20

Мая, 2025
Сешанбе

20

Мая, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Илм - ҳусни занон

 

SSS 221122 

 Илму дониш инсонро аз рафтору кирдори бад нигоҳ дошта, бо хулқу атвори нек ба мартабаҳои баланд мерасонад. Илм ба заковати инсон, ба қувваи ақлӣ ва қобилияти кории инсон таъсири мусбат мегузорад. Ба ақидаи абуалӣ Сино муроди инсон аз омӯхтани илм фақат ғизои руҳӣ набуда, балки дар ҳаёт аз он истифода бурдан аст. Барои ҳамин илм бо амал барои инкишофи тафаккур аҳамияти муҳим дорад.

Аз ин рӯ, соҳибмаълумот будани бонувон ҳатмӣ мебошад. Зан-модари бомаърифат далер, нотарс ва шуҷоатнок аст. Илму дониш ва сухане, ки инсон дар зиндагиаш аз бар менамояд, бояд мавриди амал қарор гирад. Шоири шаҳир Абдураҳмони Ҷомӣ илму донишро тоҷи сари ҳамаи ҳунарҳо, қулфкушои ҳамаи дарҳо номидааст.

Дониш занонро ба дарёфти ҳақиқати зиндагӣ, фаҳму дарки саҳеҳи ҳодисаву воқеаҳои ҳаёт, кашфи қонуни тараққиёт ва пешрафти бахшҳои гуногуни ҳаёт, замину коинот, ҳаллу фасли дилхоҳи масоили мухталифи пешомада, раҳнамун менамояд. Илму дониш воситаи асосии ташаккули шахсияти инсон мебошад. Илму дониш сарвати бебаҳоест, ки дар роҳи ба камол расидани шахс мадад расонда, қувваи руҳию дониши ӯро такмил медиҳад.

Шоире мефармояд:

Илм аст бараҳнарӯй, таҳсил зар аст,

Дил хонаи анкабут, тан болу пар аст.

Заҳр аст ҷафои илму маънӣ шакар аст,

Ҳар пашша аз он чашид, ӯ шери нар аст.

Мусаллам аст, ки ҳар зани соҳибмаърифат дар ҷомеаи муосир ҷойгаҳи махсус дорад. Мақоми ҳирфаӣ пайдо кардани бонувон дар соҳаҳои гуногун, аз қабили маориф, тандурустӣ, ҳарбӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, аз сатҳи илму дониши онҳо сарчашма мегирад.

Шабнам ВАЛИЗОДА

 

 

:.  Аз ҳар боб 24.02.2023 14:24 342

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz