Ҳузури чашмраси бонувон дар фаъолияти ҷамъиятӣ, ки аз баракати фароҳам гардидани шароиту имкониятҳо ҷиҳати таҳсилоти олӣ, такмили илму ҳунар ва ҷобаҷогузории занону духтарони лаёқатманд дар вазифаҳои роҳбарӣ амалӣ шуда истодааст, аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ҳуқуқбунёду демократӣ ва арҷгузор ба арзишҳои муқаддаси башарӣ муаррифӣ менамояд.
Дебоча Намунаи беназири ин гуфтаҳои болоро метавон аз минтақаҳои дар гузашта осебпазире, аз қабили собиқ хоҷагии «Туркманистон»-и ноҳияи Вахш мисол овард, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастовардҳои меҳнатии сокинонаш ба унвони Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод машҳур гардида, имрӯз роҳбарии онро бонуи кордон Дастагул Мирзоева бар зимма дорад. Дастагули парвардаи даврони Истиқлол тарбиятдидаи хонадонест, ки падар умре дар сохтори ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат дошта, модар саргарми тарбияи 12 фарзанд буд. Ба бахти аҳли хонадон модари саводманд дар тарбияи фарзандон ниҳоят ҷиддӣ буд, ки ҷигарбандонаш баъди анҷоми корҳои хонаву саҳро сар аз мутолиаи китоб барнамедоштанд. - Гузори вақт нишон дод, ки дар тарбияи фарзанду сариштаи рӯзгор занони хонадон нақши меҳварӣ дошта, ташаккули афкору ҷаҳонбинии фард аз ҳувияту саводмандии модарони онҳо бастагӣ дорад, - иброз дошт дар оғози суҳбат Дастагул. Зодмандон яке таъминоти хонавода, дувумӣ ҳаёти худро ба тарбияи солими фарзандон мебахшиданд, ки аз миёни оилаҳои серфарзанд фарзанди хатокору роҳгумзада намебаромад. Тирамоҳи хаёлҳои сабз Бо ҳама муҳити хурофотзадаи деҳоти ноҳия, ки ҷонибдорони таҳсилоти олии духтарон ангуштшумор буданд, Дастагул бо азму орзуи мисли падар либоси низомӣ ба бар доштан, лаҳзае аз такрори дарсҳои мактабиву мутолиаи китобҳои бадеӣ даст намебардошт. Баъди дастовардҳои шоён дар озмуну олимпиадаҳои мактабӣ ва огоҳӣ аз самтҳои фаъолияту касбияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ духтари наврас андар ҳузури падар - идеали худ дар зиндагӣ роз кушод; «Орзуи прокурор будан дорам»… Дасти сарнавишт буд, ки дар баҳори 17-солагӣ ӯву ҳамсолонаш аз ваҳми садои тир орзуву хаёлоти аз «Занги охир» парвардаашонро дар қалбҳо маҳфуз дошта, дар як рӯз аз се фан имтиҳон месупурданд, то ин ки тезтар номаи камол гирифта, хона ба хона шаванд. Дигар идомаи таҳсил куҷо ба хотири то рӯзи дигар зинда мондан, волидон духтарони қадрасро бо як коса оби никоҳ ба ҳаёти мустақилона мегуселонданд. Дастагулро ҳам ба ҷойи дуои таҳсил дар мактаби олӣ, волидонаш ба ҷавоне фотеҳа карданд, ки дар шароитҳои рӯзғордориву фарҳанги хонаводагии ҷуфти ҷавон фарқият аз замин то осмон буд. Илова ба масъулиятҳои сангине, ки бар дӯши навхонадор ба ҳукми анъана даромада буд, арӯсаки бетаҷрибаву ба ҷуз остони падару мактаби деҳа ҷойи дигар надидаро, мебоист бечораҳолӣ нишон надода, ончунон кӯшиш ба харҷ диҳад, ки мабодо ба хонаи зодмандон баргардад. Ин буд, ки ба хотири пойдории оила ва корҳои нотамоми хонаи шавҳар солиён дар фикри таҳсилоти олӣ набуд. Дигаргуна зиндагӣ Шукр, баъди саъю талошҳои зиёд, нахуст китоби шеърҳоям «Ошёни меҳр» ба табъ расид, сипас, дар соли 2000-ум тариқи Квотаи президентӣ донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода шудам,- ба ёд меорад ӯ. - Аз соли дувуми донишҷӯӣ тариқи гузариш таҳсилро дар