Дар интихоби илми дақиқ гоҳо дарк наметавон кард, ки то чи андоза дар ин самт ба даст овардани натиҷаҳои саҳеҳ душвору заҳматталаб аст. Бахусус, барои зане, ки модар асту ҳамсар ва дар ин радиф, пайи ҷустуҷӯву ихтироот дар соҳаи илми дақиқ.
София Темурбекова дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамчун декани факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт фаъолият дорад. Ифтихорманд аз кор ва интихоби пеша аст.
Соли 2004 Коллеҷи техникии шаҳри Хоруғро бо ихтисоси барномасоз ва соли 2009 Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоевро бо гирифтани ихтисоси математик – муаллим хатм намудааст. Як муддат ҳамчун ассистенти кафедраи таҳлили функсионалӣ ва мубодилаҳои дифференсиалии факултети математикаи Донишгоҳ заҳмат мекашад.
Дар ин боргоҳи илм ба андешае омад, ки ба илм пайвандад. Бо ин мақсад дар шуъбаи таҳлили функсионалӣ ва мубодилаҳои дифференсиалии Институти математика ба номи А. Ҷӯраеви АМИ Тоҷикистон ҳамчун ассистент таҳсилашро идома бахшид. Дар ин росто, фаъолияти илмӣ – педагогии худро чун ассистенти кафедраи математика ва технологияи иттилоотии Донишкадаи молияи Тоҷикистон идома дод.
Пас аз муттаҳидшавии Донишкадаи иқтисодӣ ва Донишкадаи молия ва дар заминаи онҳо таъсис ёфтани Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ӯро ассистенти кафед¬раи информатикаи факултети технологияҳои иттилоотӣ пазируфтанд ва то соли 2013 ифои вазифа менамояд.
Баъдан, ҳамчун муаллими калони кафед¬раи мазкур шогирдони зиёдеро таълиму тарбия дода, дари илму маърифатро рӯяшон боз намудааст. Агарчи омӯзгори ба таълим сахтгиру дақиқ буд, ба гоҳи комгориҳои шогирдон ҳалиму меҳрубон мегардид. Шогирдонро ба сӯи илмомӯзӣ ташвиқ ва меҳри илмҳои дақиқро дар замири донишҷӯён бедор мекард.
Соли 2015 дар мавзуи «Наздиккунии функсияҳои дифференсиронидашаванда ба ақидаи Вейл ва қимати қутри баъзе синфҳои функсионалӣ», дар Шурои диссертатсионии Институти математика ба номи А.Ҷӯраеви АМИ Тоҷикистон рисолаи номзадӣ дифоъ намуд.
Алҳол Софиябону номзади илмҳои физика – математика ва декани факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мебошад. Агарчи ҷавон аст, тавониста, муаллифи 3 китоби дарсӣ бошад, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ тасдиқ гардидааст. Инчунин, 41 мақолаи илмиву оммавиаш дар маҷаллаҳои бонуфузи кишвар ва маҷаллаҳои илмӣ – байналмилалӣ нашр шуда, муаллифи дастурҳои методию таълимӣ ва як монография мебошад.
Аз он фараҳманд аст, ки сол ба сол нисбат ба омӯзиши илмҳои дақиқ таваҷуҳи бештар зоҳир мегардад.
-Иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои 2020 -2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва маориф» эълон карданд, саривақтист. Ин падида боис гардида, ки хонандагони муассисаҳои мамлакат рӯз аз рӯз ба омӯзиши илмҳои дақиқ рӯ оваранд ва дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, натиҷаи хуб нишон диҳанд. Ҳамчунин, теъдоди олимони соҳа низ рӯ ба зиёдшавист, - иброз медорад Софиябону.
София Темурбекова иқрор меояд, ки омӯзиш ва ба илмҳои дақиқ рӯ овардани донишҷӯён аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз меёбад, ки дар он омӯзгори баланд¬ихтисосу ботаҷриба нақши аввалиндараҷа мебозад. Омӯзгорони ботаҷриба метавонанд завқи хонандагонро бедор созанд ва фаҳмонанд, ки илмҳли дақиқ то чи андоза барои ояндаи онҳо ва ҳам барои рушди кишвар муҳиманд.
Муаллим бештари вақти хешро баҳри илмомӯзии шогирдонаш сарф менамояд. Меҳру ихлос ва муҳаббату садоқати шогирдонашро муҳимтарин дастоварди хеш меҳисобад.
Бо вуҷуди роҳбарии кафедраро бар дӯш доштанаш, самти таҳқиқоти илмии хешро ба забонҳои барномасозӣ ва алгаритмронии масъалаҳои иқтисодӣ-математикӣ равона сохтааст. Дар ошкор намудани сатҳи донишомӯзии донишҷӯён, рағбатнокии арзишманди онҳо оид ба дурнамои сабақомӯзии омӯзгорон ва мавқеи фаъолияти онҳо дар рушди маънавию ҳаётии шогирдон нақши бориз мегузорад.
- Шароити таҳсил ва гузарондани тадқиқоту озмоишҳо дар Донишгоҳ хуб буда, баҳри ҳавасмандии донишҷӯён озмунҳои зиёде дар самти илмҳои дақиқ роҳандозӣ мешаванд. Донишҷӯёни лаёқатманд бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадр мегарданд. Барои донишҷӯён тамоми имтиёзҳо дода мешавад ва онҳоро мебояд, танҳо ба сӯи омӯзиши илмҳои дақиқ камари ҳиммат бубанданду дар роҳи интихобнамудаашон устувор бошанд, - мегӯяд муаллим.
Дар идома аз ӯ мепурсам: «Барои зан магар роҳбарии кафедраеро бар зимма доштан мушкил нест?» Баъд аз каме андеша меафзояд:
- Роҳбарӣ вазифаи масъулиятнок ва бас душвор аст. Пеш аз ҳама, мебояд сабри зиёд, маҳорати муоширати баланд бо донишҷӯёну волидони онҳо ва коргаронро дошта бошад, зеро дар ҳайати омӯзгорон муаллимони калонсоли ботаҷриба ва ҷавонони навкор зиёданд. Бояд бо ҳама забон ёфт, то мушкилотро сари вақт ҳал намуд.
Ба пиндори Софиябону имрӯзҳо занону духтарон дар кору таҳсил имконияти бештаре доранд. Аз ин рӯ, онҳо бояд ташаббус нишон диҳанду бо пайкори арзандаи хеш дар рушду шукуфоии Ватан саҳм гузоранд. Вақте зан соҳибмаълумот аст, метавонад тамоми пайвандон босавод гарданд.
Муаллим дар яке аз хонаводаҳои фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тарбия ёфтааст. Волидони омӯзгораш фарзандони хешро хуб ба воя расонда, ба зиндагии шоиста гуселондаанд.
София Темурбекова имрӯзҳо бахтёру саодатёр аст, ки ҳамсари шафиқу ду ҷигарбанди ширингуна дорад. Фазои осоиштаи хонавода бо дастгириҳои ҳамсари дилбандаш, ки устоди ин Донишгоҳи бонуфузи кишвар аст, тавониста, ба зинаҳои баланди касбӣ гом ниҳад ва дар рушди илми тоҷик ҳиссае аз худ боқӣ гузорад.
Бунафша РАҲМОНОВА