20

Мая, 2025
Сешанбе

20

Мая, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Шакаршикан

 


Bonu 01_2023__Salimi-Z_fmt

Дили дилҳо -- дили танҳои модар,

Кашад ғамҳои дилфарсои модар.

Ҳама номоварон оранд саҷда

Ба номи поку рӯҳафзои модар.

Биҳишти бебадал бар тифли инсон

Бувад оғӯши ҷонбахшои модар.

Нахустоғози шеъру достонҳост

Суруди аллаи шевои модар.

Кунад болонишини арш моро

Ду дасти бар дуо болои модар.

Шаҳонро ҷонишину ҷойгирест,

Наарзад ҳеҷ кас бар ҷои модар.

Бузургеро бувад ҳамто бузурге,

Наёбӣ дар ҷаҳон ҳамтои модар.

Ҳама дороии офоқ бошад

Аз оне, к-ӯ бувад дорои модар.

Зи Моҳ оранд хок ин дам, вале ман

Барам бар Моҳ хоки пои модар.

 

Меҳри зиёнисори хандон рашк барад ба модари ман,

Маҳ на ба меҳр, балки яксон рашк барад ба модари ман.

Субҳ зи дилсафедии ӯ баски таҷаллии заифест,

Бохта ранги хешро он, рашк барад ба модари ман.

Раҳ биравад чунон мулоим, раҳ ба нигоҳ махмалин аст,

Оби равони ҷӯйборон рашк барад ба модари ман.

Бори малол дар ҳаёташ з-ӯ нарасад ба барги гул ҳам,

Шабнами барги рову райҳон рашк барад ба модари ман.

Шеъри тарест ҳар куҷое, хушк ба пеши лаҳҷаи ӯст,

Соҳиби ҳар баёзу девон рашк барад ба модари ман.

Мулки Дили маро бувад ӯ тахтнишин, зи тахти пасташ

Дӯхта дида шоҳу хоқон, рашк барад ба модари ман.

Яке зулолчашмаи савоб, модар, астӣ,

Муназзаҳ аз гили гуноҳу ноб, модар, астӣ.

Ба фикри он, ки хӯрду хоби мо шавад фароҳам,

На ҳеҷ гаҳ ба фикри хӯрду хоб, модар, астӣ.

Бувад насибаат зи нӯшу нуқл ин, ки умре

Барои мо дилобу дилкабоб, модар, астӣ.

Ба ҷони мо биларзӣ, ар ба ҷисмамон фитад ранҷ,

Даме дар оташу даме дар об, модар, астӣ.

Фариштаи зи фар сириштаестӣ, азеро

Зи фарраи Аҳура файзёб, модар, астӣ.

Варақ-варақ хисоли туст рӯшаниву покӣ,

Гумон барам, китоби Офтоб, модар, астӣ.

:.  Аз ҳар боб 11.02.2023 13:03 348

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz