Ҳар инсон гузаштаи худро ёд мекунад. Ба ёд овардани давраи кӯдакию ҷавонии гулнора бисёр ғамангезу аламовар аст. Номи ҳуҷҷатиаш Ғамза аст. Чаро ин номро ба ӯ гузоштаанд, пурсидам аз духтараш Назокат.
Гуфт, вақти зода шуданаш модараш сари фарзанд рафааст, лекин ин номро то ҳанӯз касе ба забон намегирад. Гулнора зани кушодачеҳра, баландқомат, зебо ва хушчақчақ аст. Суруд хонданро дӯст медорад, меҳмондориву меҳмониравиро меписандад.
Ӯ саргузашти худро бо оби дида қисса мекунад. Аз ғаму алами зиёд худро маломат намуда, «сархӯр» мегӯяд…
Таваллуди фарзанд ба ҳар хонадон файзу баракат меорад, аммо канда шудани риштаи умри модар, ин аз тақдир аст.
Модар аз дунё гузашту аз худ нишонаи беназире гузошт. Ба ӯ мебоист Нишона ном мегузоштанд, на Ғамза. Нишонаи модари ғӯрамарг дар оянда як духтари хушбахт, зани ҳалиму меҳрубон, модари ғамхору дилсӯз гардид. Ӯ ободгари хонаводаи хушбахт, соҳиби чор гулдухтари зебост. Ҳар яки духтарони зебояш соҳибмаълумоту дорои оилаҳои обод ҳастанд.
Гоҳо аз писар надоштанаш ғамгин мегашт, аммо зуд гиребон ғунча мекарду шукрона мегуфт.
Машав ғамгин агар духтар бизодӣ,
Ки аз духтар бувад пайваста шодӣ.
Басо духтар, ки соҳибтоҷ гардад,
Ба пешаш сад писар муҳтоҷ гардад.
Ҳақ ба ин гуфта. Духтарони Гулнора яке аз дигаре зеботару хушрӯтару дилработаранд. Духтари калониаш Назокат ном дорад, ҳамчун модараш зани хушбахту ҳунарманд ва хушмуомила аст. Чор писар дорад: Муҳаммадҷон, Набиҷон, Маҳмудҷон ва Ҳабибҷон.
Духтари дуюмаш Латофат низ дар ҳусну ҷамол ҳамто надорад. Нармгуфтору дурандеш аст. Хатмкардаи риштаи сиёсатшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ мебошад. Дар Донишкадаи соҳибкорӣ, сайёҳӣ ва хизмат омӯзгор аст. Соҳиби оилаи обод ва ду шоҳписари дилҷӯю чеҳрагарм.
Малика ва Зиёда боҳунару соҳибҷамол ва дорои маълумоти олианд.
Раҳбари ин оилаи ободу хушбахт акаи Музаффар марди ором, бомаърифат, хушсухан, дурандешу хушмуомила мебошад. Дар тарбия, нигоҳубини фарзандон ва таъмини рӯзгори онҳо саҳми арзанда мегузорад.
Дар оила ҳурмату эҳтиром, якдигарфаҳмӣ ҳукмфармост. Онҳо ҳар мушкилиро бо ёрии якдигар ҳал мекунанд. Албатта, ҳар дастовард сарбаландиву хушрӯзиҳо аз падару модар манша мегирад. Волидайн намунаи ибрати фарзандонанд.
Гулнора кадбонуи хубест. Дар пухтупази ғизоҳо, нону кулча, намудҳои қаннодӣ, тайёр кардани хӯришҳо чирадаст мебошад. Баҳри таъмини рӯзгори оилавӣ дар паҳлуи шавҳараш заҳмат мекашад. Ин аст, ки ӯ имрӯзҳо дар ширкати «Муҳофиз» ҳамчун сарпосбон дар ҳимояи фарзандони халқ саҳм мегузорад.
Гулнора чун дигар модарон дар таълиму тарбияи фарзандон заҳмат мекашад. Дар ободии оила ва орому осуда ба таълиму тарбия машғул шудани шогирдони муассисаҳои томактабию мактабӣ низ ҳиссаи арзанда дорад.
Шоир аз иродаи мардонаи чунин занон илҳом гирифта гуфтааст:
Сано бодо ба занҳое, ки марданд,
Баёзи зиндагиро байти фарданд…
«Бонувони Тоҷикистон»