Дар ВМКБ иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аз рӯзҳои аввали сафарбарӣ ба ҳукми анъана даромадаст. Муовини сардори шуъбаи қайди афсарони эҳтиётии комиссариати ҳарбии вилоят полковник Тоҷинисо Алидодова, ки пайи ҳам ду фарзандашро ба хизмати ватан гусел намуд, мегӯяд: «Дар инмаъракаи муҳими сиёсӣ, ки ҳамасола баҳору тирамоҳ сурат мегирад, ҳар корманди комиссариати ҳарбӣ бояд бо амали худ
намунаи ибрат барои дигарон бошад».
Ба гуфтаи ӯ, хизмат ба Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонписар буда, ҳамоҳангии самараноки сохторҳои мақомоти давлатӣ ва ҳамкориашон бо қишрҳои гуногуни ҷомеа ва тавсеаи корҳои фаҳмондадиҳӣ байни наврасону ҷавонон ва волидонашон ва масъулиятшиносии кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ дар иҷрои вазифаи хидматӣ сабабҳои асосии таъмини босифати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва сатҳи баланди ташкили бонизоми ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гардиданд.
Тоҷинисо фарзандонашро барои адои хизмати ҳарбӣ маҷбур накард. Ӯ бар ин бовар аст, ки вақте фарзандон дар муҳити солими оилавӣ ва руҳияи ватандӯстиву эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия меёбанд, дар интихоби касбу ҳунар ва адои қарзи шаҳрвандиашон мустақил ва дуруст рафтор хоҳанд кард. Фарзандони Тоҷинисо Масрур ва Муносиб ҳанӯз аз овони хурдсолӣ аз волидони хеш дар бораи бобояшон Мирзобек Баҳодуров нақлҳо мешуниданд, ки чи тавр дар ҳайати дастаи хизматчиёни ҳарбӣ дар шароити сарду сахти Помири Шарқӣ корвонҳоеро, ки ба вилояти навтаъсис маводи озуқа ва дафтару китоб мекашонданд, пойи пиёда ҳамроҳӣ ва ҳифз менамуданд. Вақте мактабхон шуданд, дар қатори барпокунандагони ҳокимияти Шуро дар Помир акси бобояшонро дар гӯшаи муассисаи таълимӣ дида, ҳисси ифтихорашон боз ҳам боло мегирифт.
Чанд сол пеш дар ҷойи мактаби куҳнаи деҳа Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии замонавии муҷаҳҳаз бо тамоми асбобу аҷоми хониш ва шароити тадрис арзи вуҷуд намуду бародарон ин дигаргуниҳоро бо чашмонашон диданд. Дар маросими кушодани мактаб Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд. Падар бо шукргузорӣ аз рӯзгори осуда ба фарзандон ёдовар мешуд, ки чи тавр аз камбуди барқ сокинони шаҳру деҳоти вилоят ранҷ мебурданду ба шарофати фаъолияти ширкати барқӣ дар заминаи ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ, ки худ дар он ҷойи кор пайдо кард, айни ҳол на танҳо ин мушкилот пурра рафъ гардидаст, балки сохтмони неругоҳҳои нави барқӣ ба манзури мусоидат намудан ба рушди саноат идома доранд.
Модар аз афзудани шумораи довталабони хизмати ҳарбӣ ба таври ихтиёрӣ ва ғамхориҳои беназири Сарвари давлат дар ҳаққи сарбозону афсарон ва шароити мусоид фароҳам омадан барои хизмат нақл мекарду писарон ин дигаргуниҳоро дар таъмини дастаи марзбонии назди деҳа бо маводи ғизо ва сарулибос мушоҳида менамуданд. Ин аст, ки вақте масъалаи рафтан ба мактаби ҷасорат ва далерию мардонагӣ - хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба миён омад, Масруру Муносиб даъватномаро интизор нашуда, ихтиёран ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуданд.
-Мутаассифона, баъзе аз кормандони мақомот ва комиссариатҳои ҳарбӣ дар вақти маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ фарзандони мардумро пешандоз мекунанду кӯшиш менамоянд, ки писарони худро бо ҳар роҳ аз хизмати ҳарбӣ гурезонанд. Вале хонаводаи Мирзобековҳо барои ҳамдеҳагон намунаи ибрат аст, чаро ки фарзандонашон бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ рафтанду инро натиҷаи хуби таълиму тарбияи мактаб ва волидонашон мешуморам. Писари ягонаам дар пайравӣ аз ҳамсабақонаш довталаби хизмати ҳарбӣ шуд, пеши роҳашро нагирифтам. Дилпурам, ки баъди иҷрои қарзи шаҳрвандиаш дар назди Ватан аз рӯйи ихтисос ҷойи кор пайдо мекунад, - баён медорад сокини деҳаи Буведи деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон Зардодхон Зардодхонов.
Тоҷинисо Мавлододова пас аз хатми Донишкадаи забон ва адабиёти рус дар соли 1992 дар комиссариати ҳарбии ВМКБ ҳамчун коргузори шуъбаи кадрҳо ба фаъолият пардохт. Дониши хуб, забондонӣ, ҳусни хат ва қобилияти ба роҳ мондани коргузорӣ ва омода намудани гузоришҳо сифатҳои касбии мутахассиси ҷавон буданд. Сипас, дар вазифаи ёрдамчии сардори шуъбаи кадрҳо ва сардори шуъбаи кадрҳо ва солиёни зиёд вазифаи ёрдамчии сардори шуъбаи сафарбарӣ ва муҳофизати ҳудудӣ кор кард. Фаъолият дар шуъбаи сафарбарӣ фақат бо супурдани даъватнома ба дасти даъватшавандаҳо маҳдуд намегардад.
Тоҷинисо баён медорад, ки бо беҳтар шудани шароити хизмат дар артиш сафи ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтан мехоҳанд, зиёд мешавад. Бахусус аз ноҳияҳои Мурғобу Дарвоз ва Шуғнон дар давоми маъракаҳои баҳорӣ ва тирамоҳии сафарбарӣ довталабони зиёд даъватномаро интизор нашуда, бо хоҳиши худ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир мешаванд. Имтиёзҳои моддӣ ва маънавиро, ки давлат нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ ва сарбозони ҷавобшуда аз хизмат дар назар гирифтааст, мақому манзалати хизматчии ҳарбиро дар ҷомеа афзуданд. Ҷавононеро, ки хизмати ҳарбиро адо мекунанд, дар сохторҳои давлатӣ аз рӯйи ихтисос ба кор мегиранд, онҳо дар коллектив ва ҷомеа аз обрӯ ва нуфуз бархӯрдоранд.
-Ду сол қабл ҷавонеро аз шаҳри Хоруғ, ки ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ омад, ба хизмати Ватан гуселондем. Чанд моҳ пеш падараш ба комиссариати ҳарбӣ омад. Аз нақли падар маълум шуд, ки писараш қобилияти хуби навохтани созҳои мусиқӣ ва сурудхонӣ доштаасту дар баробари машқҳои пайвастаи ҳарбӣ гоҳ-гоҳе дар соатҳои фароғат дар дастаи хаваскорони бадеии қисми низомӣ ҳунарнамоӣ менамуд. Ҳангоми боздид аз қисми ҳарбӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи омодабоши ҳарбӣ ва шароити хизматии афсарону сарбозон шинос шуда, барои тамошои барномаи ҳунарӣ ҳам фурсат ёфтаанд. Чун истеъдоди санъатварии сарбози хоруғиро дар саҳна дида, ба ваҷд омаданд, тавсия доданд, ки пас аз адои хизмат дар доираи Квотаи президентӣ ӯро ба Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода қабул намоянд. Ҳамин тавр ҳам шуду ҳоло писарам донишҷӯи Донишкада гардид ва мехостам тавассути комиссариати ҳарбӣ миннатдориамро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонам, - аз нақли падар изҳор дошт Т. Мавлододова.
Тоҷинисо Мавлододова бонуест кордону масъулиятшинос ва дорои маданияти баланди муоширату намунаи ибрат барои дигарон. Ӯ чун корманди мақомоти низомӣ содиқ ба иҷрои вазифаи хидматӣ ва модарест, ки фарзандони солеҳу ватандӯст ба воя расондааст.
Ш. МИРЗОҶАЛОЛ,
ВМКБ