шуъбаи ғоибонаи ДДБ ба номи Носири Хусрав идома дода, дар зимн, фаъолияти меҳнатиро аз шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Вахш оғоз бахшидам. Сарфи назар аз шароиту имкониятҳои маҳдуди он солҳо, ки маблағгузорӣ дар самти кор бо ҷавонон ниҳоят кам буд, фаъолияти роҳбарӣ дар ин ҷода ҳамчун мактаби муҳими сиёсӣ дар такмили донишу маҳорат ва ташаккули афкори сиёсиам нақши муассир гузошт. Баъдан, чанд сол ҳамчун омӯзгори Литсейи касбии техникии ноҳияи Вахш кор карда, масъулиятҳои гуногуни роҳбариро бар зимма дошт. Дар ин миён бо маҷмуаи дувуми шеъру ғазалҳоаш: «Як шиша атри ишқ» дар доираҳои адабии ноҳияву вилоят муаррифӣ шуд. Аз соли 2010 ба симати муовини раиси Ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» фаъолият бинмуда, аз соли 2019 раиси Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш мебошад. Ба унвони нахустин бону - раиси деҳот дар радифи фаъолияти роҳбарӣ ва саҳмгузорӣ дар рушду нумӯи ноҳия, инчунин, хатмкунандаи шуъбаи ғоибонаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Азм дорад, ки тариқи суҳбату вохӯриҳои воқифгардонӣ теъдоди бештари духтарони деҳоти Тоҷикободро барои таҳсил дар муассисаҳои олии кишвар ҷалб созад. Қадамҳои файзбор Давоми солҳои 2018 - 2021 дар деҳоти Тоҷикобод 54 иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла МТМУ №47, бунгоҳҳои тиббии замонавӣ, ҳаммому биноҳои маъмурӣ бунёд гардиданд. Дар идомаи ташаббусҳои ободонӣ танҳо дар соли 2022 корхонаи бузурги сангу шағал, МТМУ №16, китобхона ва ҳаммом сохта ба истифода дода шуданд. Тибқи нақша- чорабиниҳо ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар баробари татбиқи лоиҳаҳои гуногуни бинокорӣ дар маҳаллаҳои гуногуни деҳоти Тоҷикобод сохтмони боз 8 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ пешбинӣ гардидааст. - Боиси ифтихору сарфарозист, ки моҳи октябри соли 2021 фаъолону сокинони Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо натиҷаҳои баланди истеҳсоливу дастовардҳои бузург дар самти корҳои ободонӣ истиқбол гирифтем. Пайи қадами пурфайзи Роҳбари давлат дар баробари натиҷаҳои баланди истеҳсолӣ даҳҳо иншооти гуногуни хизматрасонӣ бунёд ёфтанд, роҳҳои маҳаллаҳо таъмиру азнавсозӣ гардиданд. Чароғонкунии кӯчаҳои деҳот, беҳтар намудани хизматрасониҳои маишӣ ва рушди китобхонаву дигар воситаҳои фарҳангӣ дар деҳот аз ҳадафҳои ояндаи мо дар масири рушди босуботи деҳот арзёбӣ мегардад, - иброз дошт бону Дастагул Мирзоева. - Ҳаёти рӯзмарра нишон медиҳад, ки бидуни ба илму касбомӯзӣ фаро гирифтани духтарон наметавон дар устувории оилаҳои ҷавон ва пешгирӣ аз пошхӯрии оилаҳои ҷавон ноил гардид. Хушбахтона, имрӯз аз деҳоти мо бештар аз 70 нафар занону духтарон дар Коллеҷи тиббии ноҳия ва аз ин зиёдтар дар дигар коллеҷҳои вилояти Хатлон таҳсил доранд. Ҳамзамон, аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқоние, ки роҳбариашро бонувон ба зимма доранд, сол аз сол масоҳати кишти сабзавоту полизӣ ва гармхонаҳои парвариши зироатҳои барвақтӣ зиёд шуда, шумори бештари сокинон бо шуғлҳои нақдмузд фаро гирифта мешаванд. Умуман, занону духтарони деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш дар таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифат ва дар рушду ободии деҳот нақши муҳим хоҳанд гузошт. Ҷамолиддин САЙФИДДИН, ноҳияи Вахш