар шуғл меварзанд. Ба якдигар кумак менамоянд ва ҳамеша дар корҳои таҳқиқотӣ ҳамсафари ҳамдигаранд. Шояд аз ҳамин лиҳоз, онҳо дар илм муваффақ шуданд.
Вақте аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ аз фаъолияти занон дар ҳама соҳаҳо ва баланд бардоштани мақоми бонувон дар ҷомеа аст, пас чаро бонувон аз ин дастгириҳо бенасиб бошанд? Бошад, ки онҳо дар баробари ҷалб шудан ба самтҳои гуногуни ҷомеа ба пиряхшиносӣ низ рағбат пазиранд ва дар ин роҳ олимҳо ва мутахассисони варзида онҳоро роҳнамо шаванд.
АНОҲИТО