Фаъолияти Гулхоним пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ҳамчун китобдор дар ноҳияи Шуғнон шуруъ шуд. Олами китоби ин ҷо ва дӯстдорони он бо саъйи мутахассиси ҷавон боз ҳам рангинтар гардид. Чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ ва тарғиботӣ ба афзоиши шавқу завқ ба китобхонӣ ва сафи хонандагон мусоидат намуданду ин ҷо ба макони дӯстдоштаи донишварзон табдил ёфт.
Солҳои фаъолият дар раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят барои бонуи ташаббускор Гулхоним Юсуфова майдони сайқали маҳорату малакаи ташкилотчигӣ, роҳбарӣ ва донишу таҷриба гардид. Ширкати фаъол дар мусоидат намудан ба ҳалли мушкилоти иҷтимоии ҷавонон ва одоби баланди муошират боварро ба ӯ афзуданду ҷавонони зиёд дар симояш маслиҳатгари ғамхору меҳрубонро медиданд ва ба ӯ муроҷиат менамуданд.
Боре духтари зебочеҳраи ҷавоне вориди ҳуҷраи кории Гулхоним дар Кохи ҷавонон гардид. Чун сабаби муроҷиаташро пурсид, духтар изҳор дошт, ки бинобар пайдо карда натавонис¬тани ҷойи кор тасмим дорад, ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия равад. - Шумо ихтисос доред? Ба ин саволи мудири бахш духтар дипломи сурхи гирифтааш бо ихтисоси иқтисодчиро нишон дод.
- Хоҳарам, маълум аст, ки духтари доно ва соҳибғайратӣ. Пеш аз муҳоҷир шудан бароят як кор пешниҳод менамоям, бовар дорам аз уҳдааш мебароӣ. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бонувони ҳунарманди зиёд ҳастанд, ки дар тарғиб ва фурӯши маҳсулоти дастиашон ба ёрӣ ниёз доранд. Беҳтарин ва зеботарин маҳсулотро ҷамъ оварда, ба фурӯш гузор. Бовар дорам, агар ба кор дил бандӣ, чун мутахассиси соҳа дахлу харҷро дуруст ба роҳ монӣ, ҳам ба ҳунармандон ва ҳам ба худат аз ин фаъолият фоида мерасад.
Ҳамин тариқ дар Кохи ҷавонон маркази фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ бо номи «Лаёқат» ба фаъолият оғоз намуд. Марказ дар муддати кӯтоҳ ба макони серхаридори маҳсулоти ҳунармандон аз ҷониби меҳмонони дохилу хориҷи кишвар табдил ёфта, хоҳишмандон дар ин ҷо метавонистанд ҷуробу тоқӣ, рӯймол, куртаҳои занонаву мардонаи миллӣ, косаву табақи чӯбӣ, муҳраҳои аз сангҳои ороишии маҳал тайёршудаи ҳунармандони маҳаллиро дастрас намоянд. Духтаре, ки бо дипломи иқтисодчӣ дар дуроҳаи зиндагӣ ҳайрон монда буд, пас аз чанде дар ҷодаи соҳибкорӣ муваффақ гардиду азми муҳоҷирати меҳнатиро ба гӯшаи фаромӯшӣ гузошт ва вақте тӯйи арӯсиаш баргузор