20

Мая, 2025
Сешанбе

20

Мая, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Бонуи соҳибсаодат

 

 Дар ҳар давру замон рисолати занони донишманд дар он аст, ки панди рӯзгорро бар мардум талқин менамоянд. Дар оила, ҷомеа ва миёни мардум мақоми шоиста ва эҳтироми хосса доранд. Мамлакатхон Раҳматова аз ҷумлаи чунин афрод аст. Bonu 10_2022__DSC_1059_fmt

Донишҷӯёни зиёдро дар роҳи илму ирфон парвардааст. Олими фарҳехтаву ҳалим, номзади илмҳои таърих Мамлакатхон Раҳматова барои аҳли илм ва махсусан барои шогирдон дар роҳи пурпечутоби илм раҳнамову маслиҳатгари бемалол аст.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров яке аз куҳантарин Донишгоҳи ҷумҳурист, ки баҳри рушду нумӯи маорифи ҷумҳурӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос саҳми арзишманде дорад.

Дар зарфи беш аз 85 сол дар ин даргоҳ олимону устодон ва мутахассисони соҳибтаҷрибаи зиёд фаъолият намудаанд, ки ҳар яке дар рушди илми тоҷик саҳм гирифта. Мамлакатхон Раҳматова як тан аз чунин фардҳост. Дар оилаи зиёӣ таваллуд шудаву соли 1989 Институти давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Кировро хатм кардааст. Омӯзгори фанни таърихи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 7 ва 11-и шаҳри Хуҷанд (1991–1996). Солҳои 1996–2015 устоди кафедраи фалсафаи маданият, омӯзгори кафедраи археология ва этнографияи халқи тоҷик, муаллими калон, дотсенти кафедраи таърих, иҷрокунандаи мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ буд, аз соли 2015 дотсенти кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад.

Соли 2004 зери роҳбарии профессор Ғафур Ҳайдаров дар мавзуи «Мақом ва нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи нави гузариш (1992–2004)» рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд.

Муаллифи монография, рисолаи илмӣ – оммавӣ ва як қатор дастурҳои таълимӣ - методӣ, зиёда аз 50 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад. Осор: «Бонувони машъалафрӯз», «Женщина в обществе: Гендерная политика в Республике Таджикистан», «Методикаи таълими таърих» (дастури таълимӣ – методӣ бо ҳаммуаллифии Ш. Ҳошимова), «Роҳҳои гузарондани корҳои беруназсинфӣ аз фанни таърих ва ҳуқуқ» бо ҳаммуаллифии А. Ҳомидов, «Масъалаҳои муносибати салоҳиятнокӣ дар таълими таърих».

Иштирокчии як қатор конфронсу ҳамоишҳои байналмилалӣ дар шаҳрҳои Тошкент, Самарқанд, Душанбе ва Кӯлоб.

Тайи солҳо муаллим аз фанни таърих ба донишҷӯён дарс мегӯяд. Дарсҳояш пуртаъсир ва хотирмон. Бо баракати кӯшишҳои олим шогирдон илми таърихро хуб аз худ мекунанд. Мамлакатхон Раҳматова мактаби илмии худро дорад, ки садҳо шогирдонро дар руҳияи хештаншиносӣ, худогоҳӣ, ҷасурию ватандӯстӣ тарбия менамояд.

Беҳтарин мукофот барои инсон соҳиб шудан ба эҳтироми халқ аст. Аз уҳдаи ҳамаи ин баромадан нишонаи қобилияти меҳнатдӯстист. Дар симо ва сиришти ин зан, меҳнатдӯстӣ, хоксорӣ, фурӯтанӣ, ғамхор буданро мебинем. Чунин хислатҳои наҷиб аз дониш ва маърифати касбии устод дарак медиҳанд.

Таҷрибаи бойи Мамлакатхон Раҳматова имкон дод, ки даҳ сол раиси шурои занону духтарони факултети таърихи Донишгоҳ бошад. Ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, кордонию навҷӯии муаллим аст, ки сафи номзадҳои илм аз ҳисоби ҷавонон ва занон меафзояд.

Устоди азиз давраи камолоти худро дар оғӯши оилаи солим ва ҳамкорони азиз идома мебахшад. Дар урфият мегӯянд: «Инсонҳои хуб мисли донаҳои марвориданд, ки доштани онҳо сарват ва дидани онҳо лаззат аст.»

Ҳама шириниҳои дунё бо ҳастии дӯстон хуш аст. Муаллими азизи мо дар давраи камолот ҳамаи хубиҳои дунёро молик гаштаанд, ки муборакашон бод.

   Шафоат ҲОШИМОВА,

   Мунирахон АХМЕДОВА

 

:.  Аз ҳар боб 11.02.2023 13:05 470

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz