Номи Шаҳло Сайдалиева, хонандаи синфи 10-и МТМУ №8-и ноҳияи Данғара, охири соли гузашта вирди забонҳо гашт. Ӯ кашфи озмун аст- Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст».
Озмуне, ки дар пайи иқдоми маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фурӯғи маънавиро дар ҷомеа барафрохт ва истиқлоли андеша ба вуҷуд овард. Озмуне, ки муҷиби инқилоби маданӣ ва кашфи истеъдодҳо гардид. Бале, ҳунари китобхонӣ ва суханварии Шаҳлоро низ ҳамин Озмун, ки муҳимтарин падидаи фарҳангии чор соли охир арзёбӣ мешавад, кашф ва ба ҷомеа манзур дошт. Шаҳло ғолиби мутлақи Озмун гардид ва Шоҳҷоизаро ба даст овард. Ӯ, дар ҳоле ғолиби мутлақ эълон гашт, ки соли гузашта ҳайати ҳакамони нуктасанҷ Шоҳҷоизаи Озмунро ба касе сазовор надонистанд.
Дар Озмун аз рӯйи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик ширкат намуд. Тибқи талабот 25 роман, 40 повест, 100 ҳикоя, 100 ғазал, 150 рубоӣ, дубайтӣ ва мухаммас, 500 байт аз достон, очерку пйеса ва дигар навъҳои шеъриро аз адабиёти муосир аз худ намудааст. Дар ин баробар, ҳам адабиёти классикиро медонад ва ҳам адабиёти кӯдаконаро. Осори адибони ҷаҳонро низ мутолиа намуда. Пурдон, ҳушманд, суханвар ва боҷасорат аст. Ман инро аз суҳбат бо ӯ дарёфтам.
Ба маҳорати китобхониву суханвариаш менигараму мефахрам. Ҷолиб ин аст, ки ӯ осори адибонро на танҳо мехонад, балки муҳтавои хондаҳояшро муҳаққиқона қазоват менамояд.
Аз ҷасораташ, ки ҳамагуна ҳаросро аз дилаш дур месозаду ба пеш - сӯйи комёбӣ талқинаш медиҳад, хушҳол мешавам. Аз иродаи қавиаш, ки ӯро то охири роҳи интихобкардааш мерасонад, меболам. Агарчи ҳамагӣ 16 сол дораду ҳанӯз дар саргаҳи ҳаёт мебошад, ба назар чунин менамояд, ки ӯ ба сӯйи ҳадафҳои бузург гоми устувор мениҳад, ки ин ҳароина умедбахш аст ва умеди моро ба ояндаи наку фузунтар мегардонад.
Волидонаш, ки дар таълиму тарбияи Шаҳло заҳмати зиёде кашидаанду ҳоло аз пирӯзии ҷигарбандашон меболанд, духтур мебошанд. Умдатарин хидмате, ки барои ҷигарбандашон анҷом додаанд, ин нахуст хуш пазируфтани хоҳиши ӯ ҷиҳати иштирок дар Озмун ва баъд фароҳам овардани адабиёти зарурӣ (эй кош ҳама волидон чунин мебуданд) мебошад.
Дар ин самт муаллимаш Дилшод Шарифзода низ ба ӯ кумак намуда. Онҳо адабиётеро, ки тибқи низомнома хонданашон воҷиб аст, аз китобхонаи маркази ноҳия ва китобхонаи қасри фарҳанги ноҳия дастрас карданд. Хусусан, осори адибони ҷаҳонро, аммо буданд китобҳое, ки аз ноҳия дарёфти онҳо мушкил буд. Ба ҳамин хотир, соли гузашта узви Китобхонаи миллӣ гардид ва ба мутолиа банд шуд. Ҳам ба даври ҷумҳуриявии Озмун омодагӣ гирифт ва ҳам дӯстони зиёде пайдо кард.
Шаҳло ба китобхонӣ аз хурдӣ шавқ дошт. Вақте бародараш китоб мехонд, ӯ хондану навиштанро балад набуд, аммо китобҳои ӯро як-як аз назар мегузаронд. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар баробари садҳо ҳамсолонаш, шавқи китобхонии ӯро низ ангеза бахшид.
Устоди раҳнамояш Дилшод Шарифзода, ки чанд сол боз ӯро барои иштирок дар Озмун омода месозад, мегӯяд: «Шаҳло аз хурдӣ духтараки ҳушёру дидадаро буд. Ҳанӯз дар синфи 2–3 мехонд, ки дар озмунҳои байнимактабиву ноҳиявӣ иштирок мекард. Соли гузашта дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанни забони англисӣ сазовори ҷойи сеюм гашт. Гирандаи Стипендияи президентӣ мебошад. Аз соли аввале, ки Озмун роҳандозӣ шуд,ҷараёни баргузории онро пайгирӣ ва дар он иштирок мекард».
Соли 2020 дар Озмун аз рӯи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик ширкат намуда, то даври вилоятӣ рафт. Соли гузашта ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт. Ҷойи ифтихорӣ насибаш нагашт, вале таҷрибааш бештар шуд. Имсол аз рӯйи ҳамин номинатсия дар даври ҷумҳуривии Озмун ҳайати ҳакамон ҷойи аввалро ба ӯ сазовор донистанд. Ин имкони хубе шуд барои дар даври аз ҳама охири Озмун, яъне Шоҳҷоиза ширкат варзидан. Шаҳло ин имконият¬ро аз даст додан намехост. Дар баробари ӯ 11 нафари дигар ҳам.
Аслан, мувофиқи хулосаи ҳайати ҳакамони Озмун имсол 18 нафар сазовори ҷойи аввал гардид ва тибқи талабот ҳамаи онҳо метавонистанд, албатта, бо хоҳиши худ барои Шоҳҷоиза сабқат кунанд. Аммо аз ин шумор ҳамагӣ 11 нафар дар сабқат ширкат намуд. Дигарон аз ин давр даст кашиданд. Манзури мо ин аст, ки дар сабқати охир рақибони ӯ нафароне буданд, ки онҳоро ҳайати ҳакамон беҳтарин шумурдаву муносиби ҷойи аввал донистанд.
Тибқи талаботи низомномаи Озмун, Шоҳҷоиза насиби нафаре мегардад, ки аз ҳама номинатсияҳо огоҳ бошад. Шаҳло дар сабқати олӣ дастболо шуд.
- Вақте номамро ҳамчун барандаи Шоҳҷоиза ба забон оварданд, ҳаяҷону шавқе маро фаро гирифт, ки ногуфтанист. Модарам, ки маро ҳамроҳӣ мекарданду дар толор менишастанд, аз ин хеле шод шуданд. Зимнан, модарам ба нишони «Маърифатпарвар» қадр шуд. Бояд бигӯям, ки соҳиби ҷоиза шудан бароям ҳам ифтихор асту ҳам масъулият,- изҳор дошт Шаҳло.
Рӯзи ҷамъбасти Озмун дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ аҳли толор, ки аз ҳар гӯшаи Тоҷикистон ба ҳам омада буданд, ҳар як ғолиби Озмунро бо кафкӯбии бардавом пешвоз мегирифтанд. Қарсакзании аҳли толорро ба ҷуз аз нишони эътимоди мардум ба ғолибони Озмун, дигаргуна наметавон шарҳ дод. Онҳо дар симои ғолибон ояндаи неку дурахшони кишварро мебинанд.
- Миннатдории самимии худро ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, ки бо ташкили Озмун фурӯғи маърифатро дар ҷомеа барафрохта роҳи минбаъдаи наврасонро мунаввар намуданд. Мо – насли ҷавон, дарк намудем, ки танҳо китоб рӯшангари роҳи фардои мо мебошад. Ман низ барои ширкат дар Озмун зиёд ва ҷиддӣ омодагӣ гирифтам, аммо бовар надоштам, ки Шоҳҷоиза насибам мегардад. Бояд бигӯям, ки ин дастовард натиҷаи заҳмати бисёрсолаи ман аст, - афзуд ӯ.
Ин таъкиди ғолиби Озмун бори дигар собит месозад, ки бе ранҷ ганҷ ба даст намеояд. Пирӯзии Шаҳло ва ғолибони дигари Озмун аз роҳи дониш, ки барои ба даст оварданаш шабзиндадорӣ кашидаанд, насиб шуда. Воқеан, ягона чизе, ки ба инсонҳо ғолибият меорад, ин дониш аст, ки онро бе мутолиа наметавон молик шуд.
Шаҳло, ки ғолиби мутлақи Озмун гардид, барои ояндаи дурахшони худ замина гузошт. Акнун дари ҳамаи донишгоҳҳои кишвар ба рӯйяш боз аст. Мо низ аз ӯ ва ғолибони дигари Озмун умеди зиёд дорем. Умед дорем, ки онҳо бо донише, ки тавассути мутолиа ба даст овардаанд, оянда дар беҳбудии ҷомеа саҳм мегиранд.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